Масалҳо 22 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ БИСТУ ДУЮМ Давоми он. Дар бораи номи нек. 1 Номи нек беҳ аз сарвати бузург, ва меҳрубонӣ беҳ аз нуқра ва тилло. 2 Сарватдор ва камбағал бо ҳамдигар вомехӯранд; ҳар дуяшонро Худованд офаридааст. 3 Шахси бофаросат мусибатро мебинад, ва пинҳон мешавад: вале соддадилон гузашта мераванд, ва ҷазо меёбанд. 4 Подоши фурӯтанӣ ва ҳудотарсӣ сарват ва ҷалол ва ҳаёт аст. 5 Хорҳо ва домҳо дар сари роҳи талбискор аст; касе ки аз онҳо дур шавад, ҷони худро нигаҳбонӣ мекунад. 6 Бачаро бо роҳе ки ба ӯ мувофиқ аст, тарбият намо; пир шавад ҳам, аз он дур намешавад. 7 Сарватдор бар камбағалон ҳукмронӣ мекунад, ва қарздор ғуломи қарзхоҳ мегардад. 8 Касе ки тухми бедодӣ корад, бадӣ медаравад, ва асои ғазабаш ӯро несту нобуд мекунад. 9 Сахӣ баракат меёбад, чунки аз нони худ ба камбағал медиҳад. 10 Масхарабозро бирон, ва ситеза дур мешавад, ва низоу нанг хотима меёбад. 11 Дӯсти покдил, ки лабҳои хуш дорад, подшоҳ ёри ӯст. 12 Чашмони Худованд донишро нигаҳбонӣ мекунад, вале суханони хоинро барҳам медиҳад. 13 Коҳил мегӯяд: «Шер дар берун аст, дар миёни кӯчаҳо кушта мешавам!» 14 Даҳони занони зинокор ҷари чуқур аст; касе ки ба нафрини Худованд гирифтор шуда бошад, дар он меафтад. 15 Беақлӣ ба дили навҷавон баста шудааст; чӯби адаб онро аз вай дур мекунад. 16 Касе ки камбағалро барои афзоиши сарвати худ истисмор кунад, ва касе ки ба сарватдор бахшиш диҳад, бенаво мешавад. 17 Гӯши худро хам карда, суханони хирадмандонро бишнав, ва дили худро ба таълими ман моил намо, 18 Зеро хуш аст, ки агар онҳоро дар ботини худ нигоҳ дорӣ, ва онҳо бар лабҳои ту низ бошад. 19 Барои он ки ба Худованд таваккал намоӣ, имрӯз туро низ огоҳ кардам. 20 Оё ба ту мақолҳоеро нанавиштаам, ки пур аз машваратҳо ва дониш аст, 21 То ки туро аз ҳақиқати суханони ростӣ огоҳ кунам, ва ту суханони ростиро ба фиристандагони худ бирасонӣ? 22 Бенаворо тороҷ накун, зеро ки вай бенавост; ва мискинро дар маҳкама озор надеҳ, 23 Чунки Худованд даъвои онҳоро доварӣ мекунад, ва ҷони тороҷгарони онҳоро ба тороҷ медиҳад. 24 Бо хашмгин ёр нашав, ва бо шахси тундмизоҷ алоқа накун: 25 Мабодо роҳҳои ӯро ёд гирӣ ва ҷони худро ба дом оварӣ. 26 Аз ҷумлаи касоне набош, ки дасти паймон медиҳанд ва барои қарзҳо зомин мешаванд. 27 Модоме ки ту чизе барои адо кардан надорӣ, пас чаро бистари туро аз таги ту бигирад? 28 Марзаи қадимиро, ки падарони ту муқаррар кардаанд, накӯчон. 29 Оё шахси дар кори худ чобукро дидаӣ? Вай назди подшоҳон меистад; назди сафилон намеистад. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden