Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Масалҳо 23 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ БИСТУ СЕЮМ Давоми он. Дар бораи ҳикмати ҳаёт ва порсоӣ.

1 Вақте ки бо ҳоким ба хӯрок хӯрдан биншинӣ, ба он чи пеши назари туст, ба хубӣ диққат намо,

2 Ва корде дар ҳалқуми худ бимон, агар одами пурхӯр бошӣ:

3 Таомҳои лазизи ӯро тамаъ накун, чунки ин хӯроки назарфиреб аст.

4 Барои сарват ғун кардан заҳмат накаш; тадбирсозиҳои худро тарк намо.

5 Оё мехоҳӣ чашмони худро ба он бидӯзӣ, ва ҳол он ки он ғоиб шудааст? Зеро ки он барои худ болҳо месозад ва мисли уқоб ба осмон парида меравад.

6 Хӯроки бахилро нахӯр, ва таомҳои лазизи ӯро тамаъ накун,

7 Зеро, чӣ гунае ки ӯ дар дили худ мулоҳиза мекунад, худаш низ ҳамон гуна аст: «Бихӯр ва бинӯш!» — мегӯяд ӯ ба ту, вале дили ӯ бо ту нест.

8 Луқмае ки хӯрдаӣ, қай мекунӣ, ва суханони неки худро барбод медиҳӣ.

9 Ба гӯши аблаҳ гап назан, чунки аз суханони оқилонаи ту нафрат дорад.

10 Марзаи қадимиро накӯчон, ва ба киштзори ятимон дохил нашав,

11 Чунки Раҳокунандаи онҳо боқудрат аст: Ӯ даъвои онҳоро бо ту доварӣ мекунад.

12 Дили худро ба насиҳат моил намо, ва гӯши худро — ба суханони оқилона.

13 Аз бача ҷазоро дареғ надор; агар ӯро бо чӯб занӣ, намемирад:

14 Ту ӯро бо чӯб мезанӣ, ва ҷони ӯро аз дӯзах халос мекунӣ.

15 Эй писарам! Агар дили ту бохирад шавад, дили ман низ шод мегардад,

16 Ва ботини ман хурсанд мешавад, вақте ки лабҳои ту ба ростӣ сухан ронад.

17 Бигзор дили ту аз гуноҳкорон ҳасад набарад, балки аз онҳое ки ҳамеша тарсгори Худованд бошанд,

18 Чунки дар ҳақиқат оқибате ҳаст, ва умеди ту барбод нарафтааст.

19 Эй писарам! Бишнав ва хирадманд бош, ва дили худро ба роҳи рост ҳидоят намо.

20 Дар миёни мастон набош, ва дар миёни онҳое ки аз ҳад зиёд аз гӯштхӯрӣ лаззат мебаранд,

21 Чунки мастон ва пурхӯрон бенаво мешаванд, ва серхобӣ жандапӯш мегардонад.

22 Ба падари худ, ки туро ба дуньё овардааст, гӯш андоз; ва аз модари худ, барои пир шуданаш, нафрат накун.

23 Ростиро бихар ва онро нафурӯш; ҳикмат, хулқу адаб ва хирадро низ.

24 Падари шахси одил хурсандӣ мекунад, ва касе ки хирадмандро ба дуньё овардааст, аз вай шод мешавад.

25 Бигзор падари ту ва модари ту шод шаванд, ва касе ки туро ба дуньё овардааст, хурсандӣ кунад.

26 Эй писарам! Дили худро ба ман деҳ, ва чашмони ту бигзор роҳҳои маро риоят кунад,

27 Чунки фоҳиша ҷари чуқур аст, ва зани зинокор — чоҳи танг;

28 Вай яқинан мисли роҳзане камин мегирад ва хоинонро дар миёни мардум афзун мекунад.

29 Оҳ аз они кист? Воҳ аз они кист? Ситезаҳо аз они кист? Андӯҳ аз они кист? Ҷароҳатҳои бесабаб аз они кист? Ҷашмони сурхтоб аз они кист?

30 Аз они онҳоест, ки пайваста шароб менӯшанд, ва барои чашидани шароби дорувордор меоянд.

31 Ба шароб назар надӯз, ки чӣ гуна сурхча метобад, чӣ гуна дар қадаҳ мавҷ мезанад, чӣ гуна бемалол ба гулӯ меравад,

32 Лекин оқибат мисли мор мегазад, ва мисли афъӣ заҳр мезанад;

33 Чашмони ту манзараҳои аҷибу ғарибе мебинад, ва дили ту ба каҷгуфторӣ моил мешавад;

34 Ва ту мисли касе мешавӣ, ки дар миёнҷои баҳр хобида бошад, ва мисли касе ки бар сари сутуни киштӣ хобида бошад;

35 Ва мегӯӣ: «Маро заданд, вале дардро ҳис накардам; маро кӯфтанд, вале нафаҳмидам. Вақте ки бедор шавам, боз ва боз ҳамон чизро ҷустуҷӯ мекунам».

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan