Матто* 9 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ НӮҲУМ Исо ба Кафарнаҳум бармегардад ва мафлуҷро шифо медиҳад. 1 Пас ба қаиқ савор шуда, убур кард ва ба шаҳри Худ омад. 2 Ва инак, мафлуҷеро, ки бар бистар хобида буд, назди Ӯ оварданд. Чун Исо имони онхоро дид, ба мафлуҷ гуфт: «Далер бош, эй фарзанд! Гуноҳҳои ту омурзида шуд». 3 Дар айни ҳол баъзе аз китобдонон дар дили ҳуд гуфтанд: «Ӯ куфр мегӯяд». 4 Лекин Исо андешаҳои онҳоро пай бурда, гуфт: «Барои чӣ дар дили худ андешаҳои бад доред? 5 Зеро кадомаш осонтар аст: гуфтани ин ки „гуноҳҳои ту омурзида шуд“, ё гуфтани он ки „бархез ва равона шав“? 6 Лекин то бидонед, ки Писари Одам дар рӯи замин қудрати омурзидани гуноҳҳоро дорад», — он гоҳ ба мафлуҷ гуфт: «Бархез, бистари худро бардор ва ба хонаи худ равона шав». 7 Дарҳол бархоста, ба хонаи худ равона шуд. 8 Чун мардум инро диданд, ҳайрон шуданд ва Худоро, ки ба одамизод чунин қудрате бахшидааст, ҳамду сано хонданд. Даъват кардани Матто. 9 Ва Исо аз он ҷо гузашта, Матто ном шахсеро дид, ки дар боҷгох нишаста буд, ва ба вай гуфт: «Аз паи Ман биё». Вай бархоста, аз паи Ӯ равона шуд. Исо бо боҷгирон ва гуноҳкорон хӯрок мехӯрад. 10 Ва ҳангоме ки Исо дар хона дар сари суфра нишаста буд, бисьёре аз боҷгирон ва гуноҳкорон низ омада, бо Ӯ ва шогирдонаш дар сари суфра нишастанд. 11 Чун фарисиён инро диданд, ба шогирдони Ӯ гуфтанд: «Чаро Устоди шумо бо боҷгирон ва гуноҳкорон хӯрок мехӯрад?» 12 Исо чун шунид, ба онҳо гуфт: «На тандурустон, балки беморон ба табиб ҳоҷат доранд; 13 Ва шумо биравед ва маънои ин суҳанро биомӯзед: „Марҳамат мехоҳам, на қурбонӣ“; зеро Ман омадаам, ки на одилонро, балки гуноҳкоронро ба тавба даъват кунам». Масъалаи рӯзадорӣ. 14 Шогирдони Яҳьё назди Ӯ омада, гуфтанд: «Чаро мо ва фарисиён бисьёр рӯза медорем, лекин шогирдони Ту рӯза намедоранд?» 15 Исо ба онҳо гуфт: «Оё аҳли кӯшки никоҳ, модоме ки домод бо онҳост, мотам дошта метавонанд? Лекин айёме хоҳад расид, ки домод аз онҳо гирифта шавад, ва он гоҳ рӯза хоҳанд дошт. Масалҳо дар бораи ҷома ва машк. 16 Ва ҳеҷ кас бар ҷомаи кӯҳна аз матои нав ямоқ намемонад; зеро ямоқи нав аз ҷома ҷудо шуда, ҷои даридаи он боз ҳам бадтар мешавад. 17 Ва шароби навро дар машки кӯҳна намеандозанд; вагар на машк дарида, шароб ҳам мерезад, машк ҳам талаф мешавад; балки шароби навро дар машки нав меандозанд, ва ҳар ду маҳфуз мемонад». Исо зани беморро шифо медиҳад ва духтари Ёирро зинда мекунад. 18 Ханӯз ин суханонро Ӯ ба онҳо мегуфт, ки сардоре омада, пеши Ӯ зону зад ва гуфт: «Духтари ман ҳозир мурд; лекин биё ва дасти Худро бар вай бигузор, ва зинда хоҳад шуд». 19 Исо бархоста, бо шогирдонаш аз паи вай равона шуд. 20 Ва инак, зане ки дувоздаҳ сол боз гирифтори хунравӣ буд, аз қафо наздик шуда, домани Ӯро ламс намуд. 21 Зеро ки ба дили худ гуфт: «Агар маҳз либоси Ӯро ламс кунам, шифо меёбам». 22 Исо ба қафо нигоҳ карда, занро дид ва гуфт: «Далер бош, эй духтар! Имонат туро шифо бахшид». Ҳамон соат зан шифо ёфт. 23 Ва ҳангоме ки Исо ба хонаи сардор омада, найнавозон ва мардуми навҳакунандаро дид, 24 Ба онҳо гуфт: «Аз ин ҷо бароед; зеро ки духтар намурдааст, балки хуфтааст». Онҳо бар Ӯ хандиданд. 25 Чун мардум берун рафтанд, Ӯ даромада, дасти вайро гирифт, ва духтар бархост. 26 Ва овозаи ин дар тамоми он сарзамин паҳн шуд. Шифо ёфтани ду кӯр ва девонаи гунг. 27 Вақте ки Исо аз он ҷо мерафт, ду кӯр аз паи Ӯ рафта, фарьёд мезаданд: «Эй Писари Довуд! Ба мо марҳамат кун». 28 Ва чун ба хона расид, кӯрон назди Ӯ даромаданд. Исо ба онҳо гуфт: «Оё имон доред, ки Ман ин корро карда метавонам?» Онҳо ба Ӯ гуфтанд: «Оре, Худовандо!» 29 Он гоҳ чашмони онҳоро ламс карда, гуфт: «Мувофиқи имонатон ба шумо бишавад». 30 Ва чашмони онҳо кушода шуд. Ва Исо онҳоро таъкид карда, гуфт: «Зинҳор, касе аз ин огоҳӣ наёбад». 31 Лекин онҳо берун рафта, овозаи Ӯро дар тамоми он сарзамин паҳн карданд. 32 Ва ҳангоме ки онҳо берун мерафтанд, касеро назди Ӯ оварданд, ки девонаи гунг буд. 33 Ва чун дев берун карда шуд, гунг ба гап даромад. Ва мардум дар ҳайрат монда, гуфтанд: «Чунин ҳодиса дар Исроил ҳаргиз дида нашудааст». 34 Лекин фарисиён гуфтанд: «Ӯ девҳоро ба воситаи калони девҳо берун мекунад». Илтимос дар бораи коргарон дар Малакути Худо. 35 Ва Исо дар ҳамаи шаҳрҳо ва деҳот гашта, дар куништҳои онҳо таълим медод, Инҷили Малакутро мавъиза мекард ва ҳар беморӣ ва заъфи мардумро шифо медод. 36 Ва анбӯҳи мардумро дида, ба онҳо раҳмаш омад, зеро онҳо мисли гӯсфандони бе чӯпон бемадор ва пароканда буданд. 37 Он гоҳ ба шогирдони Худ гуфт: «Дарав бисьёр аст, лекин коргарон кам; 38 Пас, шумо аз Соҳиби дарав илтимос кунед, ки ба дарави Худ коргар фиристонад». |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden