Матто* 2 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ДУЮМ Омадани мунаҷҷимон. 1 Чун Исо дар айёми подшоҳ Ҳиродус дар Байт‐Лаҳми Яҳудо таваллуд ёфт, аз ҷониби шарқ ба Ерусалим мунаҷҷимон омада, гуфтанд: 2 «Куҷост он Подшоҳи Яҳудиён, ки таваллуд ёфт? Зеро ки ситораи Ӯро дар шарқ дидем ва омадем, ки Ӯро парастиш кунем». 3 Чун подшоҳ Ҳиродус инро шунид, дар изтироб афтод, ва бо вай тамоми Ерусалим ҳам. 4 Ва ҳамаи саркоҳинон ва китобдонони қавмро ҷамъ карда, аз онҳо пурсид, ки Масеҳ дар куҷо бояд таваллуд ёбад? 5 Ба вай гуфтанд: «Дар Байт‐Лаҳми Яҳудо, зеро ки ба воситаи набӣ чунин навишта шудааст: 6 „Ва ту, эй Байт‐Лаҳм, замини Яҳудо, аз дигар ноҳияҳои Яҳудо ҳеҷ камӣ надорӣ; зеро ки аз ту Пешвое ба майдон хоҳад омад, ки Ӯ қавми Ман — Исроилро чӯпонӣ хоҳад кард“». 7 Он гоҳ Ҳиродус мунаҷҷимонро пинҳонӣ даъват намуда, вақти пайдоиши ситораро аз онҳо фаҳмида гирифт, 8 Ва онҳоро ба Байт‐Лаҳм равона карда, гуфт: «Биравед ва аз аҳволи Кӯдак дурустакак пурсуҷӯй кунед ва ҳамин ки Ӯро ёфтед, ба ман хабар диҳед, то ки ман ҳам рафта, Ӯро парастиш кунам». 9 Онҳо суханони подшоҳро шунида, равона шуданд. Ва инак, ситорае ки дар шарқ дида буданд, пешопеши онҳо мерафт ва ба болои он ҷое ки Кӯдак буд, расида, биистод. 10 Ва ситораро дида, беандоза шод ва хушҳол гардиданд, 11 Ва ба хона даромада, Кӯдакро бо модараш Марьям диданд, ва зону зада, Ӯро парастиш карданд; ва ганҷинаҳои худро кушода, инъомҳои тилло, лодан ва мур ба Ӯ тақдим карданд. 12 Ва чун дар хоб ба онҳо ваҳй омад, ки ба назди Ҳиродус барнагарданд, онҳо аз роҳи дигар ба ватани худ равона шуданд. Фирор ба Миср. 13 Вақте ки онҳо баромада рафтанд, фариштаи Худованд дар хоб ба Юсуф зоҳир шуда, гуфт: «Бархез ва Кӯдакро бо модараш гирифта, ба Миср фирор кун ва дар он ҷо бош, то вақте ки ба ту гӯям; зеро ки Ҳиродус Кӯдакро ҷустуҷӯ хоҳад намуд, то ки Ӯро нобуд кунад». 14 Ва шабона бархоста, Кӯдакро бо модараш гирифта, сӯи Миср равона шуд, 15 Ва то вафоти Ҳиродус дар он ҷо бимонд, то ба амал ояд каломе ки Худованд бо забони набӣ гуфтааст: «Аз Миср Писари Худро хондам». Қатли кӯдакон. 16 Чун Ҳиродус дид, ки мунаҷҷимон ӯро фиреб доданд, бисьёр хашмгин шуд ва фиристода, ҳамаи кӯдаконро дар Байт‐Лаҳм ва тамоми ҳудуди он, мувофиқи вақте ки аз мунаҷҷимон фаҳмида гирифта буд, аз дусола ва камтар ба қатл расонд. 17 Он гоҳ ба амал омад каломе ки бо забони Ирмиёи набӣ гуфта шудааст: 18 «Овозе дар Ромо шунида шуд, овози гирья ва нола ва мотами азим; Роҳел барои фарзандони худ гирья мекунад ва тасаллӣ намеёбад, зеро ки нестанд». Баргаштан ба Носира. 19 Чун Ҳиродус мурд, фариштаи Худованд дар Миср ба Юсуф дар хоб зоҳир шуд, 20 Ва гуфт: «Бархез, Кӯдакро бо модараш гирифта, ба сарзамини Исроил равона шав, зеро онҳое ки қасди ҷони Кӯдак доштанд, мурданд». 21 Ва ӯ бархоста, Кӯдакро бо модараш гирифт ва ба сарзамини Исроил омад. 22 Лекин чун шунид, ки Аркилоус ба ҷои падари худ Ҳиродус дар Яҳудо подшоҳӣ мекунад, аз рафтан ба он ҷо тарсид; ва дар хоб ваҳй ёфта, ба ноҳияи Ҷалил рафт, 23 Ва чун расид, дар шаҳре ки Носира ном дорад, маскан гирифт, то ба амал ояд каломе ки бо забони набӣ гуфта шудааст, ки Ӯ Носирӣ хонда хоҳад шуд. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden