Мико 5 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ПАНҶУМ Подшоҳи таваллудьёфта рад гардид. 1 Алҳол дар фавҷҳо саф бибанд, эй духтари қӯшун! Моро муҳосира кардаанд; бари рӯи довари Исроилро бо асо хоҳанд зад. 2 ва ту, эй Байт‐Лаҳми Эфрот, ки дар миёни хонаводаҳои Яхудо аз ҳама ҷавонтарӣ! Аз ту барои Ман Ҳокиме дар Исроил хоҳад баромад, ва баромади Ӯ аз қадим, аз айёми азал аст. 3 Бинобар ин Ӯ онҳоро то вақте ки зани ҳомила бизояд, таслим хоҳад кард; ва бақияи бародаронаш бо банӣ‐Исроил хоҳанд баргашт. Малакути ояндаи Худо. 4 Ва Ӯ хоҳад истод ва бо қудрати Худованд, бо кибриёи исми Худованд Худои Худ хоҳад чаронид, ва онҳо сокин хоҳанд шуд, зеро ки алҳол Ӯ то ақсои замин бузург хоҳад шуд. 5 Ва ин сулҳу осоиштагӣ хоҳад буд. Вақте ки Ашшур ба замини мо омада, қасрҳои моро поймол кунад, ҳафт чӯпон ва ҳашт ҳокими қавмро бар зидди вай хоҳем бархезонид. 6 Ва онҳо замини Ашшурро бо шамшер хоҳанд чаронид, ва замини Нимрӯдро — андаруни дарвозаҳои он; ва Ӯ аз Ашшур раҳоӣ хоҳад дод, вақте ки вай ба замини мо омада, ҳудуди моро поймол кунад. 7 Ва бақияи Яъқуб дар миёни қавмҳои бисьёр мисли шабнаме аз ҷониби Худованд, мисли борони фаровон бар алаф хоҳад буд, ва ба касе умедвор нахоҳад шуд, ва ба банӣ‐одам таваккал нахоҳад кард. 8 Ва бақияи Яъқуб дар миёни халқҳо, андаруни қавмҳои бисьёр мисли шере дар миёни ҳайвоноти ҷангал, мисли шери ҷавоне андаруни рамаҳои гӯсфандон хоҳад буд, ки он, агар бигзарад, поймол карда медарад, ва касе нест, ки раҳоӣ диҳад. 9 Дасти ту бар душманонат боло хоҳад шуд, ва ҳамаи адуёнат маҳв хоҳанд гардид. 10 «Ва дар он рӯз чунин воқеъ хоҳад шуд, мегӯяд Худованд, ки аспони туро аз андарунат маҳв, ва аробаҳои туро нест хоҳам кард; 11 Ва шаҳрҳои мамлакати туро маҳв, ва ҳамаи қалъаҳои туро валангор хоҳам кард; 12 Ва ҷодуҳоро аз дасти ту маҳв хоҳам кард, ва онҳое ки аз рӯи намуди абрҳо фол мегиранд, дигар дар ту нахоҳанд буд; 13 Ва санамҳо ва сутунҳои туро аз андаруни ту маҳв хоҳам кард; ва дигар ба амали дастҳои худ саҷда нахоҳӣ кард; 14 Ва бутҳои Ашераи туро аз андаруни ту барҳам хоҳам дод, ва шаҳрҳои туро нест хоҳам кард. 15 Ва бо хашм ва ғазаб аз халқҳое ки намешунаванд, интиқом хоҳам гирифт». |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden