Матто* 14 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ЧОРДАҲУМ Беқарории Ҳиродус. Қатли Яҳьёи Таъмиддиҳанда. 1 Дар он ҳангом овозаи Исо ба гӯши тетрарх Ҳиродус расид, 2 Ва ба хизматгузорони худ гуфт: «Ин Яҳьёи Таъмиддиҳанда аст; вай аз мурдагон эҳьё шудааст, ва аз ин сабаб ин мӯъҷизот аз вай ба зуҳур меояд». 3 Зеро ки Ҳиродус Яҳьёро дастгир карда ва баста, ба зиндон андохта буд, ба хотири Ҳиродия, зани Филиппус бародараш; 4 Зеро Яҳьё ба вай гуфта буд: «Ба ту раво нест, ки вайро ба занӣ бигирӣ». 5 Ва мехост ӯро ба қатл расонад, лекин аз мардум тарсид, чунки ӯро набӣ медонистанд. 6 Аммо вақте ки Ҳиродус рӯзи таваллуди худро ҷашн мегирифт, духтари Ҳиродия дар пеши аҳли базм рақсид, ва ин ба Ҳиродус бисьёр писанд афтод; 7 Аз ин рӯ ба вай қасам ёд карда, ваъда дод, ки ҳар он чи хоҳад, ба вай медиҳад. 8 Пас вай, бо талқини модари худ, гуфт: «Каллаи Яҳьёи Таъмиддиҳандаро дар ҳамин ҷо дар табақе ба ман ҳадия бикун». 9 Подшоҳ ғамгин шуд; лекин барои поси савгандаш ва ба хотири ононе ки ҳамроҳаш нишаста буданд, амр фармуд, ки дода шавад, 10 Ва ҷаллодеро фиристод, то дар зиндон каллаи Яҳьёро аз танаш ҷудо кунад. 11 Ва каллаи ӯро дар табақе оварда, ба духтар доданд, ва онро вай ба модари худ бурд. 12 Ва шогирдонаш омада, ҷасади вайро бардошта бурданду гӯр карданд; ва рафта, ба Исо хабар доданд. 13 Чун Ӯ инро шунид, ба қаиқ савор шуда, аз он ҷо танҳо ба ҷои хилвате рафт; ва мардум, чун шуниданд, аз ақиби Ӯ аз шаҳрҳо пиёда равона шуданд. 14 Ва Исо берун омада, анбӯҳи мардумро дид, ва ба онҳо раҳмаш омад, ва беморони онҳоро шифо дод. Сер шудани панҷ ҳазор мард. 15 Дар вақти аср шогирдонаш назди Ӯ омада, гуфтанд: «Ин ҷо ҷои хилват аст, вақт ҳам дер шуд; мардумро ҷавоб деҳ, то ки ба деҳот рафта, барои худ хӯроке бихаранд». 16 Ба онҳо гуфт: «Ҳоҷате нест, ки онҳо бираванд: шумо ба онҳо хӯрок диҳед». 17 Ба Ӯ гуфтанд: «Мо дар ин ҷо фақат панҷ нон ва ду моҳӣ дорем». 18 Гуфт: «Онҳоро ин ҷо назди Ман биёред». 19 Ва мардумро фармуд, ки бар сабза биншинанд, ва панҷ нону ду моҳиро гирифта, ба осмон нигаристу баракат дод ва нонро пора карда, ба шогирдон дод, ва шогирдон ба мардум доданд. 20 Ҳама хӯрданду сер шуданд; ва аз пораҳои боқимонда дувоздаҳ сабадро пур карда бардоштанд; 21 Ва хӯрандагон, ба ғайр аз занону бачагон, тақрибан панҷ ҳазор мард буданд. Исо бар об қадам мезанад. Сустимонии Петрус. 22 Дарҳол Исо шогирдони Худро фармуд, ки ба қаиқ савор шуда, пеш аз Ӯ ба соҳили дигар равона шаванд, то Ӯ мардумро ҷавоб диҳад. 23 Ва чун мардумро ҷавоб дод, барои дуо гуфтан танҳо бар фарози кӯҳе баромад; бегоҳирӯзӣ низ дар он ҷо танҳо буд. 24 Ва қаиқ ҳанӯз дар миёнаи баҳр буд ва аз мавҷҳо лат мехӯрд, зеро ки боди мухолиф мевазид. 25 Ва дар поси чоруми шаб Исо бар баҳр қадам зада, назди онҳо омад. 26 Ва шогирдон чун Ӯро диданд, ки бар баҳр қадам мезанад, дар изтироб афтода, гуфтанд: «Ин шабаҳ аст!» Ва аз тарс фарьёд заданд. 27 Лекин Исо дарҳол ба онҳо хитоб карда, гуфт: «Ором бошед; ин Манам, ҳаросон нашавед». 28 Петрус дар ҷавоби Ӯ гуфт: «Худовандо! Агар ин Туӣ, ба ман амр деҳ, то ки бар рӯи об назди Ту биёям». 29 Гуфт: «Биё». Ва Петрус аз қаиқ баромада, бар рӯи об равона шуд, то ки назди Исо биёяд; 30 Лекин чун боди шадидро дид, ҳаросон шуд ва дар ҳолате ки ғарқ мешуд, фарьёд кашид: «Худовандо! Маро халос кун». 31 Исо фавран дасташро дароз карда, вайро нигоҳ дошт ва гуфт: «Эй сустимон! Чаро шубҳа кардӣ?» 32 Вақте ки ба қаиқ даромаданд, бод сокит шуд. 33 Онҳое ки дар қаиқ буданд, назди Ӯ омада, саҷда карданд ва гуфтанд: «Ҳақиқатан Ту Писари Худо ҳастӣ». Шифо ёфтани беморон дар Ҷинесор. 34 Ва аз баҳр гузашта, ба сарзамини Ҷинесор омаданд. 35 Ва сокинони он мавзеъ Ӯро шинохтанд ва ба тамоми музофот касонеро фиристода, ҳамаи беморонро назди Ӯ оварданд, 36 Ва аз Ӯ илтимос менамуданд, ки фақат домани ҷомаи Ӯро ламс кунанд; ва ҳар кӣ ламс кард, шифо ёфт. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden