Масалҳо 2 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ДУЮМ Давоми насиҳат. 1 Эй писарам! Агар гуфтаҳои маро бипазирӣ ва аҳкоми маро дар худ маҳфуз дорӣ, 2 Ба тавре ки гӯши худро ба шунидани ҳикмат роғиб ва дили худро ба хирад моил гардонӣ; 3 Агар донишро даъват намоӣ ва овози худро сӯи хирад баланд кунӣ; 4 Агар онро мисли нуқра орзу кунӣ ва мисли ганҷҳо ҷустуҷӯ намоӣ, — 5 Он гоҳ худотарсиро хоҳӣ фаҳмид ва дониши Худоро хоҳӣ ёфт, 6 Зеро ки Худованд ҳикмат мебахшад: дониш ва хирад аз даҳони Ӯст; 7 Барои росткорон зеҳнро маҳфуз медорад; барои ростравон сипар аст, 8 То ки роҳҳои адолатро риоя кунанд. Ва Ӯ тариқи порсоёни Худро нигаҳбонӣ менамояд. 9 Он гоҳ адолат ва инсоф ва ҳаққонияти ҳар тариқи некро хоҳӣ фаҳмид, 10 Зеро ки ҳикмат дар дили ту дохил хоҳад шуд, ва дониш ба ҷони ту писанд хоҳад омад, 11 Фаросат туро нигаҳбонӣ хоҳад намуд, хирад туро муҳофизат хоҳад кард, 12 То ки туро аз роҳи бад халос кунад, аз касе ки каҷгуфтор аст, 13 Аз онҳое ки тариқҳои ростро тарк мекунанд, то ки бо роҳҳои торикӣ равона шаванд, 14 Аз онҳое ки аз кирдори бад хурсанд мешаванд, аз рафтори бад ба ваҷд меоянд, 15 Ки тариқҳои онҳо каҷу килеб аст, ва онҳо дар роҳҳои худ каҷравӣ мекунанд. 16 То ки туро аз зани ғайр халос кунад, аз зани зинокоре ки гуфтори худро нарм мекунад, 17 Ки вай ёри ҷавонии худро тарк кардааст, ва аҳди Худои худро аз хотир баровардааст; 18 Хонаи вай сӯи мамот мебарад, ва роҳҳои вай — сӯи мурдагон; 19 Ҳар кӣ назди вай биёяд, бозгашт нахоҳад кард, ва ба роҳҳои ҳаёт дохил нахоҳад шуд. 20 Беҳтар аст, ки бо роҳи некон равона шавӣ, ва тариқҳои одилонро пайравӣ намоӣ, 21 Зеро ки росткорон сокини замин хоҳанд буд, ва беайбон бар он боқӣ хоҳанд монд, 22 Валекин шарирон аз замин маҳв хоҳанд шуд, ва хоинон аз он решакан хоҳанд гардид. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden