Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Масалҳо 26 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ БИСТУ ШАШУМ Давоми он. Коҳилон ва дурӯғгӯён сазовори обрӯ нестанд.

1 Чунон ки барф дар тобистон ва борон дар мавсими дарав бошад, ончунон иззат ба аблаҳ муносиб нест.

2 Чунон ки мурғак мепарад, чунон ки фароштурук парвоз мекунад, ончунон лаънати ноҳақ ба нишон намерасад.

3 Қамчин барои асп аст, халачӯб барои хар, ва чӯб барои тахтапушти аблаҳон.

4 Ба аблаҳ мувофиқи беақлии вай ҷавоб надеҳ: мабодо ту низ ба вай монанд шавӣ.

5 Ба аблаҳ мувофиқи беақлии вай ҷавоб деҳ: мабодо ба назари худаш хирадманд намояд.

6 Касе ки ба аблаҳ супорише диҳад, ба пойҳои худ нуқсон мерасонад, худро ба азоб мемонад.

7 Чунон ки соқҳои пои ланг печутоб мехӯрад, ончунон масал дар даҳони аблаҳон аст.

8 Касе ки аблаҳро иззат кунад, мисли касест, ки санге дар фалахмон бимонад.

9 Чунон ки дар дасти маст хор медарояд, ончунон масал дар даҳони аблаҳон аст.

10 Оғо ҳама чизро вайрон мекунад, агар аблаҳро киро кунад ва ё роҳгузаронро киро кунад.

11 Чунон ки саг ба қаи худ бармегардад, ончунон аблаҳ беақлии худро такрор мекунад.

12 Оё шахсеро дидаӣ, ки дар назари худаш хирадманд аст? Умед аз аблаҳ, назар ба вай, бештар аст.

13 Коҳил мегӯяд: «Шер дар сари роҳ аст! Асад дар миёни кӯчаҳост!»

14 Дарвоза бар ошиқ‐маъшуқаш мегардад, вале коҳил бар бистараш.

15 Коҳил дасти худро дар табақ меандозад, ва аз бурдани он ба даҳони худ монда мешавад.

16 Коҳил дар назари худ хирадмандтар аст аз ҳафт касе ки бомулоҳиза ҷавоб медиҳанд.

17 Касе ки ба ҷанҷоли дигарон дахолат кунад, мисли роҳгузарест, ки сагро аз гӯшҳои он бидорад.

18 Чунон ки касе, шӯхикунон, шарораҳои оташ ва тирҳои марговар меандозад,

19 Ончунон аст шахсе ки ёри худро фиреб диҳад ва гӯяд: «Ман фақат шӯхӣ кардам».

20 Ҳезум набошад — оташ хомӯш мешавад, ва бадгӯӣ набошад — ситеза сокит мешавад.

21 Чунон ки ангишт барои оташпораҳо ва ҳезум барои оташ аст, ончунон шахси ситезакор барои ҷанҷол хезондан аст.

22 Суханони бадгӯй мисли таомҳои лазиз аст, ва онҳо андаруни ботин фурӯ меравад.

23 Чунон ки ғаши нуқра бар зарфи сафолин андуда мешавад, ончунон лабҳои оташбор ва дили пуркина аст.

24 Бадхоҳ бо лабҳои худ чашмбандӣ мекунад, вале дар ботини худ макрро ҷо медиҳад;

25 Бо овози нарм гап занад ҳам, ба сухани ӯ бовар накун, чунки ҳафт зиштӣ дар дили ӯст;

26 Кинаи ӯ бо найранг рӯпӯш шавад ҳам, оқибат бадии ӯ дар миёни ҷамоат ошкор мегардад.

27 Касе ки чоҳ канад, худаш дар он фурӯ меғалтад, ва касе ки санг ғелонад, он ба худаш бармегардад.

28 Забони дурӯғгуй ба касоне ки неш мезанад, кина дорад, ва даҳони тамаллуқгӯй дом мениҳад.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan