Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Матто* 25 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ БИСТУ ПАНҶУМ Масал дар бораи даҳ бокира.

1 Дар он замон Малакути Осмон монанди даҳ бокирае хоҳад буд, ки чароғҳои худро бардошта, ба пешвози домод берун рафтанд;

2 Аз онҳо панҷ нафар доно ва панҷ нафар нодон буданд;

3 Нодонон чароғҳои худро гирифтанд, вале бо худ равған нагирифтанд;

4 Лекин доноён бо чароғҳои худ дар зарфҳо низ равған гирифтанд;

5 Чун домод дер монд, ҳама пинак рафта, хуфтанд.

6 Ва дар нисфи шаб овозе баланд шуд: „Инак, домод меояд, ба пешвози вай берун оед“.

7 Он гоҳ ҳамаи он бокираҳо бархоста, чароғҳои худро тайёр карданд.

8 Ва нодонон ба доноён гуфтанд: „Аз равғани худ ба мо диҳед, зеро чароғҳои мо хомӯш мешавад“.

9 Аммо доноён дар ҷавоб гуфтанд: „Не, мабодо барои мо ва шумо камӣ кунад; беҳтар аст, ки шумо назди фурӯшандагон рафта, барои худ бихаред“.

10 Ва ҳангоме ки онҳо барои харидан рафтанд, домод омад, ва онҳое ки тайёр буданд, бо вай ба тӯи арӯсӣ даромаданд, ва дар баста шуд.

11 Баъд аз он, бокираҳои дигар низ омада, гуфтанд: „Эй оғо! Эй оғо! Ба мо воз кун“.

12 Лекин вай дар ҷавоби онҳо гуфт: „Ба ростӣ ба шумо мегӯям: шуморо намешиносам“.

13 Пас, бедор бошед, зеро намедонед, ки Писари Одам дар кадом рӯз ва кадом соат меояд.


Масал дар бораи талантҳои амонатӣ.

14 Зеро монанди касест, ки ба сафари дур рафтанӣ шуда, ғуломони худро талабид ва молу мулкашро ба онҳо супурд:

15 Ба яке панҷ талант, ба дигаре ду, ба сеюмӣ як, яъне ба ҳар кадом алоқадри ҳолаш дода, дарҳол ба сафар рафт.

16 Он ки панҷ талант гирифта буд, рафта ба тиҷорат машғул шуд ва панҷ таланти дигар фоида кард;

17 Ҳамчунин он ки ду талант гирифта буд, ду таланти дигар ба даст овард;

18 Лекин он ки як талант гирифта буд, рафта заминро канд ва пули оғои худро пинҳон кард.

19 Пас аз муддати дуру дарозе оғои он ғуломон омада, аз онҳо ҳисобот талаб кард.

20 Он ки панҷ талант гирифта буд, панҷ таланти дигарро ҳам оварда, гуфт: „Эй оғо! Ту ба ман панҷ талант дода будӣ; инак, бо онҳо панҷ таланти дигар ба даст овардам“.

21 Оғояш ба вай гуфт: „Офарин, эй ғуломи нек ва мӯътамад! Ту дар чизи андак мӯътамад будӣ, туро бар чизҳои бисьёр бигуморам; ба шодии оғои худ шарик шав“.

22 Ҳамчунин он ки ду талант гирифта буд, назди вай омада, гуфт: „Эй оғо! Ту ба ман ду талант дода будӣ; инак, бо онҳо ду таланти дигар ба даст овардам“.

23 Оғояш ба вай гуфт: „Офарин, эй ғуломи нек ва мӯътамад! Ту дар чизи андак мӯътамад будӣ, туро бар чизҳои бисьёр бигуморам; ба шодии оғои худ шарик шав“.

24 Пас он ки як талант гирифта буд, назди вай омада, гуфт: „Эй оғо! Чун медонистам, ки ту марди сахтгире ҳастӣ, аз ҷое ки накоштаӣ, медаравӣ, ва аз ҷое ки напошидаӣ, ҷамъ мекунӣ;

25 Бинобар ин тарсидам ва рафта таланти худро дар замин пинҳон кардам; инак, моли ту ин ҷост“.

26 Оғояш дар ҷавоби вай гуфт: „Эй ғуломи шарир ва танбал! Ту медонистӣ, ки ман аз ҷое ки накоштаам, медаравам, ва аз ҷое ки напошидаам, ҷамъ мекунам;

27 Аз ин рӯ ту мебоист пули маро ба саррофон медодӣ, ва ман омада, пули худро бо фоидааш мегирифтам;

28 Пас он талантро аз вай гирифта, ба касе ки даҳ талант дорад, бидиҳед.

29 Зеро ҳар кӣ дорад, ба вай дода ва афзуда шавад; лекин ҳар кӣ надорад, аз вай он чи низ дорад, гирифта шавад;

30 Ва он ғуломи нобакорро ба зулмоти берун бароварда партоед: дар он ҷо гирья ва ғиҷирроси дандон хоҳад буд“.


Доварии Исои Худованд бар халқҳо.

31 Лекин вақте ки Писари Одам дар ҷалоли Худ бо ҳамаи фариштагони муқаддас меояд, он гоҳ бар тахти ҷалоли Худ хоҳад нишаст,

32 Ва ҳамаи халқҳо дар назди Ӯ ҷамъ хоҳанд шуд; ва онҳоро аз якдигар ҷудо хоҳад кард, мисли чӯпоне ки гӯсфандонро аз бузҳо ҷудо мекунад;

33 Ва гӯсфандонро ба тарафи рост ва бузҳоро ба тарафи чапи Худ ҷой хоҳад дод.

34 Он гоҳ Подшоҳ ба онҳое ки ба тарафи рости Ӯ ҳастанд, хоҳад гуфт: „Биёед, эй баракатьёфтагон аз Падари Ман, Малакутеро, ки аз ибтидои офариниши олам барои шумо муҳайё шудааст, мерос бигиред:

35 Зеро ки гурусна будам, ба Ман хӯрок додед; ташна будам, ба Ман об додед; ғариб будам, Маро пазируфтед;

36 Бараҳна будам, Маро пӯшондед; бемор будам, Маро иёдат кардед; дар зиндон будам, ба дидани Ман омадед“.

37 Он гоҳ одилон дар ҷавоб хоҳанд гуфт: „Худовандо! Кай Туро гурусна дидему хӯрок додем? Ё ташна дидему об додем?

38 Кай Туро ғариб дидему пазируфтем? Ё бараҳна дидему пӯшондем?

39 Кай Туро бемор ё маҳбус дидему ба дидани Ту омадем?“

40 Ва Подшоҳ дар ҷавоби онҳо хоҳад гуфт: „Ба ростӣ ба шумо мегӯям: он чи ба яке аз ин бародарони хурдтарини Ман кардаед, ба Ман кардаед“.

41 Он гоҳ ба онҳое ки ба тарафи чапи Ӯ ҳастанд, хоҳад гуфт: „Эй малъунон, аз Ман дур шавед ва ба оташи ҷовидоние ки барои иблис ва фариштагони вай муҳайё шудааст, биравед:

42 Зеро ки гурусна будам, ба Ман хӯрок надодед; ташна будам, ба Ман об надодед;

43 Ғариб будам, Маро напазируфтед; бараҳна будам, Маро напӯшондед; бемор ва маҳбус будам, ба иёдати Ман наомадед“.

44 Онҳо низ дар ҷавоби Ӯ хоҳанд гуфт: „Худовандо! Кай Туро гурусна, ё ташна, ё ғариб, ё бараҳна, ё бемор, ё маҳбус дидему ба Ту хизмат накардем?“

45 Он гоҳ дар ҷавоби онҳо хоҳад гуфт: „Ба ростӣ ба шумо мегӯям: он чи шумо ба яке аз ин хурдтаринҳо накардаед, ба Ман накардаед“.

46 Ва онҳо ба азоби ҷовидонӣ хоҳанд рафт, вале одилон — ба ҳаёти ҷовидонӣ».

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan