Матто* 4 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ЧОРУМ Озмоиши Исо. 1 Он гоҳ Рӯҳ Исоро ба биёбон бурд, то ки Ӯро иблис биозмояд, 2 Ва чил шабонарӯз рӯза дошта, ниҳоят гурусна монд. 3 Ва озмоишкунанда назди Ӯ омада, гуфт: «Агар Ту Писари Худо бошӣ, ба ин сангҳо бигӯй, ки нон шаванд». 4 Дар ҷавоб гуфт: «Навишта шудааст, ки „одамизод на танҳо бо нон зиндагӣ мекунад, балки бо ҳар калимае ки аз даҳони Худо барояд“». 5 Пас иблис Ӯро ба шаҳри муқаддас гирифта бурд ва бар кунгураи маъбад гузошт, 6 Ва ба Ӯ гуфт: «Агар Ту Писари Худо бошӣ, Худро ба зер андоз; зеро ки навишта шудааст: „Ба фариштагони Худ дар бораи Ту амр ҳоҳад дод, ва Туро бар кафҳои худ бардошта хоҳанд бурд, ки мабодо пои Худро ба санге бизанӣ“». 7 Исо ба вай гуфт: «Ҳамчунин навишта шудааст: „Худованд Худои худро наозмой“». 8 Боз иблис Ӯро ба кӯҳи бисьёр баланде бардошта бурд ва ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон ва ҷалоли онҳоро ба Ӯ нишон дод, 9 Ва ба Ӯ гуфт: «Агар рӯй ба замин ниҳода, ба ман саҷда кунӣ, ҳамаи онҳоро ба Ту медиҳам». 10 Он гоҳ Исо ба вай гуфт: «Аз Ман дур шав, эй шайтон; зеро ки навишта шудааст: „Ба Худованд Худои худ саҷда кун ва танҳо Ӯро ибодат намо“». 11 Пас иблис Ӯро вогузошт, — ва инак, фариштагон омада, Ӯро парасторӣ карданд. Исо ба Кафарнаҳум омада, ба хизматгузории ҷамъиятӣ шурӯъ менамояд. 12 Чун Исо шунид, ки Яҳьё дастгир шудааст, ба Ҷалил равона шуд. 13 Ва Носираро тарк карда, дар Кафарнаҳум, ки дар канори баҳр аст, дар ҳудуди Забулун ва Нафтолӣ маскан гирифт, 14 То ба амал ояд каломе ки бо забони Ишаъёи набӣ гуфта шудааст: 15 «Замини Забулун ва замини Нафтолӣ, дар роҳи канори баҳр, он тарафи Урдун, Ҷалили халқҳо, 16 Қавме ки дар торикӣ мезистанд, нури азиме диданд, ва бар онҳое ки дар кишвари марг ва сояи он менишастанд, нуре дурахшид». 17 Аз ҳамон вақт Исо ба мавъиза оғоз намуд ва гуфт: «Тавба кунед, зеро ки Малакути Осмон наздик аст». Ба хизматгузорӣ даъват кардани Петрус ва Андриёс. 18 Ва чун аз канори баҳри Ҷалил мегузашт, ду бародарро: Шимъӯнро, ки Петрус меномиданд, ва бародари ӯ Андриёсро дид, ки дар баҳр тӯр меандохтанд; зеро ки сайёди моҳӣ буданд; 19 Ва ба онҳо гуфт: «Маро пайравӣ кунед, ва Ман шуморо сайёди мардум гардонам». 20 Дарҳол онҳо тӯрҳои худро монда, аз паи Ӯ равона шуданд. Даъват кардани Яъқуб ва Юҳанно. Фаъолияти Исо дар тамоми Ҷалил. 21 Чун аз он ҷо гузашт, ду бародари дигарро, Яъқуб ибни Забдой ва бародари вай Юҳанноро дид, ки дар қаиқ бо падари худ Забдой тӯрҳои худро таъмир мекарданд, ва онҳоро даъват намуд. 22 Ва онҳо дарҳол қаиқ ва падари худро гузошта, аз паи Ӯ равона шуданд. 23 Ва Исо дар тамоми Ҷалил мегашт ва дар куништҳои онҳо таълим дода, Инҷили Малакутро мавъиза мекард ва ҳар беморӣ ва ҳар дарди мардумро шифо мебахшид. 24 Ва овозаи Ӯ дар тамоми Сурия паҳн шуд; ва ҳамаи беморонро, ки ба дарду касалиҳои гуногун гирифтор буданд, ҳам девонагон, ҳам масрӯон ва ҳам мафлуҷонро назди Ӯ меоварданд, ва Ӯ онҳоро шифо мебахшид. 25 Ва мардуми бисьёре аз Ҷалил, Декаполис, Ерусалим, Яҳудо ва он тарафи Урдун аз паи Ӯ равона буданд. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden