Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Матто* 19 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ НУЗДАҲУМ

1 Вақте ки Исо ин суханонро ба анҷом расонд, аз Ҷалил баромада, ба он сӯи Урдун, ба ҳудуди Яҳудо омад.

2 Мардуми бисьёре аз ақиби Ӯ омаданд, ва Ӯ онҳоро шифо дод.


Исо дар бораи талоқ.

3 Ва фарисиён наздик омада ва Ӯро озмуданӣ шуда, гуфтанд: «Оё ҷоиз аст, ки мард зани худро бо ҳар сабаб талоқ диҳад?»

4 Дар ҷавоби онҳо гуфт: «Оё нахондаед, ки Офаридагор дар ибтидо онҳоро марду зан офарид?

5 Ва гуфт: „Аз ин сабаб мард падару модари худро тарк карда, бо зани худ мепайвандад, ва ҳар ду як тан мешаванд“,

6 Ба тавре ки онҳо акнун ду тан не, балки як тан мебошанд. Пас, он чиро, ки Худо бо ҳам пайвастааст, одам набояд ҷудо кунад».

7 Ба Ӯ гуфтанд: «Пас чаро Мусо амр фармудааст, ки мард талоқномае дода, аз зан ҷудо шавад?»

8 Ба онҳо гуфт: «Ба сабаби дилсахтии шумо Мусо ба шумо иҷозат додааст, ки занони худро талоқ диҳед; лекин дар ибтидо чунин набуд;

9 Аммо Ман ба шумо мегӯям: ҳар кӣ зани худро, ба ҷуз сабаби зино, талоқ диҳад ва дигареро никоҳ кунад, зино карда бошад; ва ҳар кӣ зани талоқшударо гирад, зино карда бошад».

10 Шогирдонаш ба Ӯ гуфтанд: «Агар аҳволи мард бо занаш чунин бошад, зан нагирифтан беҳтар аст».

11 Ба онҳо гуфт: «На ҳама метавонанд ин каломро қабул кунанд, балки танҳо касоне ки ба онҳо ато шудааст;

12 Зеро ахтаҳое ҳастанд, ки аз шиками модар чунин таваллуд шудаанд; ва ахтаҳое ҳастанд, ки аз дасти одамон ахта шудаанд; ва ахтаҳое ҳастанд, ки ба хотири Малакути Осмон худро ахта кардаанд. Ҳар кӣ қабул карда метавонад, қабул кунад».


Исо кӯдаконро мепазирад ва дуо мекунад.

13 Дар ин вақт кӯдаконро назди Ӯ оварданд, то ки дастҳои Худро бар онҳо ниҳода, дуо кунад; лекин шогирдон ба онҳо монеъ шуданд.

14 Исо гуфт: «Кӯдаконро бигзоред, ки назди Ман оянд, ва ба онҳо монеъ нашавед, зеро Малакути Осмон ба чунин касон тааллуқ дорад».

15 Ва дастҳои Худро бар онҳо ниҳода, аз он ҷо равона шуд.


Исо ва ҷавони сарватдор.

16 Ва инак, яке назди Ӯ омада, гуфт: «Эй Устоди Некӯ! Чӣ кори нек кунам, то ки ҳаёти ҷовидонӣ ёбам?»

17 Ба вай гуфт: «Чаро Маро некӯ мегӯӣ? Хеҷ кас некӯ нест, чуз Худои ягона. Лекин агар мехоҳӣ дохили ҳаёт шавӣ, аҳкомро нигоҳ дор».

18 Ба Ӯ гуфт: «Кадом аҳкомро?» Исо гуфт: «Қатл накун; зино накун; дуздӣ накун; шаҳодати бардурӯғ надеҳ;

19 Падару модаратро иззат намо; ва ёри худро мисли худ дӯст бидор».

20 Ҷавон ба Ӯ гуфт: «Ҳамаи инро ман аз кӯдакӣ нигоҳ доштаам; дигар чӣ камбудӣ дорам?»

21 Исо ба вай гуфт: «Агар хоҳӣ комил шавӣ, рафта, ҳар он чи дорӣ, бифурӯш ва ба мискинон бидеҳ; ва дар осмон ганҷе хоҳӣ ёфт; ва омада, Маро пайравӣ кун».

22 Чун ҷавон ин суханро шунид, ғамгин шуда, рафт, чунки молу мулки бисьёр дошт.

23 Ва Исо ба шогирдони Худ гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ба Малакути Осмон даромадани сарватдор душвор аст;

24 Ва боз ба шумо мегӯям: аз сӯрохи сӯзан гузаштани шутур осонтар аст аз он ки сарватдор ба Малакути Худо дохил шавад».

25 Чун шогирдон инро шуниданд, бағоят дар ҳайрат шуда, гуфтанд: «Пас кӣ метавонад наҷот ёбад?»

26 Исо ба онҳо нигоҳ карда, гуфт: «Ба одамизод ин ғайриимкон аст, лекин ба Худо ҳама чиз имконпазир аст».


Мукофоти ҳаввориён.

27 Он гоҳ Петрус дар ҷавоби Ӯ гуфт: «Инак, мо ҳама чизро тарк карда, Туро пайравӣ намудаем; подоши мо чӣ хоҳад буд?»

28 Исо ба онҳо гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, шумо, ки Маро пайравӣ намудаед, дар умри дубора, вақте ки Писари Одам бар тахти ҷалоли Худ биншинад, шумо низ бар дувоздаҳ тахт нишаста, бар дувоздаҳ сибти Исроил доварӣ хоҳед кард;

29 Ва ҳар кӣ аз баҳри исми Ман хонаҳо, ё бародарон, ё хоҳарон, ё падар, ё модар, ё зан, ё фарзандон, ё амлокро тарк кунад, сад чандон хоҳад ёфт ва вориси ҳаёти ҷовидонӣ хоҳад шуд;

30 Лекин басо аввалин, ки охирин хоҳанд шуд, ва охирин — аввалин.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan