Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Матто* 6 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ШАШУМ Давоми мавъизаи болои кӯҳ. Маҳкум кардани намуди зоҳирӣ дар дин.

1 «Зинҳор, садақаи худро дар пеши назари мардум ба амал наоваред, то ки онҳо шуморо бубинанд; вагар на шумо аз Падари худ, ки дар осмон аст, мукофоте нахоҳед дошт.

2 Пас, вақте ки садақае медиҳӣ, пешопеши худ карнай нанавоз, чунон ки риёкорон дар куништҳо ва кӯчаҳо мекунанд, то ки мардум онҳоро таъриф кунанд. Ба ростӣ ба шумо мегӯям: онҳо мукофоти худро гирифтаанд.

3 Аммо вақте ки ту садақа медиҳӣ, бигзор дасти чапат аз он чи дасти ростат мекунад, хабардор нашавад,

4 То ки садақаи ту дар ниҳон бошад; ва Падари ту, ки ниҳонбин аст, ба ту ошкоро мукофот хоҳад дод.

5 Ва ҳангоме ки дуо мегӯӣ, монанди риёкорон набош, ки онҳо дӯст медоранд дар куништҳо ва бурчакҳои кӯчаҳо истода дуо гӯянд, то ки ба мардум худро нишон диҳанд. Ба ростӣ ба шумо мегӯям: онҳо мукофоти ҳудро гирифтаанд.

6 Лекин ту, вақте ки мехоҳӣ дуо гӯӣ, ба ҳуҷраи ҳуд даро ва дарро баста, ба Падари худ, ки ниҳон аст, дуо гӯй; ва Падари ту, ки ниҳонбин аст, ба ту ошкоро мукофот ҳоҳад дод.

7 Ва дар вақти дуо чун халқҳо пургӯӣ накунед; зеро онҳо гумон мекунанд, ки ба туфайли пургӯӣ дуояшон мустаҷоб мешавад;


Муносибати нав ба дуо.

8 Монанди онҳо набошед; зеро Падари шумо тамоми эҳтиёҷоти шуморо, пеш аз он ки талаб кунед, медонад.

9 Пас ба ин мазмун дуо гӯед: „Эй Падари мо, ки дар осмонӣ! исми Ту муқаддас бод;

10 Малакути Ту биёяд; иродаи Ту, чунон ки дар осмон аст, дар замин ҳам ба амал ояд;

11 Ризқу рӯзии моро имрӯз ба мо бидеҳ;

12 Ва қарзҳои моро бибахш, чунон ки мо низ ба қарздорони ҳуд мебаҳшем;

13 Ва моро ба озмоиш дучор накун, балки моро аз иблис раҳоӣ деҳ; зеро ки Малакут ва қувват ва ҷалол то абад аз они Туст. Омин“.

14 Зеро, агар шумо ба мардум ҳатоҳошонро бибаҳшед, Падари шумо, ки дар осмон аст, ба шумо низ ҳоҳад бахшид;

15 Ва агар шумо ба мардум набахшед, Падари шумо низ ҳатоҳои шуморо ба шумо нахоҳад бахшид.


Дар бораи рӯзадорӣ.

16 Ҳамчунин, ҳангоме ки рӯза медоред, монанди риёкорон туршрӯ набошед; зеро ки онҳо қиёфаи ҳудро дигаргун мекунанд, то ки рӯзадории худро ба мардум нишон диҳанд. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки онҳо мукофоти худро гирифтаанд.

17 Лекин ту, вақте ки рӯза медорӣ, ба сари ҳуд равған бимол ва рӯи худро бишӯй,

18 То ки на дар назари мардум, балки дар ҳузури Падари ҳуд, ки ниҳон аст, рӯзадор бошӣ; ва Падари ту, ки ниҳонбин аст, ба ту ошкоро мукофот ҳоҳад дод.


Қонуни Малакут дар хусуси сарват.

19 Дар рӯи замин барои худ ганҷҳо ғун накунед, ки дар ин ҷо куя ва занг мезанад, ва дуздон нақб канда, медузданд;

20 Балки барои ҳуд ганҷҳо дар осмон ғун кунед, ки дар он ҷо куя ва занг намезанад, ва дуздон нақб намекананд ва намедузданд;

21 Зеро ҳар ҷо, ки ганҷи шумост, дили шумо низ дар он ҷо ҳоҳад буд.

22 Чароғи бадан чашм аст. Ва агар чашмат солим бошад, тамоми баданат равшан ҳоҳад буд;

23 Лекин агар чашми ту ҳира бошад, тамоми баданат торик ҳоҳад буд. Пас, агар нуре ки дар туст, зулмот бошад, чӣ гуна азимест он зулмот!

24 Ҳеҷ кас ба ду оғо хизмат карда наметавонад: зеро ки ё аз яке нафрат карда, дигареро дӯст хоҳад дошт, ё ба яке часпида, дигареро хор хоҳад дид. Шумо наметавонед ба Худо ва ба мамуно хизмат кунед.


Восита ба муқобили ғамхориҳо — умедворӣ ба Падаре ки дар осмон аст.

25 Бинобар ин ба шумо мегӯям: барои ҳаёти худ ғамхорӣ накунед, ки чӣ бихӯред ва чӣ бинӯшед; низ барои ҷисми худ, ки чӣ бипӯшед. Оё ҳаёт аз хӯрок ва ҷисм аз пӯшок муҳимтар нест?

26 Ба мурғони ҳаво нигоҳ кунед, ки на мекоранд ва на медараванд ва на дар анборҳо захира мекунанд; ва Падари шумо, ки дар осмон аст, ба онҳо рӯзӣ мерасонад. Оё шумо аз онҳо хеле беҳтар нестед?

27 Ва кист аз шумо, ки бо ғамҳории худ қоматашро як зироъ баланд карда тавонад?

28 Ва барои либос чаро ғамхорӣ мекунед? Ба савсанҳои саҳро назар кунед, ки чӣ гуна нашъунамо меёбанд: на меҳнат мекунанд ва на мересанд;

29 Лекин ба шумо мегӯям, ки Сулаймон ҳам бо тамоми ҷалоли худ чун яке аз онҳо либос напӯшидааст;

30 Пас агар Худо алафи саҳроро, ки имрӯз ҳасту фардо ба танӯр андохта мешавад, чунин бипӯшонад, магар шуморо, эй сустимонҳо, аз он беҳтар пӯшонда наметавонад!

31 Аз ин рӯ ғамхорӣ накунед ва нагӯед: „Чӣ бихӯрем?“ ё: „Чӣ бинӯшем?“ ё: „Чӣ бипӯшем?“

32 Чунки халқҳо дар ҷустуҷӯи ҳамаи ин чизҳо мебошанд, лекин Падари шумо, ки дар осмон аст, медонад, ки шумо ба ҳамаи ин чизҳо эҳтиёҷ доред.

33 Аммо аввал Малакути Худо ва адолати Ӯро биҷӯед, ва ҳамаи ин чизҳо ба шумо ба таври илова дода хоҳад шуд.

34 Пас, барои фардо ғамхорӣ накунед, зеро ки фардо барои худ ғамхорӣ хоҳад кард: заҳмати имрӯз барои имрӯз кофист.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan