Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Масалҳо 6 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ШАШУМ Давоми он. Огоҳӣ аз коҳилӣ, бадӣ, зинокорӣ.

1 Эй писарам! Агар ба ёри худ зомин шуда, барои одами бегона дасти паймон дода бошӣ,

2 Ва бо гуфтаҳои даҳони худ ба дом афтода, ба бало монда бошӣ,

3 Пас, эй писарам, чунин бикун ва худро халосӣ деҳ, зеро ки ба дасти ёри худ афтодаӣ: рафта, гардан фурор ва аз ёри худ зорию илтиҷо намо;

4 Хобро ба чашмони худ роҳ надеҳ, ва ғанабро ба мижгони худ;

5 Худро мисли гавазне аз дасти сайёд ва мисли мурғе аз дасти домгузор халосӣ деҳ.

6 Эй коҳил! Назди мӯрча бирав, рафтори онро бингар ва ҳикмат биомӯз,

7 Ки вай қозӣ, мулозим ва ҳоким надорад,

8 Лекин хӯроки худро тобистон тайёр мекунад, ғизои худро дар мавсими дарав захира менамояд.

9 То ба кай, эй коҳил, хоб меравӣ? Аз хоби худ кай мехезӣ?

10 «Андак хоб, андак ғанаб, андак даст дар бағал хобидан».

11 Вале бенавоии ту мисли роҳзан хоҳад омад, ва мӯҳтоҷии ту — монанди шахси яроқнок.

12 Одами сафил, шахси талбискор бо каҷии даҳон рафтор мекунад,

13 Чашмакӣ мезанад, бо пойҳои худ сухан меронад, бо ангуштҳои худ имо мекунад;

14 Дасисаҳо дар дили ӯст; ҳамеша андешаи бад мекунад, ситезаҳо меангезад;

15 Бинобар ин ногаҳон ҳалокати ӯ хоҳад омад, нохост ӯ ба шикаст дучор хоҳад шуд, ва муолиҷае нахоҳад буд.

16 Инак шаш чиз, ки Худованд аз онҳо нафрат дорад, ва чизи ҳафтум, ки асли моҳияти он назди Ӯ зишт аст:

17 Чашмони ҳавобаландона, забони дурӯғгӯй ва дастҳое ки хуни бегуноҳро мерезад,

18 Диле ки қасдҳои бадро мепарварад, пойҳое ки сӯи бадӣ мешитобад,

19 Шоҳиди козибе ки суханони дурӯғ мебофад ва шахсе ки дар миёни бародарон ситезаҳо меангезад.

20 Эй писарам! Ҳукми падаратро риоя намо, ва таълими модаратро рад накун;

21 Онҳоро бар дили худ ба таври доимӣ бибанд, бар гардани худ онҳоро овезон бикун.

22 Вақте ки роҳ равӣ, ба ту роҳнамоӣ хоҳад кард; вақте ки хоб равӣ, туро нигаҳбонӣ хоҳад кард; вақте ки бедор шавӣ, бо ту мусоҳиба хоҳад кард,

23 Зеро ки ҳукм чароғ аст, ва таълим нур аст, ва насоеҳи адабомӯз роҳи ҳаёт аст,

24 То ки туро аз зани бадрафтор, аз нармзабонии зани зинокор нигоҳ дорад.

25 Зебоии варо дар дили худ тамаъ накун, ва туро вай бо пилкҳои худ ҷалб накунад,

26 Чунки аз дасти зани зинокор кас мӯҳтоҷи як лаб нон мешавад, ва зани шавҳардор ҷони азизеро ба дом меоварад.

27 Оё мумкин аст, ки касе оташро дар бағали худ бигирад, ва либосҳояш насӯзад?

28 Ё ки касе бар оташпораҳо роҳ равад, ва пойҳояш насӯзад?

29 Чунин аст ҳоли касе ки назди зани ёри худ биёяд: ҳар кӣ ба вай даст расонад, пок нахоҳад монд.

30 Дуздро афв мекунанд, агар ӯ дуздӣ кунад, то ки ҷони худро сер кунад, вақте ки гурусна монда бошад;

31 Вале ҳангоме ки вай дастгир мешавад, ҳафт чандон адо хоҳад кард: оре, тамоми бисоти хонаи худро хоҳад дод.

32 Касе ки бо зане зино кунад, беақл аст: нобудкунандаи ҷони худ чунин амал мекунад.

33 Ӯ зарбу лат ва шармандагӣ хоҳад ёфт, ва расвоии ӯ аз миён нахоҳад рафт,

34 Чунки рашк ғазаби шавҳарро меафрӯзад, ва дар рӯзи ниқор ӯ раҳм нахоҳад кард:

35 Ба бадали ҳеҷ фидия ба ту рӯйбинӣ нахоҳад кард, ва ришваро ҳар чанд бисьёр диҳӣ, розӣ нахоҳад шуд.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan