Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Матто* 28 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ БИСТУ ҲАШТУМ Эҳьёи Исои Масеҳ ва воқеаҳои ин рӯз.

1 Баъд аз гузаштани шанбе, субҳидами рӯзи якшанбе, Марьями Маҷдалия ва он Марьями дигар барои дидани қабр омаданд.

2 Ногоҳ зилзилаи сахт рӯй дод; зеро фариштаи Худованд аз осмон фуромада, сангро аз дари қабр ғелонид ва бар он биншаст;

3 Намуди вай монанди барқ ва либосаш чун барф сафед буд.

4 Посбонон аз вай тарсида, ба ларза афтоданд ва мисли мурда шуданд.

5 Аммо фаришта ба занон рӯ оварда, гуфт: «Натарсед, зеро медонам, ки Исои маслубро ҷустуҷӯ мекунед;

6 Ӯ дар ин ҷо нест, зеро, чунон ки гуфта буд, эҳьё шуд; биёед, ҷоеро, ки Ӯ хуфта буд, бубинед,

7 Ва ба зудӣ рафта, ба шогирдонаш гӯед, ки Ӯ аз мурдагон эҳьё шуд ва пеш аз шумо ба Ҷалил меравад: дар он ҷо Ӯро хоҳед дид; инак ба шумо гуфтам».

8 Ва онҳо шитобон аз қабр баромада, бо тарс ва шодии азим давида рафтанд, то ки ба шогирдони Ӯ хабар диҳанд.

9 Вақте ки барои огоҳ кардани шогирдони Ӯ мерафтанд, инак Исо ба онҳо вохӯрда, гуфт: «Салом бар шумо!» Онҳо наздик омада, ба пойҳояш часпиданд ва ба Ӯ саҷда карданд.

10 Он гоҳ Исо ба онҳо гуфт: «Натарсед; рафта, ба бародаронам хабар диҳед, ки ба Ҷалил раванд; ва дар он ҷо Маро хоҳанд дид».


Ба ришва харидани посбонони сари қабр.

11 Чун онҳо мерафтанд, баъзе аз посбонон ба шаҳр омада, ба саркоҳинон тамоми воқеаро хабар доданд.

12 Ва онҳо бо пирон ҷамъ омада ва машварат карда, ба сарбозон пули бисьёре доданд

13 Ва гуфтанд: «Бигӯед, ки шогирдони Ӯ шабона омада, вақте ки мо дар хоб будем, Ӯро дуздидаанд;

14 Ва агар ин сухан ба гӯши ҳоким расад, мо вайро бовар мекунонем ва шуморо аз хатар фориғ мегардонем».

15 Онҳо пулро гирифта, мувофиқи он дастур амал карданд. Ва ин овоза то имрӯз дар миёни яҳудиён паҳн шудааст.


Исо дар Ҷалил. Вазифаи бузург.

16 Аммо ёздаҳ шогирд ба Ҷалил, ба кӯҳе ки Исо таъин карда буд, рафтанд,

17 Ва Ӯро дида, ба Ӯ саҷда карданд; лекин баъзе аз онҳо ба шубҳа афтоданд.

18 Ва Исо наздик омада, ба онҳо гуфт: «Ба Ман тамоми қудрат дар осмон ва бар замин дода шудааст:

19 Пас, биравед ва ҳамаи халқҳоро шогирд созед ва онҳоро ба исми Падар ва Писар ва Рӯҳулқудс таъмид диҳед,

20 Ва онҳоро таълим диҳед, то ҳар он чиро, ки ба шумо фармодам, ба ҷо оваранд; ва инак, Ман ҳаррӯза то охирзамон бо шумо ҳастам». Омин.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan