Мико 4 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ЧОРУМ Малакути ояндаи Масеҳ: а) ҳамаро фаро мегирад, яъне умумиҷаҳонист. 1 Ва дар айёми охир чунин воқеъ хоҳад шуд, ки кӯҳи хонаи Худованд бар сари кӯҳҳо барқарор хоҳад гардид, ва аз пуштаҳо баланд хоҳад шуд, ва қавмҳо сӯи он равона хоҳанд шуд. 2 Ва халқҳои бисьёр роҳсипор шуда, хоҳанд гуфт: «Биёед, ба кӯҳи Худованд, ва ба хонаи Худои Яъқуб бароем, то ки Ӯ тариқҳои Худро ба мо таълим диҳад, ва мо бо роҳҳои Ӯ равона шавем». Зеро ки шариат аз Сион, ва каломи Худованд аз Ерусалим хоҳад баромад. б) бар сулҳу осоиштагӣ асос меёбад. 3 Ва Ӯ дар миёни қавмҳои бисьёр доварӣ хоҳад кард, ва ихтилофоти байни халқҳои азимро то ақсои дурдаст ҳал хоҳад намуд; ва онҳо шамшерҳои худро барои позаҳо, ва найзаҳои худро барои досколаҳо хоҳанд шикаст; ва халқе бар халқе шамшер нахоҳад кашид, ва ҷангро дигар таълим нахоҳанд гирифт. в) ба хама осудаҳолиро ваъда мекунад. 4 Ва ҳар яке зери токи худ ва зери дарахти анҷири худ хоҳанд нишаст, ва касе онҳоро нахоҳад тарсонид, зеро ки даҳони Худованди лашкарҳо инро гуфтааст. 5 Зеро ки ҳамаи қавмҳо ҳар яке ба исми худои худ равона мешаванд, вале мо ба исми Худованд Худои худ то абад равона хоҳем шуд. г) Исроил муттаҳид мешавад. 6 «Дар он рӯз, мегӯяд Худованд, лангонро ҷамъ хоҳам кард, ва рондашудагонро фароҳам хоҳам овард, ва онҳоеро низ, ки ба сарашон мусибат овардаам. 7 Ва лангонро бақия, ва дуршудагонро халқи азим хоҳам гардонид; ва Худованд дар кӯҳи Сион бар онҳо аз ҳоло то абад подшоҳӣ хоҳад кард». 8 Ва ту, эй бурҷи рама, эй пуштаи духтари Сион! Салтанати аввала назди ту хоҳад баргашт, ва подшоҳӣ аз они духтари Ерусалим хоҳад шуд. Таъхири он ба сабаби асирии Бобил. 9 Пас чаро ту ҳоло чунин фарьёд мезанӣ? Оё дар ту подшоҳ нест? Оё машваратчии ту нобуд шудааст, ки дард туро мисли зане ки мезояд, фаро гирифтааст? 10 Аз дард мисли зане ки мезояд, азият каш ва печутоб хӯр, эй духтари Сион, зеро ки алҳол аз шаҳр берун рафта, дар саҳро сокин хоҳӣ шуд, ва ба Бобил омада, дар он ҷо раҳоӣ хоҳӣ ёфт: дар он ҷо Худованд туро аз дасти душманонат халосӣ хоҳад дод. 11 Ва алҳол халқҳои бисьёр бар зидди ту ҷамъ омада, мегӯянд: «Сион палид хоҳад шуд, ва чашмони мо инро хоҳад дид!» 12 Вале онҳо фикрҳои Худовандро намедонанд, ва рои Ӯро намефаҳманд, зеро ки Ӯ онҳоро мисли бандҳо дар хирмангоҳ ҷамъ кардааст. 13 Бархез ва поймол кун, эй духтари Сион! Зеро ки Ман шохатро оҳанин, ва сумҳоятро мисин хоҳам гардонид, ва ту қавмҳои бисьёрро торумор хоҳӣ кард, ва ғанимати онҳоро барои Худованд, ва сарвати онҳоро барои Молики тамоми замин вақф хоҳӣ кард. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden