Масалҳо 15 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ПОНЗДАҲУМ Ҳикмат наҷот аст. Гуноҳ ва аблаҳӣ ҳалокат аст. 1 Ҷавоби нарм ғазабро фурӯ менишонад, вале сухани сахт хашмро бармеангезад. 2 Забони хирадмандон донишро зебо мегардонад, вале даҳони аблаҳон беақлиро ифода мекунад. 3 Чашмони Худованд дар ҳама ҷост: бадон ва неконро мушоҳида менамояд. 4 Чарбзабонӣ дарахти ҳаёт аст, вале бадзабонӣ шикастагии рӯҳ аст. 5 Беақл ба насиҳати падари худ беэътиноӣ менамояд, вале касе ки мазамматро риоя кунад, бофаросат аст. 6 Дар хонаи одил сарват фаровон аст, вале дар ҳосили шарир машаққат аст. 7 Лабҳои хирадмандон донишро паҳн менамояд, вале дили аблаҳон чунин нест. 8 Қурбонии шарирон назди Худованд зишт аст, вале дуои росткорон писандидаи Ӯст. 9 Тариқи шарир назди Худованд зишт аст, вале пайрави адолатро Ӯ дӯст медорад. 10 Барои тарккунандаи тариқат сазои бад муҳайёст, ва бадхоҳи мазаммат мемирад. 11 Дӯзах ва Аваддон пеши назари Худованд аст, алалхусус дилҳои банӣ‐одам. 12 Масхарабоз дӯст намедорад, ки ӯро мазаммат кунанд; бинобар ин назди хирадмандон намеравад. 13 Дили шод чеҳраро зебо мегардонад, вале аз андӯҳи дил рӯҳ маъюс мешавад. 14 Дили оқил орзуманди дониш аст, вале даҳони аблаҳон аз беақлӣ ғизо мегирад. 15 Тамоми айёми мискин бад аст; вале дилхушро ҳамеша базм аст. 16 Дороии каме бо худотарсӣ беҳ аз ганҷи бузурги пурфитна. 17 Таоми сабзавот дар ҷое ки муҳаббат бошад, беҳ аз гови охурӣ, ки бо он адоват бошад. 18 Шахси тундмизоҷ нифоқ меандозад, вале собир ҷанҷолро сокит мекунад. 19 Роҳи коҳил монанди хорбаст аст, вале тариқи ростравон ҳамвор аст. 20 Писари бохирад падарро шод мекунад, вале одами аблаҳ аз модари худ нафрат дорад. 21 Беақлӣ барои аблаҳ шодмонист, вале шахси хирадманд бо роҳи рост меравад. 22 Бе машварат нақшаҳо вайрон мешавад, вале бо кӯмаки мушовирони бисьёр иҷро меёбад. 23 Шодӣ барои одам дар ҷавоби даҳони ӯст: чӣ хуш аст сухани бамавқеъ! 24 Тариқи ҳаёти соҳибфаҳм ӯро боло мебардорад, то ки аз дӯзахи поён дур шавад. 25 Хонаи мағруронро Худованд хароб мекунад, вале марзаи беваро устувор менамояд. 26 Қасдҳои бад назди Худованд зишт аст, вале суханони хуш барои Ӯ пок аст. 27 Ҳаромризқ хонаи худро вайрон мекунад, вале касе ки аз инъомҳо нафрат дорад, зист мекунад. 28 Дили одил барои ҷавоб додан фикру хаёл мекунад, вале даҳони шарирон бадиҳоро ифода менамояд. 29 Худованд аз шарирон дур аст, вале дуои одилонро мешунавад. 30 Нури чашмон дилро шод мекунад, хабари хуш устухонҳоро аз илик пур мекунад. 31 Гӯше ки панди ҳаётро шунавад, дар миёни хирадмандон ҷойгир мешавад. 32 Касе ки насиҳатро рад кунад, аз ҷони худ безор аст, вале касе ки пандро шунавад, ҳикмат пайдо мекунад. 33 Худотарсӣ интизоми ҳикмат аст, ва моқабли ҷалол фурӯтанист. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden