Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Масалҳо 27 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ БИСТУ ҲАФТУМ Давоми он. Огоҳӣ аз худситоӣ.

1 Аз рӯзи фардо фахр накун, зеро намедонӣ, ки дар як рӯз чӣ ҳодиса рӯй медиҳад.

2 Бигзор туро дигаре ситоиш намояд, на ин ки даҳони худат, — бегонае, на ин ки лабҳои худат.

3 Санг гарон аст, ва рег вазнин, вале хашми шахси беақл аз ҳар дуи онҳо гаронтар аст.

4 Ғазаб бераҳм аст, ва хашм мисли селоб, вале кист, ки тавонад пеши рашк истодагӣ кунад?

5 Мазаммати ошкор беҳ аз муҳаббати пинҳонӣ.

6 Таънаҳои дӯст самимист, вале бӯсаҳои бадхоҳ бисьёр аст.

7 Ҷони сер аз шаҳд ҳам нафрат мекунад, вале барои ҷони гурусна ҳар талхӣ ширин аст.

8 Чунон ки мурғак аз лонаи худ овора мешавад, ончунон аст касе ки аз макони худ овора шавад.

9 Равған ва атр дилро шод мекунад, ва ширинии ёр аз машварати ҷонист.

10 Ёри худ ва ёри падари худро тарк накун, ва дар рӯзи мусибати худ ба хонаи бародари худ нарав: ҳамсояи наздик беҳ аз бародари дур.

11 Эй писарам! Бохирад бош, ва дили маро шод гардон, то ки ман ба бадгӯи худ тавонам ҷавоб диҳам.

12 Шахси бофаросат мусибатро мебинад, пинҳон мешавад: соддадилон гузашта мераванд, ва ҷазо меёбанд.

13 Либоси ӯро бигир, чунки ба бегона зомин шудааст; ва аз ӯ, ки зомини шахси ғайр аст, гарав бигир.

14 Кас агар, субҳидам бармаҳал хеста, ёри худро бо овози баланд табрик гӯяд, ин барои вай лаънат ҳисоб меёбад.

15 Чак‐чаки шилқини бом дар рӯзи борон ва зани ситезакор баробар аст:

16 Касе ки хоҳад варо ниҳон дорад, мисли касест, ки мехоҳад бодро ниҳон дорад, ё равғанеро, ки дар кафи рости худ нигоҳ дошта бошад.

17 Оҳан оҳанро тез мекунад; ҳамчунин одам симои ёри худро пардоз медиҳад.

18 Касе ки ба дарахти анҷир нигоҳубин кунад, меваи онро хоҳад хӯрд; ҳамчунин касе ки оғои худро нигоҳдорӣ кунад, иззат хоҳад ёфт.

19 Чунон ки дар об чеҳра акси чеҳра бошад, ончунон дили одам акси одам аст.

20 Аваддон ва дӯзах сер намешаванд; ҳамчунин чашмони одам сер намешавад.

21 Бӯта барои нуқра аст, ва кӯра — барои тилло; вале одам аз рӯи таърифи ӯ озмуда мешавад.

22 Агар беақлро дар ҳован дар миёни дону дун бо ҳовандаста бикӯбӣ, беақлии вай аз вай ҷудо намешавад.

23 Аз аҳволи чорвои худ ба хубӣ хабардор бош, ба рамаҳо ғамхорӣ намо,

24 Зеро ки сарват абадӣ нест, тоҷ ҳам магар аз насл ба насл аст?

25 Вақте ки алаф аз назар ғоиб шуд, ва сабза неш зада баромад, ва гиёҳҳои кӯҳӣ ғундошта мешавад,

26 Гӯсфандон барои либоси туст, ва такаҳо — барои нархи замин.

27 Ва шири бузҳо барои хӯроки ту, барои хӯроки аҳли байти ту ва барои ризқу рӯзии канизони ту кофист.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan