Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Масалҳо 25 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ БИСТУ ПАНҶУМ Давоми он. Обрӯ мукофоти ҳикмат аст.

1 Инҳо низ масалҳои Сулаймон аст, ки одамони Ҳизқиё подшоҳи Яҳудо ҷамъ овардаанд.

2 Пӯшида доштани кор ҷалоли Худост, ва тафтиш кардани кор ҷалоли подшоҳон аст.

3 Чунон ки осмон аз ҷиҳати баландияш ва замин аз ҷиҳати умқаш бошад, ончунон дили подшоҳон тафтишнопазир аст.

4 Ғашро аз нуқра дур кун, ва зарфе назди заргар пайдо мешавад;

5 Шарирро аз ҳузури подшоҳ дур кун, ва тахти ӯ бар адолат барқарор мегардад.

6 Дар ҳузури подшоҳ калонигарӣ накун, ва дар ҷои бузургон наист,

7 Чунки беҳтар аст ба ту бигӯянд: «Болотар бинишин», аз ин ки ба ҳузури калоншавандае ки чашмонат ӯро дидааст, туро поёнтар фуроранд.

8 Барои ҷанҷол хезондан шитоб накун, зеро дар охири он, вақте ки туро ёри ту расво кунад, чӣ кор мекунӣ?

9 Ҷанҷоли худро бо ёри худ бикун, вале сирри шахси дигарро ошкор накун:

10 Мабодо касе ки бишнавад, туро мазаммат намояд, ва бӯҳтони ту бимонад.

11 Сухане ки дар мавқеаш гуфта шуда бошад, мисли себҳои заррин аст, ки кандакориҳои нуқра доранд.

12 Панди хирадманд барои гӯши шунаво мисли гӯшвораи тилло ва зевари зари сурх аст.

13 Қосиди амин барои фиристандагони худ мисли салқинии барф дар рӯзи дарав аст, чунки ҷони оғоёни худро қувват мебахшад.

14 Касе ки аз инъомҳои бардурӯғ фахр кунад, мисли абрҳо ва шамоли беборон аст.

15 Бо сабурӣ мирро ба марҳамат моил кардан мумкин аст, ва забони нарм устухонро мешиканад.

16 Агар асал ёфтӣ, ба қадри кофӣ бихӯр: мабодо аз ҳад зиёд аз он сер шуда, қай кунӣ.

17 Пои худро аз зуд‐зуд рафтан ба хонаи ёри худ нигоҳ дор: мабодо аз дидори ту сер шуда, аз ту нафрат кунад.

18 Касе ки ба зидди ёри худ шаҳодати дурӯғ диҳад, мисли табарзин ва шамшер ва тири тез аст.

19 Умед бастан ба хоин дар рӯзи сахт мисли дандони лиққонак ва пои лағзанда аст.

20 Сурудани ғазалҳо барои дили ғамгин мисли кашидани либос дар рӯзи сард ва рехтани сирко бар ҷароҳат аст.

21 Агар душмани ту гурусна бошад, шиками ӯро сер кун; ва агар ташна бошад, ба ӯ об деҳ,

22 Зеро ки бо чунин рафторат бар сари ӯ оташпораҳо фурӯ хоҳӣ рехт, ва Худованд ба ту подош хоҳад дод.

23 Боди шимолӣ боронро ба вуҷуд меоварад, ва забони бӯҳтонгӯй — чеҳраҳои хашмгинро.

24 Зистан дар гӯшаи бом беҳ аз зистан бо зани ситезакор дар хонаи фарох.

25 Хабари хуш аз кишвари дур мисли оби сард барои ҷони хаста аст.

26 Одиле ки пеши шарир фурӯ меғалтад, мисли чашмаи лойолуд ва манбаи вайрон аст.

27 Бисьёр асал хӯрдан хуб нест, ва ҷалол он аст, ки кас ҷалоли худро маҳдуд намояд.

28 Касе ки бар рӯҳи худ ҳоким нест, мисли шаҳри вайронаи беҳисор аст.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan