Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Матто* 8 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ҲАШТУМ Шифо ёфтани махавӣ.

1 Вақте ки Ӯ аз кӯҳ фуромад, мардуми бисьёре аз паи Ӯ равона шуданд.

2 Ва инак, махавие наздик омада, назди Ӯ зону зад ва гуфт: «Худовандо! Агар хоҳӣ, метавонӣ маро пок кунӣ».

3 Ва Исо дасти Худро дароз карда, вайро ламс намуд ва гуфт: «Меҳоҳам, пок шав». Ва дарҳол вай аз махав пок шуд.

4 Ва Исо ба вай гуфт: «Зинҳор, ба касе магӯ; балки рафта, худро ба коҳин нишон деҳ ва он ҳадияро, ки Мусо фармудааст, тақдим кун, то ба онҳо шаҳодате гардад».


Шифо ёфтани хизматгори мирисади Кафарнаҳум.

5 Чун Исо вориди Кафарнаҳум шуд, мирисаде назди Ӯ омад ва илтимос карда, гуфт:

6 «Худовандо! Хизматгори ман гирифтори фалаҷ шуда, дар ҳона хобидааст ва азоби сахте дорад».

7 Исо ба вай гуфт: «Ман омада, ӯро шифо хоҳам дод».

8 Мирисад дар ҷавоб гуфт: «Худовандо! Ман лоики он нестам, ки Ту зери сақфи ман биёӣ; балки фақат сухане бигӯ, ва хизматгори ман шифо хоҳад ёфт;

9 Зеро ки ман як фармонбар ҳастам, ва дар зери итоати худ низ сарбозонро дорам; ба яке мегӯям: „Бирав“, меравад; ба дигаре мегӯям: „Биё“, меояд; ба ғуломи худ мегӯям: „Фалон корро бикун“, мекунад».

10 Ва Исо ин суҳанонро шунида, дар тааҷҷуб монд ва ба пайравони Худ гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям: чунин имоне дар Исроил ҳам наёфтаам.

11 Ва ба шумо мегӯям, ки бисьёр касон аз шарқ ва ғарб омада, дар Малакути Осмон бо Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб хоҳанд нишаст;

12 Лекин фарзандони малакут ба зулмоти берун бадар ронда хоҳанд шуд: дар он ҷо гирья ва ғиҷирроси дандон ҳоҳад буд».

13 Ва Исо ба мирисад гуфт: «Бирав, мувофиқи имонат ба ту ато шавад». Ва ҳамон соат хизматгори ӯ шифо ёфт.


Исо модарарӯси Петрусро шифо медиҳад.

14 Вақте ки Исо ба хонаи Петрус омад, модарарӯси ӯро дид, ки дар ҳолати табларза хобидааст,

15 Ва дасти ӯро ламс кард, ва табларзаи ӯ қатъ шуд; ва ӯ бархоста, ба парастории онҳо машғул гашт.

16 Чун шом шуд, бисьёр девонагонро назди Ӯ оварданд, ва Ӯ бо сухане арвоҳро берун кард ва ҳамаи беморонро шифо дод,

17 То ба амал ояд каломе ки бо забони Ишаъёи набӣ гуфта шудааст: «Ӯ заъфҳои моро гирифт ва бемориҳои моро бардошт».

18 Чун Исо мардуми бисьёрро дар гирди Худ дид, фармуд, ки ба соҳили дигар гузаранд.


Пайравӣ ба Исо.

19 Он гоҳ як китобдон назди Ӯ омада, гуфт: «Устод! Ҳар ҷо равӣ, Туро пайравӣ хоҳам кард».

20 Исо ба вай гуфт: «Рӯбоҳон лона ва мурғони ҳаво ошьёна доранд; лекин Писари Одам ҷое надорад, ки сар ниҳад».

21 Ва дигаре аз шогирдонаш ба Ӯ гуфт: «Худовандо! Ба ман иҷозат деҳ, ки рафта, аввал падари худро дафн кунам».

22 Лекин Исо ба вай гуфт: «Маро пайравӣ кун ва бигзор, ки мурдагон мурдагони худро дафн кунанд».


Исо мавҷҳоро ором мекунад.

23 Чун ба қаиқ савор шуд, шогирдонаш бо Ӯ ҳамроҳӣ карданд.

24 Ногоҳ ғалаёни бузурге дар баҳр ба амал омад, то ба ҳадде ки мавҷҳо қаиқро фаро мегирифтанд; ва Ӯ хуфта буд.

25 Шогирдонаш пеш омада, Ӯро бедор карданд ва гуфтанд: «Худовандо! Моро наҷот деҳ, ки ҳалок мешавем».

26 Ба онҳо гуфт: «Эй сустимонҳо, чаро ҳаросонед?» Баъд бархоста, бодҳо ва баҳрро манъ кард, ва оромии комил барқарор шуд.

27 Ва мардум дар тааҷҷуб монда, гуфтанд: «Ин кист, ки бодҳо ва баҳр низ ба Ӯ итоат мекунанд?»


Исо девҳоро берун мекунад.

28 Ва чун дар соҳили дигар ба сарзамини ҷарҷасиён расид, ду девона аз мағоки гӯрҳо берун омада, ба Ӯ рӯ ба рӯ шуданд, ва чунон бадхашм буданд, ки ҳеҷ кас ҷуръат надошт аз он роҳ бигзарад.

29 Ва инак, онҳо фарьёд зада, гуфтанд: «Туро бо мо чӣ кор аст, эй Исо, Писари Худо? Ту ба ин ҷо омадаӣ, то ки моро пеш аз вақт азоб диҳӣ!»

30 Ва дар ҷои аз онҳо дуртаре галаи бузурги хукон мечарид.

31 Ва девҳо аз Ӯ илтимос карда, гуфтанд: «Агар моро берун кунӣ, ба галаи хукон моро равона кун».

32 Ба онҳо гуфт: «Биравед». Ва онҳо берун шуда, ба галаи хукон даромаданд. Ва инак, тамоми галаи хукон аз баландӣ ба баҳр ҷаста, дар об ғарқ шуд.

33 Ва хукбонҳо давида рафтанд ва ба шаҳр расида, тамоми ҳодисаро, низ он чиро, ки ба девонагон рӯй дод, нақл карданд.

34 Ва инак, тамоми аҳли шаҳр ба пешвози Исо берун омаданд ва чун Ӯро диданд, илтимос карданд, ки аз ҳудуди онҳо берун равад.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan