Масалҳо 7 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ҲАФТУМ Давоми он. Оқибати ғамангези ҳаёти фосиқона. 1 Эй писарам! Суханони маро риоя намо, ва аҳкоми маро назди худ ниҳон дор. 2 Аҳкоми маро ҳифз намо ва зиндагӣ бикун, ва таълими маро — ҳамчун гавҳараки чашмони худ; 3 Онҳоро бар ангуштҳои худ бибанд, онҳоро бар лавҳи дили худ бинавис. 4 Ба ҳикмат бигӯй: «Ту хоҳари ман ҳастӣ!», ва хирадро хешованди худ бихон, 5 То ки туро аз зани ғайр нигаҳбонӣ намояд, аз зани зинокоре ки гуфтори худро нарм мекунад. 6 Зеро ки аз тирезаи хонаи худ, аз равзани худ назар андохтам, 7 Ва дар байни соддадилон дидам, ҷавони беақлеро мушоҳида намудам, 8 Ки дар бозор назди гӯшаи вай мегузашт ва ба роҳи хонаи вай қадам мезад, 9 Дар вақти салқинии бегоҳии рӯз, дар торикии шаб ва дар зулмот. 10 Ва инак, зане аз пеши ӯ баромад, бо либоси фоҳиша ва бо дили пурфиреб, 11 Зани пуршӯр ва беҳаё, ки пойҳои вай дар хонаи вай сокин нест: 12 Гоҳ дар берун аст, гоҳ дар кӯчаҳо, ва назди ҳар гӯша вай камин мекунад. 13 Ва ӯро дошту бӯса кард, ва бо чеҳраи бешарм ба ӯ гуфт: 14 «Қурбониҳои саломатӣ бар зиммаи ман буд: имрӯз назрҳои худро адо кардам. 15 Бинобар ин ба пешвози ту баромадам, то ки рӯи туро пазироӣ намоям, ва туро ёфтам. 16 Ҷогаҳи худро бо қолинҳо оростаам, бо сӯзаниҳои пурнақши мисрӣ. 17 Ҷойхоби худро бо мур, уд ва дорчин муаттар кардаам. 18 Биё, ки мо то дами субҳ аз ишқбозӣ сер шавем, сармасти муҳаббат гардем, 19 Чунки шавҳар дар хона нест: ба сафари дур рафтааст; 20 Ҳамьёни нуқра ба дасти худ гирифтааст; дар рӯзи моҳи пурра ба хонаи худ хоҳад баргашт». 21 Бо чарбгӯии зиёд дили ӯро рабуд, бо чоплусии лабҳои худ ӯро фирефта кард. 22 Дарҳол ӯ аз паи вай равона шуд, мисли барзагове ки сӯи кушишхона меравад, ва мисли аблаҳе — сӯи занҷири ҷазо, 23 То даме ки тир ҷигари ӯро реш кунад; мисли мурғаке ки сӯи дом мешитобад, ва намедонад, ки он барои ҳалокати ҷони ӯст. 24 Пас, эй писарон, маро бишнавед, ва ба гуфтори даҳони ман диққат намоед. 25 Дили худро ба роҳҳои вай моил накун, ба тариқҳои вай гумроҳ нашав, 26 Зеро ки вай касони зиёдро ғалтонида маҷрӯҳ кардааст, ва мақтулони вай аз ҳад афзунанд: 27 Хонаи вай роҳҳои дӯзах аст, ки ба таҳхонаҳои мамот фурӯд меоянд. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden