Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Мико 2 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ДУЮМ Худованд ба Исроил зид шудааст.

1 Вой ба ҳоли онҳое ки бар бистарҳои худ хабосат меандешанд ва ниятҳои бад доранд, ва ҳамин ки рӯшноии саҳарӣ фаро расад, онро ба амал меоваранд, чунки кувват дар дасти онҳост.

2 Ва чун саҳроҳоро тамаъ кунанд, — зер карда мегиранд, ва хонаҳоро тамаъ кунанд, — бо зӯрӣ тасарруф менамоянд; ва дар ҳаққи марде ва хонаи вай, ва шахсе ва мероси вай ситам мекунанд.

3 Бинобар ин Худованд чунин мегӯяд: «Инак, Ман бар зидди ин қабила мусибате меандешам, ки шумо гардани худро аз он натавонед берун овард, ва қомат рост карда мағрурона роҳ нахоҳед рафт, зеро ки ин замони мусибат аст.

4 Дар он рӯз дар ҳаққи шумо масале ба забон хоҳанд ронд, ва зор‐зор гириста навҳа хоҳанд кард, ва хоҳанд гуфт: „Мо тамоман тороҷ гардидаем; насибаи қавми ман бадал шудааст. Чӣ гуна маро аз он дур мекунад?! Саҳроҳои моро ба шарирон тақсим карда медиҳад“.

5 Бинобар ин барои ту касе нахоҳад буд, ки дар ҷамоати Худованд қуръа барои андоза кардан партояд.

6 „Нубувват накунед!“ Нубувват мекунанд: „Ба инҳо нубувват накунанд, расвоиҳо дур нахоҳад шуд“.

7 Эй, ки номат хонадони Яъқуб аст! Оё Рӯҳи Худованд ношикеб гардидааст? Оё инҳо аъмоли Ӯст? Суханони Ман, охир, ба ҳар касе ки бо роҳи рост равон аст, некӣ меоварад.

8 Ва онҳое ки дирӯз қавми Ман ба шумор мерафтанд, алҳол ҳамчун душман қиём кардаанд; шумо аз китфи роҳгузаре курта ва ҷомаро кашида мегиред; касонеро, ки оромона мегузаранд, тавре ба қалам медиҳед, ки гӯё аз ҷанг гашта омада бошанд.

9 Занони қавми Маро аз хонаҳои дилписандашон бадар меронед; аз кӯдакони онҳо зинати Маро ба сурати абадӣ мегиред.

10 Бархезед ва биравед, зеро ки ин ҷо оромгоҳи шумо нест; ба сабаби палид шуданаш он шуморо ба ҳалокат хоҳад расонид, ва ин ҳалокати сахте хохад буд.

11 Агар шахси бодии дурӯғгӯе козибона мегуфт: „Барои ту дар бораи шароб ва арақ нубувват хоҳам кард“, — вай набии дилхоҳе барои ин қавм мебуд.


Ваъда ба бақия.

12 Тамоми туро, эй Яъқуб, ҷамъ хоҳам кард, бақияи Исроилро фароҳам хоҳам овард, онҳоро мисли гӯсфандони дохили қӯра якҷоя хоҳам гузошт; онҳо мисли рамае ки андаруни чарогоҳаш бошад, аз бисьёрии одамон ғалоғула хоҳанд бардошт.

13 Рахнакунанда пешопеши онҳо баромад; онҳо низ рахна карда, гузаштанд, дарвозаро рахна карда, аз он берун омаданд; ва подшоҳашон пешопеши онҳо гузашта рафт, ва Худованд — дар сари онҳо».

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan