Матто* 24 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ БИСТУ ЧОРУМ Исо бар кӯҳи Зайтун. 1 Ва Исо аз маъбад баромада, мерафт. Ва шогирдонаш назди Ӯ омаданд, то ки иморатҳои маъбадро ба Ӯ нишон диҳанд. 2 Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Оё ҳамаи инҳоро мебинед? Ба ростӣ ба шумо мегӯям: дар ин ҷо санге бар санге нахоҳад монд; ҳамааш хароб хоҳад шуд». Аломоти омадани дуюми Худованд. 3 Вақте ки Ӯ бар кӯҳи Зайтун нишаста буд, шогирдонаш ба танҳоӣ назди Ӯ омада, пурсиданд: «Моро огоҳ кун, ки ин кай воқеъ мешавад? Ва аломати омадани Ту ва охирзамон чӣ гуна аст?» 4 Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ҳушьёр бошед, ки касе шуморо гумроҳ накунад; 5 Зеро бисьёр касон бо номи Ман омада, гӯянд, ки „ман Масеҳ ҳастам“, ва мардуми бисьёрро гумроҳ хоҳанд кард. 6 Ҷангҳо ва овозаи ҷангҳоро хоҳед шунид. Зинҳор, натарсед; зеро ҳамаи ин бояд воқеъ шавад; лекин ин ҳанӯз интиҳо нест: 7 Зеро қавме бар зидди қавме ва салтанате бар зидди салтанате қиём хоҳад кард, ва дар ҳар ҷо қаҳтиҳо, вабоҳо ва зилзилаҳо рӯй хоҳад дод; 8 Аммо ҳамаи инҳо ибтидои дардҳост. 9 Он гоҳ шуморо ба шиканҷаҳо таслим карда, хоҳанд кушт; ва ҳамаи қавмҳо аз барои исми Ман ба шумо адоват хоҳанд дошт. 10 Дар он замон бисьёр касон ба васваса хоҳанд афтод; ва якдигарро таслим хоҳанд кард ва аз якдигар нафрат хоҳанд дошт; 11 Ва басе анбиёи козиб ба майдон омада, мардуми бисьёрро гумроҳ хоҳанд кард; 12 Ва ба сабаби афзудани шарорат, муҳаббати бисьёр касон сард хоҳад шуд; 13 Лекин ҳар кӣ то охир сабр кунад, наҷот хоҳад ёфт. 14 Ва ин Инҷили Малакут дар тамоми олам мавъиза хоҳад шуд, то ки барои ҳамаи халқҳо шаҳодате шавад; ва он гоҳ интиҳо фаро хоҳад расид. Мусибати бузурги оянда. 15 Пас, чун кароҳати харобиро, ки Дониёли набӣ ба забон овардааст, дар ҷои муқаддас бар по бубинед, — ҳар кӣ хонад, дарк кунад, — 16 Он гоҳ онҳое ки дар Яхудо мебошанд, ба кӯҳистон гурезанд; 17 Ва ҳар кӣ бар бом бошад, барои гирифтани чизе аз хонаи худ, поён нафурояд; 18 Ва он ки дар киштзор аст, барои гирифтани ҷомаи худ барнагардад. 19 Лекин вой бар ҳоли ҳомиладорон ва ширдорон дар он айём! 20 Дуо кунед, ки гурехтани шумо дар зимистон ва ё рӯзи шанбе рӯй надиҳад; 21 Зеро дар он замон чунон мусибати бузурге хоҳад шуд, ки аз ибтидои олам то ҳол нашудааст, ва бори дигар нахоҳад шуд. 22 Ва агар он айём кӯтоҳ намешуд, ҳеҷ касе наҷот намеёфт; лекин аз барои баргузидагон он айём кӯтоҳ хоҳад шуд. 23 Дар он ҳангом агар касе ба шумо гӯяд: „Инак Масеҳ дар ин ҷост“ ё „дар он ҷост“, бовар накунед; 24 Зеро ки масеҳони козиб ва анбиёи козиб ба майдон омада, аломот ва мӯъҷизоти бузурге нишон хоҳанд дод, то ки, агар мумкин бошад, баргузидагонро низ гумроҳ кунанд. 25 Инак, Ман пешакӣ ба шумо гуфтам. 26 Пас, агар ба шумо гӯянд: „Инак, дар биёбон аст“, — берун наравед; „инак дар ҳуҷра аст“, — бовар накунед; Бо ҷалол омадани Исои Худованд. 27 Зеро, чӣ тавре ки барқ дар шарқ зоҳир шуда, дар ғарб ҳам намудор мегардад, омадани Писари Одам низ чунин хоҳад шуд; 28 Ҳар ҷо, ки лошае бошад, каргасон дар он ҷо ҷамъ шаванд. 29 Ва фавран, пас аз мусибати он айём, офтоб хира шавад, ва моҳ рӯшноии худро надиҳад, ва ситорагон аз осмон фурӯ резанд, ва қувваҳои афлок мутазалзил шаванд; 30 Он гоҳ аломати Писари Одам дар осмон намудор хоҳад гардид; ва он гоҳ ҳамаи қабилаҳои рӯи замин навҳа кунанд ва Писари Одамро бинанд, ки бо қудрат ва ҷалоли азим бар абрҳо меояд; 31 Ва фариштагони Худро бо карнаи баландовоз хоҳад фиристод, ва баргузидагони Ӯро аз чор ҷониб, аз як канори осмон то канори дигараш фароҳам хоҳад овард. Масал дар бораи дарахти анҷир. 32 Акнун аз дараҳти анҷир мисол гиред: чун шохааш нарм шуда, барг оварад, медонед, ки тобистон наздик аст; 33 Ҳамчунин шумо чун ҳамаи ин чизҳоро дидед, бидонед, ки наздик аст, назди дар аст. 34 Ба ростӣ ба шумо мегӯям: ин насл ҳанӯз аз олам нагузашта, ҳамаи ин чизҳо воқеъ хоҳад шуд. 35 Осмон ва замин гузарон аст, лекин каломи Ман гузарон нест. 36 Аммо он рӯз ва соатро, ғайр аз Падари Ман, ҳеҷ кас, ҳатто фариштагони осмон ҳам намедонанд; 37 Чӣ тавре ки дар айёми Нӯҳ шуда буд, дар омадани Писари Одам низ ҳамон тавр хоҳад шуд: 38 Зеро, чӣ тавре ки дар айёми пеш аз тӯфон, то он рӯзе ки Нӯх ба киштӣ даромад, мехӯрданд, менӯшиданд, зан мегирифтанд ва ба шавҳар мерафтанд, 39 Ва чизе намефаҳмиданд, то даме ки тӯфон омада, ҳамаро несту нобуд кард, — омадани Писари Одам низ ҳамон тавр хоҳад шуд; 40 Он вақт аз ду нафаре ки дар киштзор ҳастанд, яке гирифта ва дигаре гузошта хоҳад шуд; 41 Ва аз ду зане ки бо дастос машғуланд, яке гирифта ва дигаре гузошта хоҳад шуд. Дуруст интизор шудан ба омадани дуюм. 42 Пас, бедор бошед, зеро намедонед, ки Худованди шумо дар кадом соат меояд. 43 Лекин ҳаминро шумо медонед, ки агар соҳиби хона медонист, ки дар кадом поси шаб дузд меояд, бедор монда, намегузошт, ки ба хонааш нақб занад. 44 Бинобар ин шумо низ тайёр бошед, зеро дар соате ки гумон надоред, Писари Одам меояд. 45 Пас он ғуломи мӯътамад ва доно кист, ки оғояш вайро бар хизматгорони худ таъин карда бошад, то ки ба онҳо дар сари вақт хӯрок диҳад? 46 Хушо он ғуломе ки оғояш омада, вайро машғули ҳамин кор ёбад; 47 Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки вайро бар тамоми дороии худ таъин хоҳад кард. 48 Лекин агар он ғулом бадкирдор бошад ва дар дили худ гӯяд, ки „оғои ман ба зудӣ намеояд“, 49 Ва ба задани ғуломони дигар шурӯъ кунад ва бо бадмастон ба хӯрдан ва нӯшидан машғул шавад, — 50 Оғои он ғулом дар рӯзе ки вай мунтазир нест, ва дар соате ки гумон надорад, хоҳад омад, 51 Ва ӯро ду пора карда, қисматашро бо риёкорон баробар хоҳад кард: дар он ҷо гирья ва ғиҷирроси дандон хоҳад буд. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden