Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Масалҳо 19 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ НУЗДАҲУМ Давоми он. Аблаҳӣ ва коҳилӣ зарар дорад.

1 Бенавое ки бо роҳи рости худ равон аст, беҳ аз каҷгуфторе ки аблаҳ бошад.

2 Бепарвогии ҷон ҳам хуб нест, ва касе ки бо пойҳои худ шитобад, пешпо мехӯрад.

3 Беақлии одам роҳи ӯро каҷ мекунад, вале дили ӯ аз Худованд гиламанд мешавад.

4 Сарват ёрони бисьёрро ҳамроҳ мекунад, вале бенаво аз ёри худ ҷудо мешавад.

5 Шоҳиди козиб беҷазо намемонад, ва касе ки суханони дурӯғ бофад, раҳо намешавад.

6 Бисьёр касон дидори валинеъматро толибанд, ва ҳама ёри шахси инъомдеҳ ҳастанд.

7 Ҳамаи бародарони бенаво аз ӯ нафрат мекунанд, алалхусус ёронаш аз ӯ дур мешаванд; аз паи ваъдаҳошон медавад, аммо нестанд.

8 Касе ки ҳикмат пайдо кунад, ҷони худро дӯст медорад; касе ки хирадро нигоҳ дорад, файз меёбад.

9 Шоҳиди козиб беҷазо намемонад, ва касе ки суханони дурӯғ бофад, ба ҳалокат мерасад.

10 Ба аблаҳ айшу тараб намезебад, алалхусус ба ғулом — ҳукмронӣ бар мирон.

11 Ақли одам хашми ӯро бозмедорад, ва аз бадкорӣ чашм пӯшида гузаштан ҷалолати ӯст.

12 Ғазаби подшоҳ мисли ғурриши шери ҷавон аст, ва хусни таваҷҷӯҳи ӯ мисли шабнам аст бар алаф.

13 Писари аблаҳ фалокат аст барои падар, ва ситезаҳои зан мисли чак‐чаки шилқин аст.

14 Хона ва дороӣ мероси падарон аст, вале зани соҳибфаҳм аз ҷониби Худованд аст.

15 Коҳилӣ касро хоболуд мегардонад, ва шахси танбал гирифтори гуруснагӣ мешавад.

16 Касе ки аҳкомро риоя кунад, ҷони худро нигаҳбонӣ менамояд, вале касе ки ба роҳҳои худ беэътиноӣ кунад, ба ҳалокат мерасад.

17 Касе ки ба бенаво марҳамат кунад, ба Худованд қарз медиҳад, ва Ӯ мукофоти некии варо ба вай адо мекунад.

18 Писари худро ҷазо деҳ, ҳанӯз ки умеде ҳаст, ва аз гирьяи ӯ ҷони худро накоҳон.

19 Пурхашм албатта ҷазо мебинад, чунки агар ӯро раҳо намоӣ, боз ҳам ҷазо додан лозим мешавад.

20 Машваратро бишнав ва насиҳатро қабул намо, то ки оқибат ту хирадманд шавӣ.

21 Дар дили одам фикрҳо бисьёр аст, вале фақат нақши Худованд ба амал меояд.

22 Ифтихори одам эҳсонкории ӯст, ва бенаво беҳ аз шахси каззоб.

23 Худотарсӣ боиси ҳаёт аст, ва тарсгор дар некӣ сокин аст ва аз ҳар бадӣ эмин аст.

24 Коҳил дасти худро дар табақ меандозад, ва онро ҳатто ба даҳони худ намебарад.

25 Масхарабозро шаллоқ занӣ, соддадил ҳушьёр мешавад; оқилро мазаммат намоӣ, насиҳатро дарк мекунад.

26 Писари нанговар ва беор падарро тороҷ мекунад, ва модарро меронад.

27 Эй писарам! Шунидани пандро бас кун, агар аз суханони дониш дур мешуда бошӣ.

28 Шоҳиди сафил довариро тамасхур мекунад, ва даҳони шарирон талбисро фурӯ мебарад.

29 Қасосҳо барои масхарабозон муҳайёст, ва зарбу латҳо — барои ҷисми аблаҳон.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan