Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Масалҳо 4 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ЧОРУМ Давоми он. Панди падарона.

1 Эй писарон! Насиҳати падарро бишнавед, ва диққат намоед, то ки хирад биомӯзед,

2 Зеро ки ба шумо сабақи некӯ медиҳам; таълими маро тарк накунед.

3 Вақте ки ман дар хонаи падари худ писар будам, ва пеши модари худ азиз ва ягона,

4 Ӯ маро таълим медод, ва ба ман мегуфт: «Бигзор дили ту суханони маро маҳфуз дорад; Аҳкоми маро нигоҳ дор, ва зиндагӣ бикун.

5 Ҳикмат ба даст овар, хирад ба даст овар; инро фаромӯш накун, ва аз гуфтаҳои даҳони ман сар напеч.

6 Онро тарк накун, ва он туро ҳифз хоҳад кард; онро дӯст дор, ва он туро нигаҳбонӣ хоҳад намуд.

7 Ибтидои ҳама чиз ҳикмат аст, пас ҳикмат ба даст овар, ва бо тамоми дороии худ хирад ба даст овар.

8 Онро қадрдонӣ намо, ва он туро баланд хоҳад бардошт; агар онро дар оғӯш кашӣ, он туро ҷалол хоҳад дод,

9 Бар сарат тоҷи латофат хоҳад гузошт, ва афсари шавкат ба ту ато хоҳад кард».

10 Эй писарам! Бишнав, ва суханони маро қабул намо, — ва солҳои умри ту афзун хоҳад шуд.

11 Тариқи ҳикматро ба ту меомӯзам, ба роҳҳои ростӣ туро ҳидоят менамоям.

12 Ҳангоме ки роҳ равӣ, қадамҳоят танг нахоҳад шуд, ва ҳангоме ки бидавӣ, пешпо нахоҳӣ хӯрд.

13 Насиҳатро нигоҳ дор, тарк накун; онро маҳфуз дор, зеро ки он ҳаёти туст.

14 Ба роҳи шарирон дохил нашав, ва дар тариқи бадкешон қадам нагузор.

15 Онро рад намо, дар он қадамгузор нашав; аз он канорагирӣ намуда, гузашта рав,

16 Чунки, агар бадӣ накунанд, хобашон намебарад, ва агар касеро пешпо надиҳанд, хобашон мегурезад,

17 Зеро ки нони шароратро мехӯранд ва шароби зулмро менӯшанд.

18 Вале тариқи одилон мисли нури саҳар аст, ки то нимирӯзӣ торафт бештар медурахшад.

19 Роҳи шарирон мисли зулмот аст: намедонанд, ки ба чӣ пешпо мехӯранд.

20 Эй писарам! Ба суханони ман диққат намо, ба гуфтаҳои ман гӯши худро бикшо.

21 Онҳо аз назарат дур нашавад; онҳоро андаруни дили худ маҳфуз дор,

22 Зеро, ҳар кӣ онҳоро биёбад, барои вай онҳо ҳаёт аст, ва барои тамоми ҷисми вай офият аст.

23 Бештар аз ҳар чизи ҳифзталаб дили худро маҳфуз дор, зеро ки зуҳуроти ҳаёт аз он аст.

24 Кизбро аз даҳони худ рад намо, ва маломатро аз лабҳои худ дур соз.

25 Бигзор чашмони ту рост бингарад, ва мижгони ту ба самти рӯ ба рӯ равона бошад.

26 Барои пойҳои худ роҳро ҳамвор намо, то ки ҳамаи тариқҳои ту рост бошад.

27 Ба тарафи рост ва чап моил нашав; пои худро аз бадӣ дур соз.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan