Масалҳо 3 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ СЕЮМ Давоми ҳамон насиҳат. Некӯӣ ба тарсгорони Худо ва ба хирадмандон. 1 Эй писарам! Таълими маро фаромӯш накун, ва бигзор дили ту аҳкоми маро маҳфуз дорад, 2 Зеро ки дарозии айём ва солҳои ҳаёт ва осоиштагиро барои ту афзун хоҳанд кард. 3 Бигзор эҳсон ва ростӣ туро тарк накунанд: онҳоро бар гардани худ бибанд, ва бар лавҳи дили худ бинавис, 4 Ва дар назари Худо ва одамон таваҷҷӯҳ ва шиносоии нек пайдо хоҳӣ кард. 5 Бо тамоми дили худ ба Худованд таваккал намо, ва ба хиради худ такья накун. 6 Дар ҳамаи тариқҳои худ Ӯро дарк намо, ва Ӯ роҳҳои туро ҳамвор хоҳад кард. 7 Дар назари худат хирадманд набош, аз Худованд битарс, ва аз бадӣ дур шав: 8 Ин барои нофи ту офият ва барои устухонҳои ту илик хоҳад шуд. 9 Аз дороии худ ва аз гузини тамоми ҳосилоти худ Худовандро ҷалол деҳ, 10 Ва анборҳои ту то ба ҳадди фаровонӣ пур хоҳад шуд, ва чархуштҳои ту аз шираи ангур лабрез хоҳад гардид. 11 Эй писарам! Ҷазои Худовандро рад накун, ва аз мазаммати Ӯ дилгир нашав, 12 Зеро ки Худованд ҳар киро дӯст дорад, варо мазаммат мекунад, ва ба вай, монанди падар ба писараш, таваҷҷӯҳ менамояд. 13 Хушо касе ки ҳикмат пайдо кардааст, ва касе ки ба хирад ноил шудааст! 14 Зеро ки фоидаи он аз фоидаи нуқра, ва ҳосили он аз зари холис беҳтар аст. 15 Он аз ҷавоҳир азизтар аст, ва ҳеҷ чизи дилхоҳи ту ба он баробар нест. 16 Дар ямини он дарозии айём аст, ва дар дасти чапи он — сарват ва ҷалол. 17 Роҳҳои он роҳҳои хуш аст, ва ҳамаи тариқҳои он — осоиштагӣ. 18 Барои касоне ки онро нигоҳ медоранд, нахли ҳаёт аст, — ва хушо касе ки онро маҳфуз медорад! 19 Худованд заминро бо ҳикмат буньёд кард, осмонро бо хирад барқарор намуд. 20 Бо ҳикмати Ӯ вартаҳо шикофта шуд, ва абрҳо шабнамро меборонад. 21 Эй писарам! Ин чизҳо аз назарат дур нашавад; зеҳн ва фаросатро нигоҳдорӣ намо, — 22 Ва онҳо барои ҷони ту ҳаёт ва барои гардани ту зевар хоҳанд буд. 23 Он гоҳ дар роҳи худ бо амният қадамгузор хоҳӣ шуд, ва пои ту нахоҳад лағжид. 24 Вақте ки хоб равӣ, нахоҳӣ тарсид; ва чун хобат барад, хоби ту ширин хоҳад буд. 25 Аз ваҳми ногаҳонӣ нахоҳӣ тарсид, ва аз ситами шарирон, вақте ки падид ояд, 26 Зеро ки Худованд умедбахши ту хоҳад буд, ва пои туро аз дом нигоҳ хоҳад дошт. 27 Аз некӣ кардан ба мӯҳтоҷе даст накаш, вақте ки кардани он аз дастат ояд. 28 Ба ёри худ нагӯй: «Бирав ва бозгард, ва фардо хоҳам дод», вақте ки дар пеши худ дошта бошӣ. 29 Дар ҳаққи ёри худ андешаи бад накун, вақте ки вай пеши ту бо эътимод нишаста бошад. 30 Бо касе бе сабаб муноқиша накун, вақте ки вай ба ту бадӣ накарда бошад. 31 Аз шахси золим ҳасад набар, ва аз роҳҳои вай ҳеҷ якеро интихоб накун, 32 Зеро ки каҷкор назди Худованд зишт аст, аммо бо росткорон Ӯ маҳрами асрор аст. 33 Лаънати Худованд бар хонаи шарир аст, вале маскани одилонро Ӯ баракат медиҳад. 34 Масхарабозонро Ӯ албатта тамасхур мекунад, лекин ба фурӯтанон файз мебахшад. 35 Хирадмандон вориси ҷалол мешаванд, вале аблаҳон ба худ нанг меоваранд. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden