Масалҳо 24 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ БИСТУ ЧОРУМ Давоми он. Ба таври махсус дар бораи сабр ва илтифот. 1 Аз касони бад ҳасад набар, ва бо онҳо буданро ҳавас накун, 2 Чунки дили онҳо дар фикри тороҷ аст, ва лабҳои онҳо дар бораи хабосат сухан меронад. 3 Хона бо ҳикмат бино меёбад ва бо хирад барқарор мегардад. 4 Ва бо дониш ҳуҷраҳо аз ҳар навъ молу мулки гаронбаҳо ва дилпазир пур мешавад. 5 Марди хирадманд боиқтидор аст, ва шахси донишманд бо қуввати худ ҷасур аст, 6 Чунки бо тадбирсозӣ метавонӣ барои худ ҷанг кунӣ, ва зафар аз машваратчиёни бисьёр аст. 7 Ҳикмат барои беақл аз ҳад зиёд баланд аст: назди дарвоза ӯ даҳони худро намекушояд. 8 Касе ки бадиро ният кунад, ӯро дасисакор меноманд. 9 Нияти беақлӣ гуноҳ кардан аст, ва масхарабоз барои одамон зишт аст. 10 Агар дар рӯзи тангӣ заифдил бошӣ, қуввати ту кам аст. 11 Онҳоеро, ки барои мамот гирифта шудаанд, халос кун, ва маҳкумони қатлро кошки маҳфуз медоштӣ! 12 Агар гӯӣ, ки «инро надонистаам», Санҷандаи дилҳо, охир, мефаҳмад, ва Нигаҳбони ҷони ту медонад, ва ба одам мувофиқи аъмоли вай подош медиҳад. 13 Эй писарам! Асалро бихӯр, чунки хуб аст, ва шаҳдро, чунки барои коми ту ширин аст; 14 Чунин аст омӯхтани ҳикмат барои ҷони ту: агар онро ба даст оварӣ, ояндае дорӣ, ва умеди ту барбод намеравад. 15 Эй шарир! Бар маскани одил камин нагир; оромгоҳи ӯро безобита накун, 16 Зеро ки одил ҳафт маротиба афтад ҳам, мехезад, вале шарирон гирифтори бало мешаванд. 17 Вақте ки душмани ту фурӯ ғалтад, шодӣ накун, ва ҳангоме ки вай ба нокомӣ дучор шавад, бигзор дили ту ба ваҷд наояд: 18 Мабодо Худованд инро бинад, ва ин дар назари Ӯ бад намояд, ва Ӯ ғазаби Худро аз вай бигардонад. 19 Аз бадкешон дар қаҳр нашав, ва аз шарирон ҳасад набар, 20 Чунки шахси бад оянда надорад: чароғи шарирон хомӯш мешавад. 21 Эй писарам! Аз Худованд ва подшоҳ битарс; бо исьёнгарон алоқа накун, 22 Чунки ногаҳон ҳалокаташон меояд, ва мусибатеро, ки аз ҷониби ҳар дуи онҳост, кист, ки бидонад? 23 Инҳо низ гуфтори хирадмандон аст: рӯйбинӣ кардан дар доварӣ хуб нест. 24 Касе ки ба шарир гӯяд: «Ту одил ҳастӣ», қавмҳо ба вай лаънат хоҳанд хонд, қабилаҳо аз вай нафрат хоҳанд кард, 25 Вале онҳое ки ӯро мазаммат мекунанд, хурсанд хоҳанд шуд, ва баракати хайрхоҳӣ бар онҳо хоҳад омад. 26 Касе ки бо суханони дуруст ҷавоб гардонад, лабҳоро мебӯсад. 27 Барои кори худ дар берун тадорук намо, ва онро дар киштзори худ ба тартиб овар, ва баъд хонаи худро низ бино бикун. 28 Ба зидди ёри худ шоҳиди ноҳақ набош; чаро бо лабҳои худ мехоҳӣ фиреб диҳӣ? 29 Нагӯй: «Чӣ гунае ки вай ба ман рафтор кард, ман низ ба вай ҳамон гуна рафтор мекунам; ба ин одам мувофиқи кирдораш подош медиҳам». 30 Аз киштзори шахси коҳиле мегузаштам, ва аз токзори одами беақл, 31 Ва инак, ҳамаи инро хорҳо зер кардааст, рӯяшро газна пӯшидааст, ва тавораи сангинаш вайрон шудааст. 32 Ва ман назар кардам, диққат додам, дидам, сабақ гирифтам: 33 «Андак хоб, андак ғанаб, андак даст дар бағал хобидан». 34 Вале бенавоии ту мисли роҳзан хоҳад омад, ва мӯҳтоҷии ту — монанди шахси яроқнок. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden