Мико 3 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ СЕЮМ Доварии оянда бар сарварони қавм. 1 Ва ман гуфтам: бишнавед, эй сарварони Яъқуб ва доварони хонадони Исроил! Шумо, охир, вазифадор ҳастед, ки адлу инсофро бидонед. 2 Аммо шумо аз некӣ нафрат мекунед ва бадиро дӯст медоред; пӯсти онҳоро аз баданашон ва гӯшти онҳоро аз устухонҳошон меканед. 3 Ҳамон касоне ҳастед, ки гӯшти қавми Маро хӯрдаанд, ва пӯсти онҳоро аз баданашон кандаанд, ва устухонҳои онҳоро шикастаанд, ва гӯё ки ба дег меандохта бошанд, яъне мисли гӯште ки андаруни потила мепазанд, порапора кардаанд. 4 Он гоҳ сӯи Худованд истиғоса хоҳанд бурд, вале Ӯ онҳоро иҷобат нахоҳад кард, ва рӯи Худро дар он замон аз онҳо хоҳад пӯшонид, чунки ба аъмоли бад дода шудаанд. 5 Худованд дар бораи анбиёе ки қавми маро дар иштибоҳ меандозанд, яъне вақте ки бо дандонҳои худ чизе мехоянд, — сулҳу осоиштагиро мехонанд, вале вақте ки касе ба даҳони онҳо чизе намегузорад, — бар зидди вай ҷанг эълон мекунанд, чунин мегӯяд: 6 «Бинобар ин шаб барои шумо ба ҷои рӯъё, ва торикӣ барои шумо ба ҷои фолгирӣ хоҳад буд; ва офтоб бар анбиё ғуруб хоҳад кард, ва рӯз барояшон торик хоҳад шуд. 7 Ва пешгӯйҳо расво, ва фолгирҳо хиҷил гардида, ҳамаашон ришу мӯйлаби худро хоҳанд пӯшонид, чунки аз ҷониби Худованд ҷавобе нахоҳад буд». 8 Валекин ман ба воситаи Рӯҳи Худованд аз қувват ва инсоф ва мардонагӣ пур шудаам, то ки ба Яъқуб дар бораи ҷинояташ ва ба Исроил дар бораи гуноҳаш сухан ронам. 9 Пас инро бишнавед, эй сарварони хонадони Яъқуб ва эй доварони хонадони Исроил, ки аз инсоф нафрат доред ва ҳар чизи ростро каҷ мекунед, 10 Сионро бо хун ва Ерусалимро бо ноинсофӣ бино мекунед! 11 Сарваронаш ба бадали ришва доварӣ менамоянд, ва коҳинонаш ба бадали музд таълим медиҳанд, ва анбиёяш ба бадали нуқра фол мегиранд, ва ба Худованд таваккал намуда, мегӯянд: «Худованд, охир, андаруни мост, — мусибате бар мо нахоҳад омад!» 12 Бинобар ин, аз боиси шумо, Сион мисли саҳро шудгор хоҳад шуд, ва Ерусалим ба харобазор, ва кӯҳи Хона ба баландиҳои ҷангалзор мубаддал хоҳад гардид. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden