Масалҳо 14 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ЧОРДАҲУМ Давоми он. Ҳамд дар шаъни ҳикмате ки дар ҳаёти ҳаррӯза зоҳир мешавад. 1 Ҳикмати зан хонаи варо бино мекунад, вале зани аблаҳ бо дасти худ онро вайрон мекунад. 2 Касе ки бо роҳи рост равад, тарсгори Худованд аст, вале касе ки роҳҳояш каҷ аст, Ӯро хор медорад. 3 Дар даҳони аблаҳ навдаи ғурур аст, вале лабҳои хирадмандон онҳоро нигаҳбонӣ мекунад. 4 Агар барзаговҳо набошад, охур холист, вале аз қуввати барзагов маҳсулот бисьёр аст. 5 Шоҳиди амин дурӯғ намегӯяд, вале шоҳиди козиб суханони дурӯғ мебофад. 6 Масхарабоз ҳикмат меҷӯяд, ва намеёбад; вале барои оқил дониш осон аст. 7 Аз ҳузури шахси аблаҳ дур шав, вагар на лабҳои оқилонаро нахоҳӣ донист. 8 Ҳикмати шахси бофаросат — дар фаҳмидани роҳи ӯст; вале беақлии аблаҳон макр аст. 9 Беақлонро гуноҳ миёнарав аст, вале дар миёни росткорон — ҳусни таваҷҷӯҳ. 10 Дил талхии ҳиссиёти худро медонад, ва дар шодии вай бегонае иштирок надорад. 11 Хонаи шарирон вайрон мешавад, вале хаймаи росткорон нашъунамо меёбад. 12 Роҳе ҳаст, ки ба назари кас рост менамояд, вале оқибаташ роҳҳои мамот аст. 13 Дар вақти ханда ҳам баъзан дили кас дард мекунад, ва шодие ҳаст, ки оқибаташ андӯҳ аст. 14 Каҷдил аз роҳҳои худ сер мешавад, ва шахси нек — аз амалиёти худ. 15 Соддадил ба ҳар сухан имон меоварад, вале бофаросат ба ҳар қадами худ диққат медиҳад. 16 Хирадманд метарсад ва аз бадӣ дур мешавад, вале аблаҳ пурғурур ва худписанд аст. 17 Тундмизоҷ беаклӣ мекунад, ва шахси дасисакор нафратангез аст. 18 Насиби соддадилон беақлист, вале дониш тоҷи бофаросатон аст. 19 Бадон назди некон сархам меистанд, ва шарирон — пеши дарвозаҳои одилон. 20 Бенаво барои ёри худ низ нафратангез аст, вале сарватдор дӯстони бисьёре дорад. 21 Касе ки аз ёри худ нафрат дорад, гуноҳ мекунад, вале хушо касе ки хайрхоҳи мискинон аст! 22 Оё бадандешон гумроҳ намешаванд? Вале эҳсон ва ростӣ бо некандешон аст. 23 Дар ҳар кори сахт нафъе ҳаст, вале пургӯӣ фақат сӯи бенавоӣ мебарад. 24 Тоҷи хирадмандон сарвати онҳост; вале тавонгарии аблаҳон беақлист. 25 Шоҳиди ростгӯй ҷонҳоро халос мекунад, вале шоҳиди маккор суханони дурӯғ мебофад. 26 Дар худотарсӣ қалъаи мустаҳкаме ҳаст, ва вай барои фарзандонаш паноҳгоҳ мешавад. 27 Худотарсӣ чашмаи ҳаёт аст, ва аз домҳои мамот дур мекунад. 28 Шавкати подшоҳ дар бисьёрии қавм аст, ва шикасти амир дар камии қабила аст. 29 Собир пурхирад аст, вале зудранҷ беақлиро зоҳир месозад. 30 Дили ором ҳаёти ҷисм аст, вале ҳасад фасоди устухонҳост. 31 Касе ки бенаворо ба танг оварад, Офаринандаи ӯро хорӣ медиҳад, вале касе ки ба мискин марҳамат мекунад, Ӯро ҷалол медиҳад. 32 Шарир барои бадии худ рад карда мешавад, вале одил дар вақти мамоти худ низ ба Худо паноҳ мебарад. 33 Ҳикмат дар дили оқил қарор меёбад, вале он чи андаруни аблаҳон аст, ошкор мешавад, 34 Адолат қавмро сарбаланд мегардонад, вале гуноҳ нанги қабилаҳост. 35 Таваҷҷӯҳи подшоҳ бар бандаи соҳибфаҳм аст, вале хашми ӯ — бар каси нанговар. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden