Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Матто* 21 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ БИСТУ ЯКУМ Ба Ерусалим ворид шудани Исо.

1 Чун ба Ерусалим наздик шуда, ба Байт‐Фоҷии назди кӯҳи Зайтун расиданд, Исо ду шогирди Худро фиристода,

2 Ба онҳо гуфт: «Ба ин деҳа, ки рӯ ба рӯи шумост, биравед; ва дарҳол модахареро баста хоҳед ёфт, ки куррааш назди вай аст; онҳоро воз карда, назди Ман биёред;

3 Ва агар касе ба шумо ҳарфе занад, бигӯед, ки Худованд ба инҳо эҳтиёҷ дорад; ва дарҳол онҳоро хоҳад фиристод».

4 Ин ҳама рӯй дод, то ба амал ояд каломе ки бо забони набӣ гуфта шудааст:

5 «Ба духтари Сион бигӯед: „Инак, Подшоҳи ту бар харе, бар курраи бачаи модахар савор шуда, бо фурӯтанӣ назди ту меояд“».

6 Шогирдон рафтанд ва он чи Исо фармуда буд, ба ҷо оварданд:

7 Модаҳар ва курраро оварда, ҷомаҳои худро бар онҳо афканданд, ва Ӯ бар онҳо савор шуд.

8 Мардуми бисьёре ҷомахои худро бар роҳ густурданд, ва дигарон шохаҳои дарахтонро бурида, бар роҳ густурданд;

9 Ва мардуме ки аз пеш ва аз пас равона буданд, хитоб мекарданд: «Ҳӯшаъно ба Писари Довуд! Муборак аст Он ки ба исми Худованд меояд! Ҳӯшаъно дар арши аъло!»

10 Ва ҳангоме ки Ӯ ба Ерусалим ворид шуд, тамоми аҳли шаҳр ба ошӯб омада, мегуфтанд: «Ин кист?»

11 Мардум мегуфтанд: «Ин аст Исои Пайғамбар аз Носираи Ҷалил».


Исо бори дуюм маъбадро пок мекунад.

12 Ва Исо ба маъбади Худо даромада, ҳамаи онҳоеро, ки дар маъбад харидуфурӯш мекарданд, пеш кард, мизҳои саррофон ва курсиҳои кафтарфурӯшонро чаппа кард.

13 Ва ба онҳо гуфт: «Навишта шудааст, ки „хонаи Ман хонаи ибодат номида хоҳад шуд“; аммо шумо онро ба дуздхона мубаддал кардаед».

14 Дар маъбад назди Ӯ кӯрон ва лангон омаданд, ва Ӯ онҳоро шифо дод.

15 Чун саркоҳинон ва китобдонон диданд, ки Ӯ мӯъҷизаҳоро ба амал овард, ва кӯдакон дар маъбад «ҳӯшаъно ба Писари Довуд!» гӯён хитоб мекарданд, хашмгин шуданд,

16 Ва ба Ӯ гуфтанд: «Оё Ту мешунавӣ, ки онҳо чӣ мегӯянд?» Исо ба онҳо гуфт: «Оре! Магар нахондаед: „Аз даҳони кӯдакон ва ширмакон ҳамдро ба вуҷуд овардаӣ“?»

17 Ва онҳоро тарк карда, аз шаҳр сӯи Байт‐Ҳинӣ рафт ва шабро дар он ҷо гузаронд.


Дарахти анҷири хушкшуда.

18 Бомдодон, вақте ки ба шаҳр бармегашт, гурусна монд;

19 Дар сари роҳ дарахти анҷире дида, назди он рафт ва, ҷуз баргҳо, чизе бар он наёфта, ба он гуфт: «Пас аз ин то абад мевае аз ту нарӯяд». Ва ҳамон дам дарахти анҷир хушк шуд.

20 Шогирдон инро дида, дар тааҷҷуб монданд ва гуфтанд: «Чӣ гуна ин дарахти анҷир даррав хушк шуд?»

21 Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям: агар имон дошта бошед ва шубҳа накунед, на танҳо онро, ки ба дарахти анҷир рӯй дод, ба амал хоҳед овард, балки агар ба ин кӯҳ гӯед, ки „бархоста, худро дар баҳр афкан“, — чунин хоҳад шуд;

22 Ва ҳар он чи дар дуо бо имон талаб кунед, хохед ёфт».


Масъалаи қудрати Исо.

23 Ва ҳангоме ки ба маъбад омада таълим медод, саркоҳинон ва пирони қавм назди Ӯ омада, гуфтанд: «Бо кадом қудрат ин корҳоро мекунӣ? Ва кист, ки ин қудратро ба Ту додааст?»

24 Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ман ҳам аз шумо чизе мепурсам; агар шумо онро ба Ман гӯед, Ман ҳам ба шумо хоҳам гуфт, ки бо кадом қудрат ин корҳоро мекунам;

25 Таъмиди Яҳьё аз куҷо буд: аз осмон ё аз инсон?» Аммо онҳо дар дили худ андеша мекарданд: «Агар гӯем, ки „аз осмон буд“, Ӯ бигӯяд: „Пас чаро ба вай имон наовардед?“

26 Ва агар гӯем, ки „аз инсон буд“, — аз мардум метарсем, зеро ки ҳама Яҳьёро набӣ медонанд».

27 Ва дар ҷавоби Исо гуфтанд: «Намедонем». Ӯ низ ба онҳо гуфт: «Ман ҳам ба шумо намегӯям, ки бо кадом қудрат ин корҳоро мекунам.


Масал дар бораи ду писар.

28 Лекин фикри шумо чист? Марде ду писар дошт; ва назди нахустин омада, гуфт: „Писарам! Имрӯз ба токзори ман рафта кор кун“.

29 Дар ҷавоб гуфт: „Намехоҳам“; аммо баъд пушаймон шуд ва рафт.

30 Назди дигаре омада, ҳамон гапро гуфт. Вай дар ҷавоб гуфт: „Меравам, оғо“; ва нарафт.

31 Кадом як аз ин ду нафар хоҳиши падарро ба ҷо овард?» Ба Ӯ гуфтанд: «Нахустин». Исо ба онҳо гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки боҷгирон ва фоҳишагон пеш аз шумо ба Малакути Худо дохил хоҳанд шуд;

32 Зеро ки Яҳьё назди шумо бо роҳи адолат омад, ва шумо ба ӯ имон наовардед, лекин боҷгирон ва фоҳишагон ба ӯ имон оварданд; ва шумо, инро дида, баъд аз он ҳам тавба накардед, то ки ба ӯ имон оваред.


Масал дар бораи токдорони бадкор.

33 Масали дигаре бишнавед. Соҳиби хонае буд, ки ток шинонд, деворе гирдаш кашид, чархуште дар он сохт, бурҷе барпо кард ва онро ба токдорон супурду ба сафар рафт.

34 Чун мавсими мева расид, хизматгорони худро назди токдорон фиристод, то ки меваи худро бигирад;

35 Лекин токдорон хизматгорони ӯро гирифта, баъзеро заданд, баъзеро куштанд ва баъзеро сангборон карданд.

36 Боз ӯ хизматгорони дигарро фиристод, ки аз пештара зиёдтар буданд; ба онҳо низ ҳамон тавр амал карданд.

37 Дар охир писари худро назди онҳо фиристода, гуфт: „Аз писарам шарм хоҳанд дошт“.

38 Лекин токдорон чун писарро диданд, ба якдигар гуфтанд: „Ин ворис аст; биёед, вайро бикушем ва соҳиби мерос шавем“.

39 Ва ӯро гирифта, аз токзор берун бароварданд ва куштанд.

40 Пас, чун соҳиби токзор ояд, ба он токдорон чӣ хоҳад кард?»

41 Ба Ӯ гуфтанд: «Он бадкоронро ба марги шадид маҳкум карда, токзорро ба токдорони дигаре хоҳад супурд, ки меваро дар мавсимаш ба ӯ диҳанд».

42 Исо ба онҳо гуфт: «Магар ин Навиштаро ҳаргиз нахондаед: „Санге ки меъморон рад карданд, санги сари гӯшаи бино гардид: ин аз ҷониби Худованд шуд ва дар назари мо ҳайратангез аст“?

43 Бинобар ин ба шумо мегӯям, ки Малакути Худо аз шумо гирифта, ба халқе дода хоҳад шуд, ки меваи онро биёрад;

44 Ва ҳар кӣ бар ин санг афтад, пора‐пора шавад; ва агар он бар касе афтад, вайро мачақ кунад».

45 Саркоҳинон ва фарисиён масалҳои Ӯро шунида, донистанд, ки Ӯ дар бораи онҳо сухан меронад,

46 Ва хостанд Ӯро дастгир кунанд; лекин аз мардум тарсиданд, чунки Ӯро пайғамбар медонистанд.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan