Марқӯс* 6 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ШАШУМ Исо аз нав дар Носира. 1 Аз он ҷо баромада, ба зодгоҳи Худ омад, ва шогирдонаш аз ақиби Ӯ омаданд. 2 Чун рӯзи шанбе расид, дар куништ ба таълим додан оғоз намуд, ва бисьёр шунавандагон дар ҳайрат монда, мегуфтанд: «Аз куҷост дар Ӯ ин чизҳо? Чӣ ҳикматест, ки ба Ӯ ато шудааст, ки чунин мӯъҷизот аз дасти Ӯ содир мегардад? 3 Оё ин ҳамон наҷҷор нест, ки писари Марьям ва бародари Яъкуб, Йӯсе, Яҳудо ва Шимъӯн аст? Оё хоҳарони Ӯ ин ҷо дар байни мо намебошанд?» Ва дар ҳаққи Ӯ ба васваса меафтоданд. 4 Лекин Исо ба онҳо гуфт: «Пайғамбар беқадр набошад, ҷуз дар зодгоҳи худ ва дар байни хешовандон ва дар хонаи худ». 5 Ва дар он ҷо ҳеҷ мӯъҷиза нишон дода натавонист, ҷуз он ки дастҳояшро бар чанд беморе ниҳода, онҳоро шифо дод. 6 Ва аз беимонии онҳо дар ҳайрат афтод. Дар деҳоти он музофот гашта, таълим медод. Исо 12 шогирдонро мефиристад, то ки мавъиза намоянд ва шифо диҳанд. 7 Пас он дувоздаҳро назди Худ хонда, ба чуфт‐ҷуфт фиристодани онҳо оғоз намуд ва ба онҳо бар арвоҳи палид қудрат дод. 8 Ва фармуд, ки барои роҳ ҳеҷ чизе бо худ, ҷуз асое, нагиранд: на тӯрбае, на ноне, на пуле дар камарбанд, 9 Балки чоруқе дар по кашанд ва ду пероҳан дар бар накунанд. 10 Ва ба онҳо гуфт: «Ҳар ҷо, ки ба хонае даромадед, то вақти сафар кардан дар он ҷо бимонед. 11 Ва ҳар ҷо, ки шуморо қабул накунанд ва ба сухани шумо гӯш надиҳанд, аз он ҷо берун рафта, ғубори пойҳои худро биафшонед, то шаҳодате бар онҳо гардад. Ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳолати Садӯм ва Амӯро дар рӯзи доварӣ аз он шаҳр саҳлтар хоҳад буд». 12 Онҳо равона шуда, ба мавъиза кардан оғоз намуданд, ки бояд тавба кард; 13 Бисьёр девҳоро берун карданд ва бисьёр беморонро равған молида шифо доданд. Қатли Яҳьёи Таъмиддиҳанда. 14 Чун подшоҳ Ҳиродус шунид, — зеро номи Ӯ шӯҳрат ёфта буд, — гуфт, ки Яҳьёи Таъмиддиҳанда аз мурдагон эҳьё шудааст, ва аз ин сабаб мӯъҷизот аз вай ба зуҳур меояд. 15 Баъзе мегуфтанд, ки ин Ильёс аст. Аммо баъзе мегуфтанд, ки ин пайғамбар аст ё чун яке аз пайғамбарон. 16 Лекин Ҳиродус, чун шунид, гуфт. «Ин ҳамон Яҳьёст, ки ман сарашро аз тан ҷудо кардам; вай аз мурдагон эҳьё шудааст». 17 Зеро Ҳиродус одам фиристода, Яҳьёро дастгир карда ба зиндон андохта буд, ба хотири Ҳиродия зани Филиппус бародараш, ки вайро ба никоҳи худ дароварда буд. 18 Зеро Яҳьё ба Ҳиродус гуфта буд: «Зани бародари худро ба никоҳ даровардани ту раво нест». 19 Пас Ҳиродия ба Яҳьё кина баста буд ва мехост ӯро ба қатл расонад, лекин наметавонист. 20 Зеро ки Ҳиродус аз Яҳьё метарсид, вайро марди одилу муқаддас медонист ва рӯихотир мекард; ба гапаш гӯш дода, бисьёр музтариб мешуд ва суханонашро ба хушӣ мешунид. 21 Фурсате расид, ки Ҳиродус ба муносибати рӯзи таваллуди худ барои мансабдорони худ, ба мириҳазорон ва калонтарони Ҷалил базме орост, — 22 Ва духтари Ҳиродия ба базм даромада рақсид, Ҳиродус ва ононеро, ки ҳамроҳаш нишаста буданд, шод намуд. Подшоҳ ба духтар гуфт: «Ҳар чӣ мехоҳӣ, аз ман талаб кун, онро ба ту бидиҳам». 23 Ва қасам ёд кард, ки «ҳар чӣ аз ман талаб кунӣ, ҳатто нисфи қаламрави ман бошад ҳам, ба ту медиҳам». 24 Духтар берун рафта, аз модари худ пурсид, ки «чӣ талаб кунам?» Модараш ҷавоб дод: «Каллаи Яҳьёи Таъмиддиҳандаро». 25 Вай дарҳол назди подшоҳ шитофт ва гуфт: «Мехоҳам каллаи Яҳьёи Таъмиддиҳандаро ҳамин дам дар табақе ба ман ҳадия кунӣ». 26 Подшоҳ басе ғамгин шуд; лекин барои поси савгандаш ва ба хотири ононе ки ҳамроҳаш нишаста буданд, хоҳиши вайро рад кардан нахост. 27 Дарҳол подшоҳ ҷаллодеро фиристода, фармуд, ки каллаи вайро биёрад; 28 Ҷаллод рафта, дар зиндон каллаи вайро аз тан ҷудо кард ва бар табақе ниҳода овард ва ба духтар дод, ва духтар онро ба модари худ дод. 29 Чун шогирдонаш шуниданд, омада, ҷасади вайро бардошта бурданду гӯр карданд. Баргаштани 12 ҳаввориён. 30 Ҳаввориён назди Исо ҷамъ омада, ҳар он чиро, ки ба ҷо оварда ва таълим дода буданд, ба Ӯ нақл карданд. 31 Ӯ ба онҳо гуфт: «Шумо ба танҳоӣ ба ягон ҷои хилват биравед ва каме истироҳат кунед». Зеро омаду рафт чунон бисьёр буд, ки фурсати нон хӯрдан ҳам надоштанд. Сер шудани панҷ ҳазор мард. 32 Пас ба танҳоӣ бо қаиқ ба ҷои хилват равона шуданд. 33 Чун мардум онҳоро равона диданд, бисьёре онҳоро шинохтанд; аз ҳамаи шаҳрҳо пиёда ба он сӯ шитофтанд ва аз онҳо пеш гузашта, назди Ӯ ҷамъ шуданд. 34 Исо берун омада, анбӯҳи мардумро дид ва ба онҳо раҳмаш омад, зеро онҳо мисли гӯсфандоне буданд, ки чӯпон надоштанд; ва онҳоро бисьёр таълим додан гирифт. 35 Азбаски вақт хеле гузашта буд, шогирдонаш назди Ӯ омада гуфтанд: «Ин ҷо ҷои хилват аст, вақт ҳам дер шуд; 36 Инҳоро ҷавоб деҳ, то ки ба қасабаю деҳоти ин музофот рафта, барои худ ноне бихаранд; зеро ки хеҷ хӯроке надоранд». 37 Ӯ дар ҷавобашон гуфт: «Шумо ба онҳо хӯрок диҳед». Ба Ӯ гуфтанд: «Магар мо рафта, ба дусад динор нон бихарем ва барои хӯрдани онҳо диҳем?» 38 Аз онҳо пурсид: «Чандто нон доред? Рафта бинед». Онхо дарьёфта, гуфтанд: «Панҷ нон ва ду моҳӣ». 39 Он гоҳ фармуд, ки ҳамаро даста‐даста бар сабза шинонанд. 40 Пас қатор‐қатор, саднафара ва панҷоҳнафара нишастанд. 41 Ӯ панҷ нону ду моҳиро гирифт ва ба осмон нигариста, баракат дод ва нонро пора карда, ба шогирдонаш дод, то пеши ҷамоат гузоранд; ду моҳиро низ ба ҳамаи онҳо тақсим кард. 42 Ҳама хӯрданду сер шуданд; 43 Ва аз пораҳои нон ва моҳӣ дувоздаҳ сабадро пур карда бардоштанд; 44 Хӯрандагони нон тақрибан панҷ ҳазор мард буданд. Исо бар баҳр қадам мезанад. 45 Дарҳол Ӯ шогирдонашро фармуд, ки ба қаиқ савор шуда, пеш аз Ӯ ба он соҳил сӯи Байт‐Сайдо равона шаванд, то Ӯ мардумро ҷавоб диҳад. 46 Ва чун онҳоро ҷавоб дод, барои дуо гуфтан бар фарози кӯҳе баромад. 47 Шомгоҳон қаиқ ба миёнаи баҳр расида буд, ва Ӯ танҳо бар хушкӣ буд. 48 Ва онҳоро дар рондани қаиқ бемаҷол дид, зеро ки боди мухолиф мевазид; наздики поси чоруми шаб бар баҳр қадам зада назди онҳо омад, ва мехост аз онҳо бигзарад. 49 Онҳо чун Ӯро диданд, ки бар баҳр қадам мезанад, гумон карданд, ки ин шабаҳ аст, ва фарьёд заданд. 50 Зеро ки ҳама Ӯро дида, ҳаросон шуданд. Дарҳол Ӯ ба онҳо хитоб карда, гуфт: «Ором бошед; ин Манам, ҳаросон нашавед». 51 Ва назди онҳо ба қаиқ даромад; бод низ сокит шуд. Ва онҳо бениҳоят дар ҳайрат афтоданд ва тааҷҷуб карданд. 52 Зеро ки мӯъҷизаи нонро дарк накарда буданд, чунки дилашон сахт буд. Исо назди баҳри Ҷинесор шифо медиҳад. 53 Ва аз баҳр гузашта, ба сарзамини Ҷинесор омаданд ва лангар андохтанд. 54 Чун аз қаиқ баромаданд, дарҳол мардум Ӯро шинохтанд. 55 Ва сар то сари он музофот шитофтанд ва беморонро бар тахтаҳо ниҳода, ба ҳар ҷо, ки мешуниданд Ӯ он ҷост, меоварданд. 56 Ва ба ҳар чо, ки Ӯ ба қасабаҳо ё шаҳрҳо ё деҳкадаҳо меомад, беморонро дар сари гузар мегузоштанд ва аз Ӯ илтимос менамуданд, ки фақат домани ҷомаи Ӯро ламс кунанд; ва ҳар кӣ ламс кард, шифо ёфт. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden