Масалҳо 5 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ПАНҶУМ Давоми он. Огоҳӣ аз фисқу фуҷур. 1 Эй писарам! Ба ҳикмати ман диққат намо, ба хиради ман гӯши худро бикшо, 2 То ки фаросатро маҳфуз дорӣ, ва лабҳои ту донишро риоя намояд, 3 Зеро ки лабҳои зани зинокор асал мерезад, ва гуфтори вай аз равған нармтар аст, 4 Вале оқибати он мисли явшон талх аст, мисли шамшери дудама тез аст; 5 Пойҳои вай сӯи мамот равон аст; қадамҳои вай ба дӯзах мебарад, 6 Бе он ки тариқи ҳаёт барояш ҳамвор шавад; роҳҳои вай вайрона аст, ба тавре ки худаш намедонад. 7 Ва акнун, эй писарон, маро бишнавед, ва аз гуфтаҳои даҳони ман дур нашавед. 8 Роҳи худро аз вай дур соз, ва ба дари хонаи вай наздик нашав: 9 Мабодо таровати худро ба дигарон бидиҳӣ, ва солҳои худро ба ситамгар; 10 Мабодо бегонагон аз қуввати ту сер шаванд, ва маҳсули ранҷи ту дар хонаи ғайр бимонад. 11 Ва дар охири умри худ фиғон хоҳӣ бардошт, вақте ки ҷисму андомат барбод равад, — 12 Ва хоҳӣ гуфт: «Чаро аз насиҳат нафрат кардам, ва дилам ба мазаммат беэътиноӣ намуд, 13 Ва овози устодони худро нашунидам, ва ба муаллимони худ гӯш надодам? 14 Кам монда буд, ки дар миёни мардум ва ҷамоат ба ҳар бало гирифтор шавам!» 15 Обро аз чуқурии худ бинӯш, оберо, ки аз чоҳи худат ҷорист. 16 Чашмаҳоят фаро рехта, берун хоҳанд рафт, ба сони ҷӯйҳои об дар кӯчаҳо; 17 Онҳо танҳо ба ту тааллуқ хоҳанд дошт, ва на ба бегонагон бо ту. 18 Чашмаи ту муборак хоҳад буд; ва аз зани ҷавонии худ шод бош, 19 Ки мисли ғизоли шаҳватангез ва оҳуи меҳрафрӯз аст; пистонҳои вай ҳамеша ба ту лаззат хоҳад бахшид; доимо саргарми муҳаббати вай хоҳӣ буд. 20 Пас чаро, эй писарам, сармасти зани ғайр гардӣ? Ва синаи зани зинокорро дар оғӯш гирӣ? 21 Зеро ки роҳҳои одамизод дар пеши назари Худованд аст, ва Ӯ ҳамаи тариқҳои варо месанҷад. 22 Шарирро гуноҳҳои худаш ба дом меоварад, ва бо камандҳои хатои худаш вай баста мешавад. 23 Вай аз боиси беадабӣ мемирад, ва аз бисьёрии аблаҳии худ нобуд мешавад. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden