Матто* 17 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ҲАФДАҲУМ 1 Баъд аз шаш рӯз Исо Петрус, Яъқуб ва бародари вай Юҳанноро ҳамроҳи Худ бурд ва онҳоро танҳо ба кӯҳи баланде баровард, 2 Ва дар пеши назари онҳо дигаргун шуд: чеҳрааш чун офтоб дурахшид, ва либосаш чун нур сафед гардид. 3 Ва инак, Мусо ва Ильёс ба онҳо намоён шуданд, ки бо Ӯ гуфтугӯ мекарданд. 4 Он гоҳ Петрус ба Исо гуфт: «Худовандо! Дар ин ҷо будани мо некӯст; агар хоҳӣ, дар ин ҷо се чодар месозем: яке барои Ту, яке барои Мусо ва яке барои Ильёс». 5 Ханӯз вай сухан мегуфт, ва инак абри дурахшандае бар онҳо соя андохт; ва инак овозе аз даруни абр баромад, ки мегуфт: «Ин аст Писари Маҳбуби Ман, ки ҳусни таваҷҷӯҳи Ман бар Ӯст; Ӯро бишнавед». 6 Чун шогирдон инро шуниданд, рӯй ба замин афтоданд ва бисьёр тарсиданд. 7 Лекин Исо наздик омада, ба онҳо даст расонд ва гуфт: «Бархезед ва ҳаросон нашавед». 8 Ва онҳо чашмони худро кушода, ҷуз Исо касеро надиданд. 9 Чун аз кӯҳ мефуромаданд, Исо таъкид намуда, гуфт: «То Писари Одам аз мурдагон эҳьё нашавад, ин рӯъёро ба касе нагӯед». 10 Ва шогирдонаш аз Ӯ пурсиданд: «Чаро китобдонон мегӯянд, ки Ильёс бояд аввал биёяд?» 11 Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Дуруст аст, ки Ильёс бояд аввал биёяд ва ҳама чизро соз кунад; 12 Лекин ба шумо мегӯям, ки Ильёс аллакай омад, ва онҳо вайро нашиноҳтанд, ва бо вай он чи ҳостанд, карданд; Писари Одам низ аз дасти онҳо уқубат ҳоҳад кашид». 13 Он гоҳ шогирдон фаҳмиданд, ки Ӯ дар бораи Яҳьёи Таъмиддиҳанда ба онҳо суҳан мегуфт. Шифо ёфтани девона. 14 Чун онҳо назди мардум омаданд, марде пеш омада, назди Ӯ зону зад, 15 Ва гуфт: «Худовандо! Ба писари ман марҳамат кун; вай масрӯъ аст ва саҳт азият мекашад, зеро ки худро дам ба дам дар оташ меандозад ва дам ба дам дар об; 16 Вайро ба шогирдони Ту овардам, онҳо шифо дода натавонистанд». 17 Исо дар ҷавоб гуфт: «Эй насли беимон ва каҷрафтор! То кай бо шумо бошам? То ба кай шуморо тоқат кунам? Вайро ин ҷо назди Ман биёред». 18 Ва Исо ба вай амр фармуд; ва дев аз вай берун рафт; ва он писар дарҳол шифо ёфт. 19 Шогирдонаш назди Исо омада, ба танҳоӣ аз Ӯ пурсиданд: «Чаро мо онро берун карда натавонистем?» 20 Исо ба онҳо гуфт: «Ба сабаби беимонии шумо; зеро ба ростӣ ба шумо мегӯям: агар ба андозаи донаи хардале имон дошта бошед ва ба ин кӯҳ бигӯед: „Аз ин ҷо ба он ҷо кӯч кун“, он кӯч хоҳад кард; ва ҳеҷ чиз барои шумо ғайриимкон нахоҳад буд; 21 Лекин ин ҷинс фақат ба воситаи дуо ва рӯза берун меравад». Исо аз нав дар бораи мамот ва эҳьёи Худ эълон мекунад. 22 Вақте ки онҳо дар Ҷалил мегаштанд, Исо ба онҳо гуфт: «Писари Одам ба дасти одамон таслим карда ҳоҳад шуд, 23 Ва Ӯро хоҳанд кушт, ва дар рӯзи сеюм эҳьё ҳоҳад шуд». Ва онҳо бисьёр ғамгин шуданд. Хироҷ барои маъбад. 24 Чун онҳо ба Кафарнаҳум расиданд, ҷамъкунандагони дудирҳам назди Петрус омада, гуфтанд: «Оё Устоди шумо дудирҳамро намедиҳад?» 25 Гуфт: «Оре». Ва чун ба хона даромад, пеш аз он ки чизе бигӯяд, Исо ба вай гуфт: «Эй Шимъӯн, фикри ту чист? Подшоҳони ҷаҳон боҷ ва хироҷро аз киҳо мегиранд? Аз фарзандони худ ё аз бегонагон?» 26 Петрус ба Ӯ гуфт: «Аз бегонагон». Исо ба вай гуфт: «Пас фарзандон озоданд; 27 Лекин барои он ки онҳоро ба васваса наандозем, ба соҳили баҳр рафта, қалмоқе биандоз, ва аввалин моҳиро, ки банд шуд, бигир; ва даҳонашро кушода, истатир хоҳӣ ёфт; онро гирифта, барои Ман ва барои худат ба онҳо бидеҳ». |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden