Масалҳо 11 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ЁЗДАҲУМ Муқоиса кардани адолат ва шарорат. 1 Тарозуи нодуруст назди Худованд зишт аст, вале санги дақиқ ба Ӯ мақбул аст. 2 Ғурур биёяд, нанг ҳам меояд, вале ҳикмат бо фурӯтанон аст. 3 Беайбии ростдилон онҳоро роҳнамоӣ мекунад, вале каҷравии хоинон онҳоро ба ҳалокат мерасонад. 4 Сарват дар рӯзи ғазаб мадад намекунад, вале адолат аз мамот халосӣ медиҳад. 5 Адолати шахси беайб роҳи ӯро ҳамвор мекунад, вале шарир дар шарорати худ фурӯ меғалтад. 6 Адолати ростдилон онҳоро наҷот медиҳад, вале хоинон дар ҳирси худ гирифтори бало мешаванд. 7 Бо мурдани шахси шарир умеди вай барбод меравад, ва интизории ҷафокорон нест мешавад. 8 Одил аз мусибат халосӣ меёбад, ва шарир ба ҷои ӯ ба дом меояд. 9 Тамаллуқкор бо даҳонаш ёри худро фосид мекунад, вале одилон ба воситаи дониш раҳо мешаванд. 10 Ба некрӯзии одилон шаҳр шодӣ мекунад, ва ба ҳалокати шарирон — таронасароӣ. 11 Аз баракати росткорон шаҳр сарбаланд мегардад, вале аз даҳони шарирон хароб мешавад. 12 Касе ки аз ёри худ нафрат кунад, беақл аст, вале шахси хирадманд хомӯш мемонад. 13 Хабаркаш сирро ошкор мекунад, вале шахсе ки рӯҳан вафодор аст, ҳар чизро ниҳон медорад. 14 Тадбирсозӣ набошад, қавм фурӯ меғалтанд, вале наҷот аз машварати бисьёр аст. 15 Касе ки ба одами бегона зомин шавад, худаш зарар мебинад, вале касе ки аз замонат нафрат кунад, аз зарар эмин аст. 16 Зани нексиришт ҷалол меёбад, вале касони зӯрманд сарват меёбанд. 17 Шахси эҳсонкор ба ҷони худаш некӣ мекунад, вале каси дилсахт ҷисми худашро хароб мекунад. 18 Шарир музди ноҳақ пайдо мекунад, вале корандаи адолат — подоши ҳақиқӣ. 19 Адолатпарварӣ боиси ҳаёт мешавад, вале шароратпеша сӯи мамоти худ меравад. 20 Каҷдилон назди Худованд зиштанд, вале касоне ки роҳашон рост аст, ба Ӯ мақбуланд. 21 Яқин аст, ки бадкеш беҷазо намемонад, вале насли одилон раҳо мешавад. 22 Чӣ гунае ки ҳалқаи тилло дар бинии хук бошад, зани хушрӯй ва беақл он гуна аст. 23 Муроди одилон фақат некӯист; умедвории шарирон ғазаб аст. 24 Яке тақсим карда медиҳад, ва сарвати ӯ боз ҳам зиёд мешавад; вале дигаре аз ҳад зиёд сарфакор аст, ва сарвати ӯ торафт кам мешавад. 25 Ҷони сахӣ пурфайз мешавад, ва касе ки сероб кунад, худаш низ сероб мегардад. 26 Касе ки ғалларо аз фурӯш нигоҳ дорад, ӯро халқ лаънат мекунанд; вале бар сари ғаллафурӯш баракат меояд. 27 Касе ки шавқманди некӯист, ҳусни таваҷҷӯҳро меҷӯяд; вале касе ки толиби бадист, он бар сари худаш меояд. 28 Касе ки ба сарвати худ умед бандад, фурӯ меғалтад; вале одилон мисли барг месабзанд. 29 Касе ки рӯзгори хонаи худро хароб кунад, бод насибаш мешавад, ва аблаҳ бандаи шахси донодил мегардад. 30 Меваи одил дарахти ҳаёт аст, ва он ки ҷонҳоро ҷалб менамояд, хирадманд аст. 31 Модоме ки одил бар замин сазо меёбад, чӣ қадар бештар шарир ва гуноҳкор. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden