Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Масалҳо 9 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ НӮҲУМ Давоми он.

1 Ҳикмат хонаи худро бино кард, ҳафт рукни онро тарошид,

2 Парвории худро забҳ намуд, шароби худро омехта кард, ва суфраи худро орост;

3 Канизони худро фиристод, то ки аз болои баландиҳои шаҳр даъват намоянд:

4 «Касе ки соддадил аст, ин ҷо биёяд!» Ба ҳар каси беақл гуфт:

5 «Биёед, аз нони ман бихӯред, ва аз шаробе ки омехта кардаам, бинӯшед;

6 Соддадилиро тарк намоед ва зиндагӣ кунед, ва бо роҳи хирад қадамгузор шавед».

7 Ҳар кӣ масхарабозро насиҳат диҳад, ба худаш нанг меоварад, ва ҳар кӣ шарирро мазаммат кунад, худро доғдор месозад.

8 Масҳарабозро мазаммат накун: мабодо аз ту нафрат кунад; хирадмандро мазаммат намо, ва ӯ туро дӯст хоҳад дошт.

9 Хирадмандро сабақ омӯз, ва ӯ боз ҳам хирадмандтар хоҳад шуд; одилро таълим деҳ, ва дониши ӯ хоҳад афзуд.

10 Ибтидои ҳикмат тарси Худованд аст, ва шинохтани Қуддус хирад аст,

11 Чунки ба воситаи ман айёми ту зиёд хоҳад шуд, ва солҳои умри ту хоҳад афзуд.

12 Агар хирадманд бошӣ, ба нафъи худат хирадманд ҳастӣ; ва агар масхарабоз бошӣ, бори онро танҳо худат хоҳӣ бардошт.

13 Зани аблаҳ пуршӯр ва сабукмағз аст, ва чизе намедонад,

14 Ва назди дари хонаи худ, бар курсӣ, дар ҷойҳои баланди шаҳр менишинад,

15 То ки роҳгузаронро даъват намояд, — онҳоеро, ки бо роҳҳои рости худ равонанд:

16 «Касе ки соддадил аст, ин ҷо биёяд!» Ва ба ҳар каси беақл гуфт:

17 «Оби дуздӣ ширин аст, ва нони рустӣ лазиз аст».

18 Ва ӯ намедонад, ки он ҷо мурдагон ҳастанд: онҳое ки вай даъват намудааст, дар қаъри дӯзах мебошанд.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan