Масалҳо 30 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ СИЮМ Суханони ҳикматноки Огур. 1 Суханони Огур ибни Ёқеи Массоӣ. Гуфтори ин мард ба Итиэл, ба Итиэл ва Ухол: 2 Яқинан, ман аз ҳар кас ҷоҳилтар ҳастам, ва хиради одамӣ дар ман нест. 3 Ва ҳикмат наомӯхтаам, то ки шинохтани Қуддусро бидонам. 4 Кист, ки ба осмон сууд кард ва аз он ҷо нозил шуд? Кист, ки бодро дар мушти худ ҷамъ кард? Кист, ки обро дар пероҳан банд кард? Кист, ки тамоми ақсои заминро барқарор кард? Номи ӯ чист ва номи писари ӯ чист? Оё медонӣ? 5 Ҳар сухани Худо покиза аст; Ӯ барои онҳое ки ба Ӯ паноҳ мебаранд, сипар аст. 6 Ба суханони Ӯ чизе илова накун: мабодо туро мазаммат намояд, ва ту дурӯғгӯй шавӣ. 7 Ду чиз аз Ту мепурсам; онҳоро барои ман, пеш аз он ки бимирам, манъ нанамо: 8 Ҳеҷу пуч ва дурӯғро аз ман дур соз, бенавоӣ ва сарватро ба ман надеҳ, ризқу рӯзӣ ба ман бирасон: 9 Мабодо бисьёр сер шуда, Туро инкор кунам ва бигӯям: «Худованд кист?» Ва мабодо бенаво шуда, дуздӣ кунам ва исми Худои худро беҳурмат созам. 10 Ғуломро ба оғои вай бадгӯӣ накун: мабодо вай туро лаънат кунад, ва ту айбдор шавӣ. 11 Насле ҳастанд, ки падари худро лаънат мекунанд ва модари худро табрик намегӯянд. 12 Насле ҳастанд, ки дар назари худ пок мебошанд, ва ҳол он ки аз наҷосати худ шуста нашудаанд. 13 Насле ҳастанд, ки — оҳ, чашмонашон чӣ гуна ҳавобаландона аст, ва мижгонашон чӣ гуна барафрошта! 14 Насле ҳастанд, ки дандонҳошон шамшерҳост, ва дандонҳои осиёашон — кордҳо, то ки бенавоёнро аз рӯи замин ва мискинонро аз миёни одамон бихӯранд. 15 Шуллук ду духтар дорад: «Бидеҳ, бидеҳ!» Инак се чизе ки сер намешаванд, ва чор чизе ки намегӯянд: «Бас!» 16 Дӯзах ва батни нозой, замине ки аз об сер намешавад, ва оташе ки намегӯяд: «Бас!» 17 Чашме ки падарро тамасхур мекунад ва аз итоати модар нафрат дорад, зоғони водӣ онро нӯл зада мекананд, ва бачаҳои уқоб онро мехӯранд. 18 Инак се чизе ки барои ман ақлнорас аст, ва чор чизе ки ман намефаҳмам: 19 Роҳи уқоб дар осмон, роҳи мор бар кӯҳпора, роҳи киштӣ дар миёни баҳр ва роҳи мард сӯи ҷавондухтар. 20 Ҳамчунин роҳи зани зинокор: мехӯрад, ва даҳони худро пок мекунад, ва мегӯяд: «Кори баде накардаам». 21 Аз се чиз замин меларзад, ва чор чизро наметавонад бардорад: 22 Ғуломеро, ки подшоҳ мешавад; нокасеро, ки аз нон сер мешавад; 23 Зани нафратангезеро, ки ба шавҳар мерасад, ва канизеро, ки ҷойгири хотуни худ мешавад. 24 Чор ҷонвари хурд дар рӯи замин ҳастанд, вале онҳо бағоят бохирад мебошанд: 25 Мӯрчаҳо, ки қавми паҳлавон нестанд, вале хӯроки худро тобистон тайёр мекунанд; 26 Заргӯшҳо, ки қавми пурзӯр нестанд, вале хонаи худро дар сахра буньёд мекунанд; 27 Малах, ки подшоҳ надорад, вале саросар саф баста берун меояд; 28 Калтакалос, ки бо даст дошта мешавад, вале вай дар қасрҳои подшоҳон мебошад. 29 Се ҷонвари мавзунқадам ҳастанд, ва чор ҷонвари хушрафтор: 30 Шере ки дар миёни ҳайвонот зӯровар аст ва аз пеши ҳеҷ кадоме қафо намеравад; 31 Аспи чоргома, ва така, ва подшоҳе ки қавмаш ҳамроҳи ӯст. 32 Агар ба туфайли ҳавобаландии худ разилӣ кардаӣ, ва агар соҳибфикр ҳастӣ, даст бар даҳон бимон, 33 Зеро, чунон ки аз фишор додани шир маска берун меояд, ва аз фишор додани бинӣ хун берун меояд, ончунон аз фишор додани хашм ҷанҷол берун меояд. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden