Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Матто* 3 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ СЕЮМ Хизматгузории Яҳьёи Таъмиддиҳанда; шаҳодати ӯ дар бораи Исо.

1 Дар он айём Яҳьёи Таъмиддиҳанда зоҳир шуда, дар биёбони Яҳудо мавъиза мекард,

2 Ва мегуфт: «Тавба кунед, зеро ки Малакути Осмон наздик аст».

3 Зеро ӯ ҳамон аст, ки Ишаъёи набӣ аз ӯ хабар дода, гуфтааст: «Овози нидокунандае дар биёбон: „роҳи Худовандро тайёр кунед, тариқи Ӯро рост кунед“».

4 Ва ин Яҳьё либосе аз пашми шутур дар бар ва камарбанде аз чарм дар камар дошт; ва хӯроки ӯ малах ва асали ёбоӣ буд.

5 Он вақт аҳли Ерусалим ва тамоми Яҳудо ва музофоти Урдун назди ӯ берун меомаданд,

6 Ва ба гуноҳҳои худ иқрор шуда, дар рӯди Урдун таъмид меёфтанд.

7 Чун бисьёре аз фарисиён ва саддуқиёнро дид, ки назди ӯ барои таъмид меоянд, ба онҳо гуфт: «Эй афъизодагон! Кӣ ба шумо талқин кард, ки аз ғазаби оянда бигрезед?

8 Акнун самаре оваред, ки сазовори тавба бошад,

9 Ва дар дили худ нагӯед, ки „падари мо Иброҳим аст“; зеро ба шумо мегӯям, ки Худо қодир аст аз ин сангҳо барои Иброҳим фарзандон ба вуҷуд оварад;

10 Ва алҳол теша бар решаи дарахтон гузошта шудааст: ҳар дарахте ки меваи нағз надиҳад, бурида ва дар оташ андохта хоҳад шуд;

11 Ман шуморо бо об барои тавба таъмид медиҳам, лекин Он ки пас аз ман меояд, аз ман тавонотар аст; ман сазовори он нестам, ки пойафзоли Ӯро бардорам; Ӯ шуморо бо Рӯҳулқудс ва оташ таъмид ҳоҳад дод;

12 Ӯ ғалбери Худро дар даст дорад, ва Ӯ хирмангоҳи Худро тоза карда, гандуми Худро дар анбор гирд хоҳад овард, лекин коҳро дар оташи ҳомӯшнашаванда ҳоҳад сӯзонд».


Таъмиди Исо.

13 Он гоҳ Исо аз Ҷалил ба Урдун назди Яҳьё омад, то ки аз вай таъмид ёбад.

14 Лекин Яҳьё Ӯро боздошта, гуфт: «Маро лозим аст, ки аз Ту таъмид ёбам, ва Ту назди ман меоӣ?»

15 Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Алҳол бигзор; зеро ки моро лозим аст ҳар навъ адолатро ин тавр ба ҷо оварем». Пас Яҳьё Ӯро вогузошт.

16 Ва Исо таъмид ёфта, дарҳол аз об баромад, ва инак, осмон ба рӯи Ӯ кушода шуд, ва Рӯҳи Худоро дид, ки чун кабӯтаре нозил шуда, бар Ӯ қарор мегирад.

17 Ва инак, овозе аз осмон расид, ки мегуфт: «Ин аст Писари Маҳбуби Ман, ки ҳусни таваҷҷӯҳи Ман бар Ӯст».

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan