Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Масалҳо 12 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ДУВОЗДАҲУМ Давоми он. Фарқи байни одил ва шарир.

1 Касе ки насиҳатро дӯст дорад, донишро дӯст медорад, вале касе ки аз мазаммат нафрат кунад, монанди ҳайвон аст.

2 Каси нек аз ҷониби Худованд ҳусни таваҷҷӯҳ меёбад; вале шахси дасисакорро Ӯ маҳкум мекунад.

3 Одамизод бо шарорат устувор намешавад, вале решаи одилон ноҷунбон аст.

4 Зани солеҳа тоҷи шавҳари худ мебошад, вале зани нанговар мисли фасоде дар устухонҳои ӯст.

5 Фикру хаёли одилон инсоф аст; вале тадбирсозиҳои шарирон макр аст.

6 Суханони шарирон камин аст барои хунрезӣ, вале даҳони росткорон онҳоро халосӣ медиҳад.

7 Ҳамин ки шарирон фурӯ ғалтанд, нест мешаванд, вале хонаи одилон қоим меистад.

8 Одамро аз рӯи ақлаш ситоиш мекунанд, вале каҷдил ба нафрат дучор мешавад.

9 Каси оддие ки ғуломе дорад, беҳ аз касе ки худро болонишин нишон медиҳад, вале мӯҳтоҷи нон аст.

10 Одил ба ҷони чорвои худ раҳм мекунад, вале марҳаматҳои шарирон бераҳмона аст.

11 Касе ки замини худро кор кунад, аз нон сер мешавад, вале касе ки аз паи корҳои ҳеҷу пуч шавад, беақл аст.

12 Шарир ҳавас дорад ба доми бадкешон дароварад, вале решаи одилон самар меоварад.

13 Гуноҳи лабҳо барои бадкеш дом аст, вале одил аз тангӣ берун меояд.

14 Аз самари даҳони худ кас аз некӯӣ сер мешавад, ва подоши аъмоли дастҳои одам ба ӯ бармегардад.

15 Роҳи аблаҳ дар назари худаш рост аст, вале касе ки машваратро шунавад, хирадманд аст.

16 Хашми аблаҳ дарҳол маълум мешавад, вале шахси бофаросат дашномро шунида, худдорӣ мекунад.

17 Каси ростгӯй адолатро баён мекунад, вале шоҳиди козиб — фиребро.

18 Баъзеҳо неши забон мезананд, ки мисли зарби шамшер аст, вале забони хирадмандон офият мебахшад.

19 Даҳони ростгӯй то абад қоим аст, вале забони дурӯғгӯй — то як чашм задан.

20 Дар дили бадандешон макр аст, вале дар дили оштидиҳандагон — шодӣ.

21 Ба одил ҳеҷ осеб намерасад, вале шарирон пур аз бадбахтӣ ҳастанд.

22 Даҳони дурӯғгӯй назди Худованд зишт аст, вале росткорон ба Ӯ мақбуланд.

23 Шахси бофаросат донишро пӯшида медорад, вале дили аблаҳон беақлиро зоҳир месозад.

24 Дасти ғайратмандон ҳукмфармо мешавад, вале танбал гирифтори хироҷи бандагӣ мегардад.

25 Ғуссаи дили одам ӯро фишор медиҳад, вале сухани меҳрубонона ӯро хурсанд мекунад.

26 Одил ба ёри худ роҳ нишон медиҳад, вале роҳи шарирон онҳоро дар иштибоҳ меандозад.

27 Танбал сайдашро бирьён намекунад, вале молу мулки одами ғайратманд гаронбаҳост.

28 Дар тариқи адолат ҳаёт аст, ва хати роҳи он лоямут аст.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan