Масалҳо 17 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ҲАФДАҲУМ Давоми он. Муқоиса кардани некӣ ва бадӣ, ҳикмат ва аблаҳӣ. 1 Як бурда нони қоқ бо осоиштагӣ беҳ аз хонаи пур аз гӯшти қурбониҳо, ки серҷанҷол бошад. 2 Ғуломи соҳибфаҳм бар писари нанговар ҳукмфармо мешавад, ва дар миёни бародарон меросро тақсим мекунад. 3 Бӯта барои нуқра аст, ва кӯра — барои тилло; вале дилҳоро Худованд месанҷад. 4 Бадкеш ба лабҳои талбискор диққат мекунад; козиб ба забони фалокатбор гӯш медиҳад. 5 Касе ки бенаворо таҳқир кунад, Офаринандаи ӯро хорӣ медиҳад; касе ки аз ҳалокат шод шавад, беҷазо намемонад. 6 Тоҷи пирон писарони писаронанд, ва ҷалолати писарон — падару модари онҳо. 7 Забони калонгап ба нокас намезебад, алалхусус забони дурӯғгӯй — ба валинеъмат. 8 Инъом дар назари соҳибони он санги гаронбаҳост; ба ҳар сӯ рӯ оварад, муваффақият меёбад. 9 Касе ки гуноҳро рӯпӯш кунад, толиби муҳаббат аст; вале касе ки онро такроран хотиррасон намояд, дӯстонро аз ҳам ҷудо мекунад. 10 Як итоб ба оқил бештар таъсир мекунад, назар ба сад қамчин ба аблаҳ. 11 Шарир фақат фитнаро толиб аст, ва ба муқобили ӯ қосиди бераҳм фиристода мешавад. 12 Вохӯрдан бо хирси бачагумкарда барои одам беҳ аз вохӯрдан бо аблаҳ дар вақти беақлии вай. 13 Касе ки дар ивази некӣ бадӣ кунад, аз хонаи вай бадӣ дур намешавад. 14 Ибтидои нифоқ мисли рахнаи об аст: пеш аз он ки ҷанҷол авҷ гирад, онро тарк кун. 15 Сафедкунандаи шарир ва айбдоркунандаи одил — ҳар дуяшон ҳам назди Худованд зиштанд. 16 Чаро сарват дар дасти аблаҳ бошад? Барои харидани ҳикмат ӯ фаҳме надорад. 17 Дӯст ҳар вақт дӯст медорад, ва бародар барои рӯзи сахт таваллуд мешавад. 18 Одами беақл дасти паймон медиҳад ва ба ёри худ зомин мешавад. 19 Касе ки ҷанҷолро дӯст дорад, гуноҳро дӯст медорад; касе ки ҳавобаландона даҳон кушояд, толиби шикаст аст. 20 Каҷдил некӯӣ намеёбад, ва забони каҷгуфтор ба бало гирифтор мешавад. 21 Касе ки аблаҳро ба дуньё оварад, барои андӯҳи худи ӯст, ва падари фарзанди нокас шод намешавад. 22 Дили шод саломатӣ мебахшад, вале рӯҳи ғамгин иликро хушк мекунад. 23 Шарир ришваро аз кисаи бағалӣ мегирад, то ки роҳҳои инсофро таҳриф намояд. 24 Ҳикмат дар рӯ ба рӯи шахси оқил аст, вале чашмони аблаҳ дар ақсои замин аст. 25 Писари аблаҳ барои падари худ алам ва барои модари худ талхӣ мебошад. 26 Ҷарима ниҳодан бар одил низ хуб нест, алалхусус задани наҷибон аз барои росткорӣ. 27 Соҳиби дониш суханони худро бозмедорад, ва шахси хирадманд хунсард аст. 28 Беақл низ, агар хомӯш нишинад, хирадманд ҳисоб меёбад: касе ки лабҳои худро бандад, оқил аст. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden