Марқӯс* 7 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ҲАФТУМ Аҳкоми Худо аз қоидаҳои инсонӣ болотар аст. 1 Фарисиён ва баъзе китобдонон, ки аз Ерусалим омада буданд, назди Ӯ ҷамъ шуданд; 2 Ва чун диданд, ки баъзе шогирдони Ӯ бо дастҳои нопок, яъне ношуста, нон мехӯранд, сарзаниш карданд. 3 Зеро ки фарисиён ва ҳамаи яҳудиён ба ривоятҳои муршидон пайравӣ намуда, то дастҳои худро бодиққат нашӯянд, хӯрок намехӯранд; 4 Ва чун аз бозорҳо оянд, то нашӯянд, чизе намехӯранд. Ва бисьёр расмҳои дигар ҳаст, ки нигоҳ медоранд: монанди шустани пиёлаҳо, кӯзаҳо ва курсиҳо. 5 Пас фарисиён ва китобдонон аз Ӯ пурсиданд: «Чаро шогирдони Ту ба ривоятҳои муршидон пайравӣ намекунанд, балки бо дастҳои ношуста нон мехӯранд?» 6 Ӯ ба онҳо ҷавоб дода гуфт: «Ишаъё дар бораи шумо, эй риёкорон, некӯ пайғом додааст, чунон ки навишта шудааст: „Ин мардум бо лабони худ Маро парастиш мекунанд, лекин дилашон аз Ман дур аст; 7 Пас Маро бар абас парастиш мекунанд, зеро ки таълимоту аҳкоми инсониро таълим медиҳанд“. 8 Зеро шумо ҳукми Худоро як сӯ гузошта, ривоятҳои инсониро, монанди шустани кӯзаҳо ва пиёлаҳо, нигоҳ медоред ва бисьёр расмҳои дигарро ба ҷо меоваред». 9 Ва ба онҳо гуфт: «Оё хуб аст, ки шумо ҳукми Худоро ботил мекунед, то ки ривояти худро риоя намоед? 10 Зеро Мусо гуфтааст: „Падару модари худро иззат намо“; ва: „Ҳар кӣ падар ё модари худро дашном диҳад, албатта ҳалок гардад“. 11 Лекин шумо мегӯед: „Ҳар гоҳ касе ба падар ё модари худ гӯяд: «Он чи аз ман нафъ ёбӣ, қурбон, яъне ҳадия барои Ҳудост»“, — 12 Ва баъд аз ин намегузоред, ки вай ба падар ё модари худ ягон чиз кунад, 13 Дар айни ҳол каломи Худоро бо ривояти худ, ки ҷорӣ сохтаед, бартараф менамоед; ва бисьёр расмҳои монанди инро ба ҷо меоваред». Одамро ба ҳузури Худо чӣ палид мекунад. 14 Ва он ҷамоатро назди худ даъват намуда, гуфт: «Ҳама ба Ман гӯш диҳед ва бифаҳмед. 15 Чизе нест, ки аз берун ба даруни одам даромада, вайро палид карда тавонад; балки чизе ки аз дарунаш баромада бошад, одамро палид мекунад. 16 Ҳар кӣ гӯши шунаво дорад, бишнавад!» 17 Ва чун аз назди ҷамоат ба хона даромад, шогирдонаш маънии ин масалро аз Ӯ пурсиданд. 18 Ӯ ба онҳо гуфт: «Оё шумо низ чунин бефаҳм ҳастед? Оё намедонед, ки ҳар чизе аз берун ба даруни одам дарояд, наметавонад вайро нопок кунад? 19 Зеро ба даруни дилаш намедарояд, балки ба шикамаш меравад ва аз он хориҷ мешавад, ва ба ин сурат ҳар хӯрок пок мегардад». 20 Баъд гуфт: «Он чи аз одам берун ояд, одамро нопок месозад; 21 Зеро ки аз даруни дили одам хаёлоти бад, зино, фисқ, катл, 22 Дуздӣ, тамаъ, кина, макр, ҳирс, чашми бад, куфр, ғурур ва ҷаҳолат пайдо мешавад. 23 Тамоми ин чизҳои бад аз дарун пайдо шуда, одамро палид мекунад». Исо ва зане ки аз Финиқияи Сурия буд. 24 Ва аз он ҷо равона шуда, ба худуди Сӯр ва Сидӯн расид; ва ба хонае даромада, нахост, ки касе Ӯро шиносад; лекин натавонист пинҳон монад. 25 Зеро зане ки духтараш рӯҳи палид дошт, хабари Ӯро шунид ва ҳамон дам омада, пеши пои Ӯ афтод; 26 Ва он зан юнонӣ, аз аҳли Финиқияи Сурия буд; ва аз Ӯ илтимос намуд, ки девро аз духтараш берун кунад. 27 Лекин Исо ба вай гуфт: «Бигзор аввал бачагон сер шаванд; зеро нони бачагонро гирифта, пеши сагон партофтан хуб нест». 28 Зан ҷавоб дода гуфт: «Оре, Худовандо; лекин сагон низ пасмондаҳои бачагонро зери суфра мехӯранд». 29 Ба вай гуфт: «Аз барои ин сухан бирав, ки дев аз духтарат берун шуд». 30 Чун зан ба хонаи худ омад, девро беруншуда ва духтарро бар бистар хуфта ёфт. Касе ки гӯши кар ва лакнати забон дошт, шифо ёфт. 31 Боз аз ҳудуди Сӯр ва Сидӯн баромада, Ӯ ба воситаи ҳудуди Декаполис сӯи баҳри Ҷалил равона шуд. 32 Назди Ӯ якеро оварданд, ки гӯши кар ва лакнати забон дошт, ва илтимос карданд, ки даст бар вай гузорад. 33 Вайро аз миёни ҷамоат ба хилват бурда, ангушти Худро дар гӯшҳои вай ниҳод ва туф карда, забонашро ламс кард; 34 Ва ба осмон нигариста, оҳе кашид ва ба вай гуфт: «Ифатаҳ», яъне: «Воз шав». 35 Дарҳол гӯшҳояш кушода ва гиреҳи забонаш яла шуда, ба дурустӣ сухан гуфт. 36 Ва ба онҳо таъин кард, ки ба касе хабар надиҳанд. Лекин ҳар чанд ба онҳо манъ мекард, онҳо бештар овоза мекарданд. 37 Ва бағоят ҳайрон монда, мегуфтанд: «Ҳар корро нағз мекунад: карҳоро шунаво ва гунгҳоро гӯё мегардонад». |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden