Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Марқӯс* 9 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ НӮҲУМ Дигаргун шудани Худованд.

1 Ва ба онҳо гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям: аз истодагон дар ин ҷо баъзе ҳастанд, ки то Малакути Худоро, ки бо қудрат меояд, набинанд, зоиқаи маргро нахоҳанд ҷашид».

2 Ва баъд аз шаш рӯз Исо Петрус, Яъкуб ва Юҳанноро ҳамроҳи Худ бурд ва онҳоро танҳо ба кӯҳи баланде баровард ва дар пеши назари онҳо дигаргун шуд:

3 Либосаш дурахшон ва чун барф бағоят сафед шуд, ки дар рӯи замин ҳеҷ шустагаре наметавонад чунон сафед кунад.

4 Ва Ильёс бо Мусо ба онҳо намоён шуда, бо Исо гуфтугӯ мекарданд.

5 Он гоҳ Петрус ба Исо гуфт: «Эй Устод! Дар ин ҷо будани мо некӯст; пас се чодар месозем: яке барои Ту, яке барои Мусо ва яке барои Ильёс».

6 Зеро намедонист, чӣ гӯяд: чунки ҳаросон буданд.

7 Ва абре пайдо шуда, бар онҳо соя андохт, ва овозе аз даруни абр баромад, ки мегуфт: «Ин аст Писари Маҳбуби Ман; Ӯро бишнавед».

8 Баногоҳ, чун ба атрофи худ нигаристанд, касеро ҷуз Исо назди худ надиданд.

9 Чун аз кӯҳ мефуромаданд, Исо таъкид намуд, ки то Писари Одам аз мурдагон эҳьё нашавад, он чи дидаанд, ба касе нагӯянд.

10 Ва онҳо ин суханро дар ёд дошта, аз якдигар мепурсиданд, ки аз мурдагон эҳьё шудан чӣ маънӣ дорад?

11 Ва аз Ӯ пурсиданд: «Чаро китобдонон мегӯянд, ки Ильёс бояд аввал биёяд?»

12 Ӯ ба ҷавоби онҳо гуфт: «Дуруст аст, ки Ильёс бояд аввал биёяд ва ҳама чизро соз кунад; ва Писари Одам, чунон ки дар бораи Ӯ навишта шудааст, ранҷи бисьёр бинад ва ҳақир шумурда шавад;

13 Лекин ба шумо мегӯям, ки Ильёс ҳам омад ва бо вай он чи хостанд, карданд, чунон ки дар бораи вай навишта шудааст».


Шифо ёфтани девона.

14 Чун назди шогирдонаш омад, мардуми бисьёрро гирди онҳо дид, ва китобдононро, ки бо онҳо мубоҳиса мекарданд.

15 Дарҳол тамоми мардум, чун Ӯро диданд, дар ҳайрат монданд ва давон‐давон омада, ба Ӯ салом доданд.

16 Ӯ аз китобдонон пурсид: «Бо инҳо чӣ мубоҳиса мекунед?»

17 Яке аз байни мардум ба ҷавоб гуфт: «Эй Устод! Писари худро назди Ту овардам, ки рӯҳе гунг дорад:

18 Ҳар ҷо, ки вайро бигирад, ба замин мезанад, вай кафк бароварда, дандонҳо бо ҳам месояд ва карахт мешавад; ба шогирдони Ту гуфтам, ки онро берун кунанд, натавонистанд».

19 Ӯ ба ҷавоби вай гуфт: «Эй насли беимон! То кай бо шумо бошам? То ба кай шуморо тоқат кунам? Вайро назди Ман биёред».

20 Вайро назди Ӯ оварданд. Чун Ӯро дид, рӯҳ вайро ба ларза андохт; вай ба замин афтода ва ғел зада, кафк баровард.

21 Ва аз падари вай пурсид: «Кай боз ба ин ҳолат гирифтор аст?» Гуфт: «Аз кӯдакӣ;

22 Борҳо вайро дар оташ ва дар об афканд, то вайро ҳалок кунад; лекин, агар метавонӣ, ба мо раҳм кун ва ёрӣ расон».

23 Исо ба вай гуфт: «Агар имон оварда тавонӣ, барои имондор ҳама чиз имконпазир аст».

24 Дарҳол падари кӯдак фарьёд зада, гирьякунон гуфт: «Имон меоварам, эй Худованд! Ба беимонии ман мадад кун».

25 Чун Исо дид, ки мардум сӯяш шитоб мекунанд, рӯҳи палидро мазаммат намуда, гуфт: «Эй рӯҳи гунг ва кар! Ба ту амр мефармоям, ки аз вай берун рав ва дигар дохили вай нашав».

26 Пас бонг зада, вайро сахт ба ларза андохта, берун рафт; вай монанди мурда гашт, ба тавре ки бисьёр касон гуфтанд, ки вай мурдааст.

27 Лекин Исо дасташро гирифта бархезонд; вай ба по истод.

28 Ва чун ба хона даромад, шогирдонаш аз Ӯ ба танҳоӣ пурсиданд: «Чаро мо онро берун карда натавонистем?»

29 Ба онҳо гуфт: «Ин ҷинс ба ҳеҷ ваҷҳ берун намеравад, ҷуз ба дуо ва рӯза».


Исо бори дуюм мамот ва эҳьёи Худро пешгӯӣ мекунад.

30 Ва аз он ҷо равона шуда, аз Ҷалил мегузаштанд; ва Ӯ намехост, ки касе Ӯро бишиносад.

31 Зеро шогирдони Худро таълим дода мегуфт, ки Писари Одам ба дасти одамон таслим карда хоҳад шуд, ва Ӯро хоҳанд кушт; чун кушта шуд, пас аз се рӯз эҳьё хоҳад шуд.

32 Лекин онҳо ин суханро нафаҳмиданд ва тарсиданд, ки аз Ӯ бипурсанд.


Иззатталабии шогирдон.

33 Ба Кафарнаҳум омад; чун дар хона буд, аз онҳо пурсид: «Дар роҳ бо якдигар дар чӣ хусус муҳокима мекардед?»

34 Онҳо хомӯш монданд, чунки дар роҳ бо якдигар муҳокима мекарданд, ки кист бузургтар.

35 Ӯ нишаста, он дувоздаҳро наздаш хонд ва ба онҳо гуфт: «Ҳар кӣ мехоҳад нахустин бошад, вопасин ва хизматгори ҳама шавад».

36 Пас кӯдакеро гирифта, дар миёни онҳо ба по гузошт ва, дар оғӯш кашида, ба онҳо гуфт:

37 «Ҳар кӣ яке аз ин гуна кӯдаконро ба исми Ман кабул кунад, вай Маро қабул мекунад; ва ҳар кӣ Маро қабул кунад, вай на Маро, балки Фиристандаи Маро қабул мекунад».


Рашки сохтаи шогирдон.

38 Он гоҳ Юҳанно гуфт: «Эй Устод! Мо касеро дидем, ки ба исми Ту девҳоро берун мекард, лекин моро пайравӣ намекард, ва мо вайро манъ кардем, чунки моро пайравӣ намекард».

39 Исо гуфт: «Вайро манъ накунед; зеро ҳеҷ касе нест, ки ба исми Ман мӯъҷиза бинмояду ба зудӣ дар ҳаққи Ман бад гуфта тавонад.

40 Зеро ҳар кӣ зидди мо нест, бо мост.

41 Ва ҳар кӣ ба исми Ман шуморо, аз он рӯ ки пайрави Масеҳ ҳастед, косаи обе бинӯшонад, ба ростӣ ба шумо мегӯям, мукофоти худро зоеъ нахохад кард.


Огоҳонидан аз васваса.

42 Ва ҳар кӣ яке аз ин тифлонро, ки ба Ман имон меоваранд, ба васваса андозад, барои вай беҳтар аст, ки санги осиёе бар гарданаш овехта, вайро дар баҳр афкананд.

43 Ва агар дастат туро ба васваса андозад, онро бибур: барои ту беҳтар аст, ки маъюб шуда ба ҳаёт дароӣ, аз ин ки бо ду даст ба дӯзах равона шавӣ, дар оташе ки хомӯшнашаванда аст,

44 Ки дар он ҷо кирми онҳо намемирад, ва оташ хомӯш намешавад.

45 Ва агар поят туро ба васваса андозад, онро бибур: барои ту беҳтар аст, ки ланг шуда ба ҳаёт дароӣ, аз ин ки бо ду по дар дӯзах андохта шавӣ, дар оташе ки хомӯшнашаванда аст,

46 Ки дар он ҷо кирми онҳо намемирад, ва оташ хомӯш намешавад.

47 Ва агар чашмат туро ба васваса андозад, онро бикан: барои ту беҳтар аст, ки якчашма шуда ба Малакути Худо дароӣ, аз ин ки бо ду чашм дар оташи дӯзах андохта шавӣ,

48 Ки дар он ҷо кирми онҳо намемирад, ва оташ хомӯш намешавад.

49 Зеро ҳар кас бо оташ намакин хоҳад шуд, ва ҳар курбон бо намак намакин хоҳад шуд.

50 Намак хуб аст; лекин агар намак шӯр набошад, бо чӣ шумо онро ислоҳ мекунед? Пас дар худ намак бидоред, ва бо якдигар муросо кунед».

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan