Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Матто* 15 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ПОНЗДАҲУМ Аҳкоми Худо аз ривоятҳои инсонӣ болотар аст.

1 Он гоҳ китобдонон ва фарисиён, ки аз Ерусалим буданд, назди Исо омада, гуфтанд:

2 «Чаро шогирдони Ту ривоятҳои муршидонро вайрон мекунанд? Зеро ки пеш аз хӯрдани нон дастҳои худро намешӯянд».

3 Ӯ ба онҳо ҷавоб дода, гуфт: «Чаро шумо ҳам ба хотири ривоятҳои худ ҳукми Худоро вайрон мекунед?

4 Зеро ки Худо хукм кардааст: „Падару модари худро иззат намо“; ва: „Ҳар кӣ падар ё модари худро дашном диҳад, албатта ҳалок гардад“.

5 Лекин шумо мегӯед: „Ҳар гоҳ касе ба падар ё модари худ гӯяд: «Он чи аз ман нафъ ёбӣ, ҳадия барои Худост»,

6 Баъд аз он вай набояд падар ё модари худро ҳурмат кунад“. Ба ҳамин тариқ шумо ҳукми Худоро бо ривояти худ бартараф намудаед.

7 Эй риёкорон! Ишаъё дар бораи шумо некӯ пайғом дода, гуфтааст:

8 „Ин мардум бо забони худ ба Ман наздик мешаванд ва бо лабони худ Маро парастиш мекунанд, лекин дилашон аз Ман дур аст;

9 Пас Маро бар абас парастиш мекунанд, зеро ки таълимоту аҳкоми инсониро таълим медиҳанд“».


Одамро ба ҳузури Худо чӣ палид мекунад.

10 Ва мардумро даъват намуда, гуфт: «Гӯш диҳед ва бифаҳмед:

11 На он чи ба даҳон медарояд, одамро палид мекунад; балки он чи аз даҳон мебарояд, одамро палид мекунад».

12 Он гоҳ шогирдонаш назди Ӯ омада, гуфтанд: «Оё медонӣ, ки фарисиён ин суханро шунида, ба васваса афтоданд?»

13 Дар ҷавоб гуфт: «Ҳар ниҳоле ки Падари Ман, ки дар осмон аст, нашинонда бошад, решакан хоҳад шуд;

14 Онҳоро ба ҳоли худашон бигзоред; онҳо кӯроне ҳастанд, ки ба кӯрон роҳнамоӣ мекунанд; ва ҳар гоҳ кӯре ба кӯри дигаре роҳнамоӣ кунад, ҳар ду дар чоҳ хоҳанд афтод».

15 Петрус дар ҷавоби Ӯ гуфт: «Ин масалро ба мо фаҳмонда деҳ».

16 Исо гуфт: «Оё шумо низ то ҳанӯз бефаҳм ҳастед?

17 Оё ҳанӯз дарк накардаед, ки ҳар он чи ба даҳон медарояд, ба шикам меравад ва аз он хориҷ мешавад?

18 Лекин ҳар он чи аз даҳон мебарояд, аз дил пайдо мешавад; ва ин чизҳо одамро палид мекунад;

19 Зеро ки аз дил хаёлоти бад, қатл, зино, фисқ, дуздӣ, шаҳодати бардурӯғ ва куфр пайдо мешавад:

20 Ин чизҳо одамро палид мекунад; лекин бо дасти ношуста хӯрок хӯрдан одамро палид намекунад».


Шифо ёфтани духтари канъонӣ.

21 Ва Исо аз он ҷо берун шуда, ба ҳудуди Сӯр ва Сидӯн рафт.

22 Ва инак, як зани канъонӣ дар он ҳудуд пеш омада, фарьёдкунон ба Ӯ гуфт: «Худовандо, Писари Довуд, ба ман марҳамат кун! Зеро ки духтарам сахт дар чанги дев аст».

23 Лекин Ӯ ба вай ҳеҷ ҷавоб надод. Ва шогирдонаш назди Ӯ омада, илтимос карданд: «Вайро ҷавоб деҳ, зеро ки аз ақиби мо фарьёд мезанад».

24 Дар ҷавоб гуфт: «Ман фақат барои гӯсфандони гумшудаи хонадони Исроил фиристода шудаам».

25 Лекин зан омада, ба Ӯ саҷда кард ва гуфт: «Худованно! Ба ман мадад кун».

26 Дар ҷавоб гуфт: «Нони бачагонро гирифта, пеши сагон партофтан хуб нест».

27 Зан гуфт: «Оре, Худовандо! Лекин сагон низ нонрезаҳоеро, ки аз суфраи оғоёнашон меафтад, мехӯранд».

28 Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Эй зан! Имони ту бузург аст; пас он чи хостӣ, барои ту бишавад». Ва духтари вай ҳамон соат шифо ёфт.


Шифо ёфтани беморони бисьёр.

29 Исо аз он ҷо ҳаракат карда, назди баҳри Ҷалил омад ва бар фарози кӯҳе баромада, дар он ҷо нишаст.

30 Ва мардуми бисьёре назди Ӯ бо лангон, кӯрон, гунгон, маъюбон ва хеле беморони дигар омада, онҳоро пеши пойҳои Исо гузоштанд; ва Ӯ онҳоро шифо дод,

31 Ба тавре ки мардум гунгонро гӯё, маъюбонро солим, лангонро равон ва кӯронро бино дида, дар ҳайрат монданд; ва Худои Исроилро ҳамду сано хонданд.


Сер шудани чор ҳазор мард.

32 Ва Исо шогирдони Худро пеш хонда, гуфт: «Ба ин мардум дилам месӯзад, зеро ки се рӯз боз назди Ман мебошанд ва барои хӯрдан чизе надоранд; намехоҳам онҳоро гурусна ҷавоб диҳам, ки мабодо дар роҳ бемадор шаванд».

33 Шогирдонаш дар ҷавоби Ӯ гуфтанд: «Аз куҷо дар биёбон он қадар нон ёбем, ки чунин анбӯҳро сер кунем?»

34 Исо ба онҳо гуфт: «Чандто нон доред?» Гуфтанд: «Ҳафтто, ва андак моҳии майда».

35 Пас ҷамоатро фармуд, ки бар замин биншинанд,

36 Ва ҳафт нон ва моҳиёнро гирифта, бо изҳори шукргузорӣ пора кард ва ба шогирдонаш дод, ва шогирдон ба мардум доданд.

37 Ва ҳама хӯрда сер шуданд; ва аз пораҳои боқимонда ҳафт сабадро пур карда бардоштанд;

38 Хӯрандагон, ғайр аз занону кӯдакон, чор ҳазор мард буданд.

39 Пас Ӯ мардумро ҷавоб дода, ба қаиқ савор шуд ва ба худуди Маҷдал омад.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan