Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Матто* 22 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ БИСТУ ДУЮМ Масал дар бораи тӯи арӯсӣ дар хонаи подшоҳ.

1 Ва Исо суханашро бо масалҳо давом дода, ба онҳо гуфт:

2 «Малакути Осмон монанди подшоҳест, ки барои писари худ тӯи арӯсӣ барпо кард,

3 Ва ғуломони худро фиристод, то ки даъватшудагонро ба тӯи арӯсӣ бихонанд; лекин онҳо нахостанд биёянд.

4 Боз ғуломони дигарро фиристод ва гуфт: „Ба даъватшудагон бигӯед, ки «инак, дастархони худро оростаам, говҳо ва бӯрдоқиҳои ман сар бурида шудаанд, ва ҳама чиз тайёр аст; ба тӯи арӯсӣ биёед»“.

5 Лекин онҳо беэътиноӣ карда, яке ба киштзори худ ва дигаре ба тиҷоратхонаи худ рафтанд;

6 Ва баъзеи дигарон ғуломони ӯро гирифта, ҳақорат доданд ва куштанд.

7 Подшоҳ, чун шунид, хашмгин шуд ва аскарони худро фиристода, он қотилонро маҳв намуд ва шаҳрашонро оташ дода сӯзонд.

8 Он гоҳ ба ғуломони худ гуфт: „Тӯй тайёр аст, лекин даъватшудагон сазовори он набуданд;

9 Пас, ба сари гузар бароед ва ҳар киро биёбед, ба тӯи арӯсӣ даъват кунед“.

10 Ва ғуломон ба сари роҳ баромада, ҳар киро ёфтанд, хоҳ нек буд хоҳ бад, ҷамъ карданд; ва тӯйхона аз меҳмонон пур шуд.

11 Подшоҳ барои дидани аҳли маҷлис даромада, шахсеро дид, ки ҷомаи тӯёна дар бар надорад,

12 Ва ба вай гуфт: „Эй рафиқ, чӣ тавр ба ин ҷо даромадӣ, дар ҳолате ки ҷомаи тӯёна дар бар надорӣ?“ Лекин вай хомӯш монд.

13 Подшоҳ ба ходимони худ гуфт: „Дасту пои вайро баста, ба зулмоти берун бароварда партоед: дар он ҷо гирья ва ғиҷирроси дандон хоҳад буд“.

14 Зеро ки даъватшудагон бисьёранд, аммо баргузидагон — кам».


Ҷавоби Исо ба ҳиродиён.

15 Он вақт фарисиён рафта, машварат карданд, ки чӣ тавр Ӯро аз суханаш афтонанд.

16 Ва шогирдони худро бо ҳиродиён назди Ӯ фиристода, гуфтанд: «Эй Устод! Медонем, ки Ту ҳақгӯй ҳастӣ ва роҳи Худоро ба ростӣ таълим медиҳӣ ва аз касе парвое надорӣ, зеро ҳеҷ рӯбинӣ намекунӣ;

17 Пас ба мо бигӯ, ки фикри Ту чист? Оё ба қайсар ҷизья додан ҷоиз аст, ё не?»

18 Аммо Исо макри онҳоро дарьёфта, гуфт: «Эй риёкорон, чаро Маро меозмоед?

19 Сиккаи ҷизьяро ба Ман нишон диҳед». Онҳо ба Ӯ диноре оварданд.

20 Ба онҳо гуфт: «Ин сурат ва рақам аз они кист?»

21 Ба Ӯ гуфтанд: «Аз они қайсар». Ба онҳо гуфт: «Пас, он чи аз они қайсар аст, ба қайсар диҳед, ва он чи аз они Худост — ба Худо».

22 Чун инро шуниданд, дар ҳайрат монданд ва Ӯро гузошта, рафтанд.


Дар бораи эҳьёи мурдагон.

23 Ҳамон рӯз саддуқиён, ки мункири қиёмат ҳастанд, назди Ӯ омада, пурсиданд:

24 «Эй Устод! Мусо гуфтааст: „Агар касе бимирад ва фарзанде надошта бошад, бояд бародараш зани вайро ба никоҳи худ дароварад ва барои бародари худ насле ба вуҷуд оварад“.

25 Назди мо ҳафт бародар буданд: яке зан гирифта, мурд ва чун фарзанд надошт, занашро ба бародари худ гузошт;

26 Ҳамчунин дуюм ва сеюм, то ҳафтум;

27 Баъд аз ҳама зан низ мурд.

28 Пас, дар эҳьёи мурдагон вай зани кадоме аз он ҳафт нафар хоҳад буд? Зеро ки ҳама вайро ба занӣ гирифта буданд».

29 Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Шумо гумроҳ ҳастед, аз он рӯ ки на Навиштаҳоро медонед, на қудрати Худоро;

30 Зеро ки дар эҳьёи мурдагон на зан мегиранд ва на ба шавҳар мераванд, балки монанди фариштагони Худо дар осмон мебошанд.

31 Аммо дар бораи эҳьёи мурдагон оё каломеро, ки Худо ба шумо гуфтааст, нахондаед:

32 „Манам Худои Иброҳим ва Худои Исҳоқ ва Худои Яъқуб“? Худо на Худои мурдагон аст, балки Худои зиндагон».

33 Ва мардум шунида, аз таълими Ӯ дар ҳайрат монданд.


Ҳукми муҳимтарин.

34 Аммо чун фарисиён шуниданд, ки Ӯ даҳони саддуқиёнро бастааст, бо ҳам чамъ омаданд.

35 Ва яке аз онҳо, ки шариатдон буд, Ӯро озмуданӣ шуда, чунин савол дод:

36 «Эй Устод! Кадом ҳукм дар шариат бузургтар аст?»

37 Исо ба вай гуфт: «Худованд Худои худро бо тамоми дили ту ва бо тамоми ҷони ту ва бо тамоми ҳуши ту дӯст бидор.

38 Ҳамин аст ҳукми аввалин ва бузургтарин;

39 Ва дуюмаш монанди он аст: Ёри худро мисли худ дӯст бидор.

40 Ба ин ду ҳукм тамоми Таврот ва суҳафи анбиё асос ёфтааст».


Исо — писар ва Худованди Довуд.

41 Ҳангоме ки фарисиён бо ҳам ҷамъ омаданд, Исо ба онҳо савол дода,

42 Гуфт: «Дар бораи Масеҳ чӣ фикр доред? Ӯ писари кист?» Ба Ӯ гуфтанд: «Писари Довуд».

43 Ба онҳо гуфт: «Пас чӣ тавр Довуд, аз рӯи илҳом, Ӯро Худованд хонда, чунин мегӯяд:

44 „Худованд ба Худованди ман гуфт: «Ба ямини Ман бинишин, то душманони Туро зери пои Ту андозам»“?

45 Модоме ки Довуд Ӯро Худованд мехонад, чӣ сон Ӯ писари вай будааст?»

46 Ва ҳеҷ кас дар ҷавоби Ӯ сухане гуфта натавонист; ва пас аз он рӯз касе ҷуръат накард, ки аз Ӯ чизе пурсад.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan