Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Масалҳо 8 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ҲАШТУМ Ситоиши ҳикмат.

1 Оё ҳикмат даъват наменамояд? Оё хирад овози худро намебарорад?

2 Дар ҷойҳои баланди сари роҳ, дар миёни чорроҳа меистад;

3 Дар паҳлуи дарвозаҳо, назди даромадгоҳи шаҳр, дар остонаи дарҳо нидо мекунад:

4 «Шуморо, эй шахсон, даъват менамоям, ва овози ман барои банӣ‐одам аст.

5 Эй соддадилон! Фаросат биомӯзед, ва эй аблаҳон, дониш биомӯзед.

6 Бишнавед, чунки суханони муҳим мегӯям, ва он чи аз лабҳои ман мебарояд, рост аст,

7 Зеро ки забони ман сухани ростро баён мекунад, ва шарорат барои лабҳои ман зишт аст;

8 Ҳамаи суханони даҳони ман ҳаққонист; дар онҳо каҷравӣ ва талбис нест;

9 Ҳамааш барои хирадманд равшан аст, ва барои ёбандагони дониш рост аст.

10 Насиҳати маро бештар аз нуқра қабул кунед, ва донишро беҳтар аз зари холис бидонед;

11 Зеро ки ҳикмат беҳ аз ҷавоҳир аст, ва ҳеҷ чизи дилхоҳ ба он баробар нест.

12 Ман, ҳикмат, дар фаросат сокин ҳастам, ва дониши тадбирсозро пайдо мекунам.

13 Худотарсӣ — аз бадӣ нафрат доштан аст: аз ғурур, ва ҳавобаландӣ, ва роҳи бад, ва даҳони каҷгуфтор нафрат дорам.

14 Машварат ва зиракӣ дар ман аст; ман хирад ҳастам; қувват дар ман аст.

15 Бо ман подшоҳон салтанат меронанд, ва мирон адлро ба сурати қонун медароваранд.

16 Бо ман сарварон, ва акобир, ва ҳамаи доварони замин сардорӣ мекунанд.

17 Дӯстдорони худро дӯст медорам, ва толибони ман маро хоҳанд ёфт.

18 Сарват ва ҷалол, ганҷи бақодор ва хайр бо ман аст.

19 Самари ман беҳ аз тилло ва зари холис аст, ва ҳосили ман беҳ аз нуқраи хушъиёр аст.

20 Бо роҳи адолат, андаруни тариқҳои инсоф меравам,

21 То ки дӯстдорони худро соҳиби сарват гардонам ва ганҷинаҳошонро пур кунам.

22 Худованд маро ибтидои роҳи Худ сохтааст, — пеш аз амалиёти Худ, аз қадимулайём:

23 Аз азал тарҳ ёфтаам, — аз ибтидо, пеш аз хилқати замин.

24 Вақте ки вартаҳо набуд, ба вуҷуд омадаам, — вақте ки чашмаҳои пур аз об набуд.

25 Пеш аз барпо шудани кӯҳҳо, пеш аз талҳо ба вуҷуд омадаам,

26 Вақте ки замин ва саҳроҳо ва аввали ғубори дуньёро Ӯ ҳанӯз наофарида буд.

27 Вақте ки Ӯ афлокро муҳайё мекард, он ҷо будам. Вақте ки Ӯ хати уфуқро бар рӯи варта мекашид,

28 Вақте ки абрҳоро дар боло барқарор менамуд, вақте ки чашмаҳои вартаро мустаҳкам мекард,

29 Вақте ки низоми баҳрро амр мефармуд, то ки обҳо аз ҳудуди он нагузаранд, вақте ки асосҳои заминро мегузошт, —

30 Он вақт назди Ӯ дастпарвард будам, ва ҳар рӯз ҳаловат мебурдам, ва ба ҳузури Ӯ ҳамеша хушҳолӣ менамудам, —

31 Дар замини офаридаи Ӯ хушҳолӣ менамудам, ва ба туфайли банӣ‐одам ҳаловат мебурдам.

32 Ва акнун, эй писарон, маро бишнавед; хушо касоне ки роҳҳои маро риоят мекунанд!

33 Насиҳатро бишнавед, ва ҳикматпеша бошед, ва онро рад накунед.

34 Хушо касе ки маро мешунавад, ҳар рӯз назди дарвозаи ман бедор меистад ва паҳлудариҳои маро нигаҳбонӣ мекунад!

35 Зеро касе ки маро ёфта бошад, ҳаётро ёфтааст, ва аз ҷониби Худованд ҳусни таваҷҷӯҳ хоҳад ёфт.

36 Валекин касе ки аз ман дур шавад, ба ҷони худ ҷафо мекунад; ҳамаи онҳое ки аз ман нафрат доранд, мамотро дӯст медоранд».

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan