Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Марқӯс* 5 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ПАНҶУМ Шифо ёфтани девона дар Ҷадар.

1 Пас ба он канори баҳр ба сарзамини ҷадариён расиданд.

2 Чун аз қаиқ берун омад, дарҳол касе ки рӯҳи палид дошт, аз миёни гӯрҳо баромада, бо Ӯ рӯ ба рӯ шуд,

3 Ки бошишгоҳи вай мағоки гӯр буд, ва ҳеҷ кас наметавонист бо занҷир ҳам вайро бибандад;

4 Зеро ки борҳо вайро бо завлона ва занҷирҳо баста буданд, лекин занҷирҳоро канда ва завлонаҳоро шикаста буд, ва ҳеҷ кас наметавонист вайро ром кунад;

5 Ва ҳамеша, рӯзу шаб, дар кӯҳҳо ва дар миёни гӯрҳо фарьёд мекашид ва худро бо сангҳо мезад.

6 Чун Исоро аз дур дид, давон‐давон омада, ба Ӯ сачда кард.

7 Ва бо овози баланд фарьёд зада, гуфт: «Туро бо ман чӣ кор аст, эй Исо, Писари Худои Таоло? Туро ба Худо қасам медиҳам, ки маро азоб надиҳӣ!»

8 Зеро ки ба вай гуфта буд: «Эй рӯҳи палид, аз ин шахс берун шав».

9 Ва аз вай пурсид: «Номи ту чист?» Вай ҷавоб дод: «Номи ман легион аст, чунки мо бисьёрем».

10 Ва аз Ӯ бисьёр илтимос мекарданд, ки онҳоро аз он сарзамин берун накунад.

11 Ва дар чарогоҳи он кӯҳҳо галаи бузурги хукҳо мечарид.

12 Ва ҳамаи девҳо аз Ӯ илтимос карда, гуфтанд: «Моро ба хукҳо равона кун, то дар онҳо дохил шавем».

13 Исо дарҳол ба онҳо иҷозат дод. Ва арвоҳи палид берун шуда, ба хукҳо даромаданд ва он гала аз баландӣ якбора ба баҳр ҷаст, ва онҳо қариб ду ҳазор буданд ва дар баҳр ғарқ шуданд.

14 Ва хукбонҳо давида рафтанду дар шаҳр ва дар деҳот онро нақл карданд. Ва мардум барои дидани он моҷаро берун шитофтанд.

15 Ва назди Исо омада, он девонаро нишаста диданд, ки дар вай легион буд, ва либос пӯшидааст ва ақлаш солим гаштааст; ва ҳаросон шуданд.

16 Касоне ки дида буданд, саргузашти девонаро, ва он чиро, ки ба хукон рӯй дод, ба онҳо нақл карданд.

17 Ва аз Ӯ илтимос карданд, ки аз худуди онҳо берун равад.

18 Ва чун ба қаиқ савор шуд, он ки девона буд, аз Ӯ иҷозат пурсид, ки бо Ӯ бошад.

19 Аммо Исо иҷозат надод, балки ба вай гуфт: «Ба хона назди хешу табори худ бирав ва хабар деҳ аз он чи, ки Худованд бо ту кардааст, ва чӣ гуна ба ту раҳм намудааст».

20 Пас вай равона шуда, он чиро, ки Исо бо вай карда буд, дар Декаполис мавъиза кардан гирифт. Ва ҳама дар тааҷҷуб мемонданд.


Исо зани беморро шифо медиҳад ва духтари Ёирро зинда мекунад.

21 Чун Исо боз бо қаиқ ба он сӯи баҳр гузашт, мардуми бисьёре назди Ӯ ҷамъ омаданд, ва Ӯ дар канори баҳр буд.

22 Ва инак яке аз сардорони куништ омад, ки Ёир ном дошт, ва чун Ӯро дид, пеши пояш афтод

23 Ва аз Ӯ хеле илтимос карда, гуфт: «Духтари ман дар ҳолати назъ аст; биё ва даст бар вай гузор, то шифо ёбад ва зиндагӣ кунад».

24 Пас бо вай равона шуд, ва мардуми бисьёре аз паи Ӯ рафта, Ӯро фишор медоданд.

25 Як зане ки дувоздаҳ сол боз гирифтори хунравӣ буд,

26 Ва азоби бисьёре аз табибони зиёд кашида ва ҳамаи дороии худро сарф карда, ҳеҷ фоидае надида буд, балки аҳволаш торафт бадтар мешуд, —

27 Чун овозаи Исоро шунид, дар миёни он гурӯҳ аз қафо омада, либоси Ӯро ламс намуд;

28 Зеро гуфт: «Агар лоақал либоси Ӯро ламс кунам, шифо меёбам».

29 Ва дарҳол чашмаи хуни вай хушк шуд, ва дар ҷисми худ ҳис кард, ки аз касалӣ шифо ёфтааст.

30 Дар айни замон Исо дар Худ ҳис кард, ки куввае аз Ӯ берун рафт, ва ба мардум муроҷиат карда, гуфт: «Кист, ки либоси Маро ламс кард?»

31 Шогирдонаш ба Ӯ гуфтанд: «Мебинӣ, ки мардум Туро фишор медиҳанд, ва мегӯӣ: „Кист, ки Маро ламс кард?“»

32 Аммо Ӯ ба гирду пеш менигарист, то он занро, ки ин тавр амал кардааст, бубинад.

33 Он зан, чун донист, ки ба вай чӣ ҳодиса рӯй дод, тарсону ларзон омада, пеши Ӯ афтод ва тамоми ҳақиқатро ба Ӯ гуфт.

34 Ӯ ба вай гуфт: «Духтарам! Имонат туро шифо бахшид; ба саломатӣ бирав ва аз касалии худ дар амон бош».

35 Ӯ ҳанӯз сухан мегуфт, ки аз хонаи сардори куништ омада гуфтанд: «Духтарат мурд; боз барои чӣ Устодро заҳмат медиҳӣ?»

36 Аммо Исо ин суханонро шунида, ба сардори куништ гуфт: «Натарс, фақат имон овару бас».

37 Ва, ҷуз Петрус, Яъқуб ва Юҳанно бародари Яъқуб, касеро иҷозат надод, ки аз паяш равад.

38 Чун ба хонаи сардори куништ расид, азодоронро дар ҳолати изтироб дид, ки гирья ва навҳаи бисьёр мекарданд.

39 Ва даромадан замон ба онҳо гуфт: «Чаро дар изтироб афтодаед ва гирья мекунед? Духтар намурдааст, балки хуфтааст».

40 Ва онҳо бар Ӯ хандиданд, лекин Ӯ ҳамаро берун карда, бо падару модари духтар ва бо рафиқонаш ба ҳуҷрае ки духтар хобида буд, даромад.

41 Ва дасти духтарро гирифта, гуфт: «Талито‐қуми», ки маънояш ин аст: «Эй духтар, туро мегӯям, бархез».

42 Дарҳол духтар бархоста, равон шуд, зеро ки дувоздаҳсола буд. Онҳо хеле дар ҳайрат монданд.

43 Ва Ӯ онҳоро сахт таъкид карда, фармуд, ки касе аз ин огоҳ нашавад, ва гуфт, то хӯроке ба вай диҳанд.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan