Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Масалҳо 29 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ БИСТУ НӮҲУМ Давоми он. Ҳикмат некӯӣ меоварад; гуноҳ ва шарорат ба ҳалокат бурда мерасонад.

1 Шахсе ки мазамматҳоро шунида, гарданкашӣ кунад, баногоҳ шикаст хоҳад хӯрд, ва ӯро паноҳгоҳе нахоҳад буд.

2 Вақте ки одилон ҳоким бошанд, қавм шод мегарданд; вале вақте ки шарир ҳукмфармо шавад, қавм оҳу нола мекунанд.

3 Касе ки ҳикматро дӯст дорад, падари худро шод мекунад; вале фоҳишабоз дороии худро исроф менамояд.

4 Подшоҳ мамлакатро бо адлу инсоф устувор мегардонад, вале шахсе ки боҷу хироҷи зиёд меситонад, онро хароб мекунад.

5 Шахсе ки ба ёри худ тамаллуқ гӯяд, ба пойҳои вай дом мениҳад.

6 Шарир ба доми ҷинояташ гирифтор хоҳад шуд, вале одил дилхушӣ ва хурсандӣ мекунад.

7 Одил ба даъвои бенавоён диққат медиҳад; шарир ба он сарфаҳм намеравад.

8 Мардуми масхарабоз шаҳрро ба шӯр меоваранд, вале хирадмандон ҷидолро хомӯш мекунанд.

9 Агар шахси хирадманд бо шахси беақл муҳокима намояд, беақл гоҳе ба хашм меояд ва гоҳе механдад, ва ӯро оромише нест.

10 Хунхӯрон аз шахси беайб нафрат доранд, вале росткорон офияти ҷони ӯро хоҳонанд.

11 Аблаҳ тамоми хашми худро берун меоварад, вале хирадманд охируламр онро сокит мекунад.

12 Агар ҳоким ба суханони дурӯғ гӯш андозад, ҳамаи хизматгузорони ӯ шарир мешаванд.

13 Бенаво ва шахси дасисакор бо ҳамдигар вомехӯранд; ба чашмони ҳар дуи онҳо нурбахш Худованд аст.

14 Агар подшоҳ мискинонро ба ростӣ доварӣ намояд, тахти ӯ ба сурати абадӣ устувор мегардад.

15 Чӯби адаб ҳикмат мебахшад; вале бачаи беназорат модари худро нангин мекунад.

16 Бо афзоиши шарирон ҷиноят меафзояд, вале одилон мағлубияти онҳоро хоҳанд дид.

17 Писари худро таъдиб намо, ва ӯ боиси оромиши ту мегардад, ва ҷони туро ҳаловат мебахшад.

18 Бе ваҳй қавм беқайд мешаванд, ва хушо касе ки шариатро риоят мекунад!

19 Ғулом аз суханон сабақ намегирад, зеро ки, онҳоро фаҳмад ҳам, итоат намекунад.

20 Оё шахсеро дидаӣ, ки дар сухан гуфтан шитоб мекунад? Умед аз аблаҳ, назар ба вай, бештар аст.

21 Кас агар ғуломи худро аз бачагӣ нозпарвард кунад, вай оқибат мехоҳад писар шавад.

22 Шахси хашмгин ситеза меангезад, ва тундмизоҷ бисьёр ҷиноят мекунад.

23 Ғурури одам варо хор мекунад, вале шахси фурӯтан ҷалол меёбад.

24 Касе ки бо дузд шарик шавад, ба ҷони худ душман аст: қасам мехӯрад, вале намегӯяд.

25 Тарсончакии одам ба дом меоварад, вале касе ки ба Худованд таваккал кунад, аз хатар эмин аст.

26 Бисьёр касон дидори ҳокимро толибанд, вале қазои одам аз ҷониби Худованд аст.

27 Шахси ноинсоф назди одилон зишт аст, ва рострав назди шарир зишт аст.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan