Масалҳо 10 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ДАҲУМ Шарорат беандешагист. Адолат ҳикмат аст. 1 Масалҳои Сулаймон. Писари бохирад падарро шод мекунад, вале писари аблаҳ сабаби андӯҳи модари худ мешавад. 2 Ганҷҳои шарорат фоида намебахшад, вале адолат аз мамот халосӣ медиҳад. 3 Худованд ҷони одилро гирифтори гуруснагӣ намекунад, вале ҳирси шариронро рад мекунад. 4 Дасти танбал касро бенаво мегардонад, вале дасти ғайратмандон онҳоро сарватманд мекунад. 5 Касе ки тобистон ғунучин кунад, писари бофаҳм аст, вале касе ки дар мавсими дарав хоб равад, писари нанговар аст. 6 Баракатҳо бар сари одил аст, вале даҳони шариронро зулм мепӯшонад. 7 Зикри одил муборак аст, вале номи шарирон зуд аз байн меравад. 8 Донодил аҳкомро қабул мекунад, вале аблаҳи даҳаньяла пешпо мехӯрад. 9 Касе ки бо тариқи рост равон аст, дар амният равон аст, вале касе ки роҳҳои худро каҷ кунад, сазои худро меёбад. 10 Касе ки чашмакӣ занад, сабаби дарду алам мешавад, вале аблаҳи даҳаньяла пешпо мехӯрад. 11 Даҳони одил чашмаи ҳаёт аст, вале даҳони шариронро зулм мепӯшонад. 12 Адоват нифоқҳо меандозад, вале муҳаббат ҳамаи гуноҳҳоро рӯпӯш мекунад. 13 Дар лабҳои оқил ҳикмат мавҷуд аст, вале чӯб барои тахтапушти беақл аст. 14 Хирадмандон донишро саришта мекунанд, вале даҳони аблаҳ таҳлукаи наздик аст. 15 Дороии сарватдор қалъаи мустаҳками ӯст; бенавоии камбағалон таҳлукаи онҳост. 16 Мукофоти амали одил барои ҳаёт аст; фоидаи шарир барои гуноҳ аст. 17 Касе ки насиҳатро риоя кунад, бо роҳи ҳаёт равон аст; вале касе ки мазамматро рад кунад, гумроҳ мешавад. 18 Касе ки адоватро рӯпӯш намояд, дурӯғгӯй аст, ва касе ки бӯҳтон занад, аблаҳ аст. 19 Сухани бисьёр аз гуноҳ фориғ нест, ва касе ки лабҳои худро боздорад, оқил аст. 20 Забони одил нуқраи холис аст, вале дили шарир ночиз аст. 21 Лабҳои одил касони бисьёрро ҳидоят мекунад, вале аблаҳон аз беақлӣ мемиранд. 22 Баракати Худованд сарватманд мекунад, ва ғаму ғуссае бо худ намеоварад. 23 Бадкирдорӣ барои аблаҳ мисли дилхушист, вале ҳикмат ба шахси хирадманд хос аст. 24 Биме ки шарир дорад, ба сари вай меояд, вале муроди одилон ҳосил мешавад. 25 Вақте ки гирдбод вазида гузарад, шарир нест мешавад, вале одил буньёди ҷовидонӣ дорад. 26 Чунон ки сирко барои дандонҳост ва дуд барои чашмҳо, ончунон коҳил барои фиристандагони худ мебошад. 27 Худотарсӣ айёмро меафзояд, вале солҳои шарирон кӯтоҳ мешавад. 28 Интизории одилон шодмонист, вале умедвории шарирон нест мешавад. 29 Роҳи Худованд барои шахси беайб истеҳком аст, вале барои бадкирдорон таҳлука аст. 30 Одил ҳаргиз фурӯ намеғалтад, вале шарирон сокини замин намешаванд. 31 Даҳони одил ҳикматро ифода менамояд, вале забони каҷгуфтор бурида мешавад. 32 Лабҳои одил суханони дилхоҳро медонад, вале даҳони шарирон — каҷгуфториро. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden