Матто* 13 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ СЕЗДАҲУМ Ҳафт масал дар бораи Малакути Осмон. Коранда. 1 Ва ҳамон рӯз Исо аз хона берун омада, дар канори баҳр нишаст. 2 Ва мардуми бисьёре назди Ӯ ҷамъ омаданд, ба тавре ки ӯ ба қаиқ даромада, нишаст, ва тамоми мардум дар канори баҳр меистоданд. 3 Ва бо масалҳо чизҳои бисьёрро ба онҳо омӯхта, гуфт: «Инак, корандае барои пошидани тухм берун рафт; 4 Ва чун тухм мепошид, қадаре дар канори роҳ афтод, ва паррандагон омада, онро хӯрданд; 5 Қадаре бар санглох афтод, дар ҷое ки хок бисьёр набуд, ва бо тезӣ сабзид, зеро ки хок умқ надошт; 6 Чун офтоб баромад, пажмурда шуд ва азбаски реша надошт, хушк шуд; 7 Қадаре дар миёни хорҳо афтод, ва хорҳо қад кашида, онро пахш карданд; 8 Қадаре дар хоки нағз афтод ва бор овард: баъзе сад баробар, баъзе шаст ва баъзе сӣ. 9 Ҳар кӣ гӯши шунаво дорад, бишнавад!» 10 Ва шогирдонаш омада, ба Ӯ гуфтанд: «Чаро ба онҳо бо масалҳо сухан мегӯӣ?» 11 Дар ҷавобашон гуфт: «Чунки ба шумо донистани асрори Малакути Осмон ато шудааст, лекин ба онҳо ато нашудааст; 12 Зеро ҳар кӣ дорад, ба вай дода ва афзуда шавад; лекин ҳар кӣ надорад, аз вай он чи низ дорад, гирифта шавад; 13 Аз он сабаб ба онҳо бо масалҳо сухан мегӯям, ки онҳо нигоҳ мекунанд, вале намебинанд, ва гӯш медиҳанд, вале намешунаванд, ва намефаҳманд; 14 Ва дар ҳаққи онҳо нубуввати Ишаъё ба амал меояд, ки гуфтааст: „Бо гӯшҳои худ хоҳед шунид, вале нахоҳед фаҳмид; бо чашмҳои худ нигоҳ хоҳед кард, вале нахоҳед дид; 15 Зеро ки дили ин мардум сангин ва гӯшҳошон вазнин шудааст, ва чашмони худро бастаанд, мабодо бо чашмон бубинанд ва бо гӯшҳо бишнаванд ва бо дилҳо бифаҳманд ва руҷӯъ кунанд, ва Ман онҳоро шифо диҳам“. 16 Лекин хушо чашмони шумо, ки мебинанд, ва гӯшҳои шумо, ки мешунаванд; 17 Зеро ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки басе анбиё ва одилон мехостанд он чиро, ки шумо мебинед, бубинанд, ва надиданд, ва он чиро, ки шумо мешунавед, бишнаванд ва нашуниданд. 18 Пас шумо маънои масали корандаро бишнавед: 19 Ҳар кӣ каломи Малакутро бишнавад, ва нафаҳмад, иблис назди вай омада, он чиро, ки дар дили вай кошта шудааст, мерабояд: ин ҳамон аст, ки дар канори роҳ кошта шудааст. 20 Ва кошташуда дар санглох он кас аст, ки каломро мешунавад ва дарҳол бо шодӣ қабул мекунад; 21 Лекин дар худ реша надорад ва ноустувор аст ва чун аз боиси калом азияте ё таъқиботе рӯй диҳад, дарҳол ба васваса меафтад. 22 Ва кошташуда дар миёни хорҳо он кас аст, ки каломро мешунавад, лекин андешаҳои дунёӣ ва ҳирси сарват каломро пахш мекунад, ва он бесамар мегардад. 23 Ва кошташуда дар хоки нағз он кас аст, ки каломро мешунавад ва мефаҳмад ва бор ҳам меоварад: баъзе сад баробар, баъзе шаст ва баъзе сӣ». Сирри дуюм: мастак дар миёни гандум. 24 Ва масали дигаре барои онҳо оварда, гуфт: «Малакути Осмон монанди касест, ки дар киштзори худ тухми некӯ коштааст; 25 Лекин вақте ки мардум дар хоб буданд, душмани вай омада, дар миёни гандум мастак пошид ва рафт; 26 Чун киштзор сабзид, ва самараш ба назар намоён шуд, мастак ҳам пайдо шуд. 27 Ғуломони соҳиби киштзор омада, гуфтанд: „Эй оғо! Оё дар киштзори худ тухми некӯ накоштаӣ? Пас мастак аз куҷо пайдо шуд?“ 28 Вай ба онҳо гуфт: „Ин кори душман аст“. Ғуломон ба вай гуфтанд: „Оё мехоҳӣ биравем ва онро чида гирем?“ 29 Вай гуфт: „Не, мабодо дар вақти чида гирифтани мастак гандумро ҳам аз реша биканед; 30 Бигзоред, ки то вақти дарав ҳар ду бо ҳам нумӯ кунанд; ва дар мавсими дарав ба даравгарон хоҳам гуфт: аввал мастакро чида гиреду барои сӯзондан банд‐банд кунед; лекин гандумро дар анбори ман захира кунед“». Сирри сеюм: донаи хардал. 31 Масали дигаре барои онҳо оварда, гуфт: «Малакути Осмон мисли донаи хардалест, ки касе онро гирифта, дар киштзори худ коштааст, 32 Ва гарчанде ки хурдтарини тухмҳост, чун нумӯ кунад, аз ҳамаи наботот бузургтар мешавад ва дарахт мегардад, ба тавре ки мурғони ҳаво омада, дар шохаҳояш ошьёна месозанд». Сирри чорум: хамиртуруш. 33 Ва масали дигаре ба онҳо гуфт: «Малакути Осмон монанди хамиртурушест, ки зане онро гирифта, ба се ченак орд андохт, то ки тамоми хамир расид». 34 Ҳамаи инҳоро Исо ба мардум бо масалҳо баён мекард, ва бе масал ба онҳо сухан намегуфт, 35 То ба амал ояд каломе ки бо забони набӣ гуфта шудааст: «Даҳони Худро ба масалҳо мекушоям; чизҳоеро, ки аз офариниши олам пинҳон мондааст, баён менамоям». Маънидоди сирри дуюм. 36 Он гоҳ Исо мардумро ҷавоб дода, ба хона даромад. Ва шогирдонаш назди Ӯ омада, гуфтанд: «Масали мастаки киштзорро ба мо бифаҳмон». 37 Дар ҷавоби онҳо гуфт: «Корандаи тухми некӯ Писари Одам аст; 38 Киштзор ин ҷаҳон аст; тухми некӯ писарони Малакут ҳастанд, ва мастакҳо писарони иблис мебошанд; 39 Ва душмане ки онҳоро кошт, иблис аст; мавсими дарав анҷоми олам аст, ва даравгарҳо фариштагонанд. 40 Пас, чӣ тавре ки мастакҳоро ҷамъ карда, дар оташ месӯзонанд, анҷоми олам низ ҳамон тавр ҳоҳад шуд: 41 Писари Одам фариштагони Худро ҳоҳад фиристод, ва онҳо аз Малакути Ӯ ҳамаи васвасакорон ва бадкоронро ҷамъ хоҳанд кард, 42 Ва онҳоро ба кӯраи оташ хоҳанд андохт; дар он ҷо гирья ва ғиҷирроси дандон хоҳад буд. 43 Он гох одилон дар Малакути Падари худ чун офтоб дурахшон хоҳанд шуд. Ҳар кӣ гӯши шунаво дорад, бишнавад! Сирри панҷум: ганҷи ниҳонӣ. 44 Боз Малакути Осмон монанди ганҷест, ки дар киштзор ниҳон бошад, ва онро касе ёфта, пинҳон кард, ва аз шодии он рафта, ҳар чи дошт, фурӯхт ва он киштзорро харид. Сирри шашум: марворид. 45 Боз Малакути Осмон монанди тоҷирест, ки марворидҳои хуб меҷуст, 46 Ва чун як марвориди гаронбаҳо ёфт, рафта, ҳар чи дошт, фурӯхт ва онро харид. Сирри ҳафтум: тӯр. 47 Боз Малакути Осмон монанди тӯрест, ки ба баҳр андохта шуд, ва ҳар навъ моҳӣ ба он даромад, 48 Ва чун пур шуд, онро ба соҳил кашиданд ва нишаста, хубҳоро дар зарфҳо ҷамъ карданд, лекин бадҳоро дур андохтанд. 49 Дар анҷоми олам ҳамин тавр хоҳад шуд: фариштагон берун омада, бадкоронро аз миёни одилон ҷудо мекунанд, 50 Ва онҳоро ба кӯраи оташ меандозанд: дар он ҷо гирья ва ғиҷирроси дандон хоҳад буд». 51 Исо ба онҳо гуфт: «Оё ҳамаи инро фаҳмидед?» Ба Ӯ гуфтанд: «Оре, Худовандо!» 52 Ба онҳо гуфт: «Бинобар ин ҳар китобдоне ки дар Малакути Осмон таълим ёфтааст, монанди соҳиби хонаест, ки аз ганҷинаи худ чизҳои нав ва кӯҳна берун меоварад». Исо ба Носира бармегардад ва Ӯро боз мункир мешаванд. 53 Вақте ки Исо ин масалҳоро ба оҳир расонд, аз он ҷо равона шуд, 54 Ва ба зодгоҳи Худ омада, онҳоро дар куништҳошон таълим дод, ба тавре ки онҳо дар ҳайрат монда, мегуфтанд: «Аз куҷост дар Ӯ чунин ҳикмат ва мӯъҷизот? 55 Оё Ӯ писари наҷҷор нест? Оё номи модараш Марьям нест, ва бародаронаш Яъқуб, Йӯсе, Шимъӯн ва Яҳудо? 56 Ва ҳамаи хоҳаронаш дар байни мо намебошанд? Пас, аз куҷост дар Ӯ ҳамаи ин чизҳо?» 57 Ва дар ҳаққи Ӯ ба васваса меафтоданд. Лекин Исо ба онҳо гуфт: «Пайғамбар беқадр набошад, ҷуз дар зодгоҳи худ ва дар хонаи худ». 58 Ва дар он ҷо ба сабаби беимонии онҳо мӯъҷизаи бисьёр нишон надод. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden