Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Марқӯс* 2 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ДУЮМ Шифо ёфтани мафлуҷ.

1 Пас аз чанд рӯз Ӯ боз ба Кафарнаҳум омад; овоза шуд, ки Ӯ дар хона аст.

2 Дарҳол мардуми бисьёр ҷамъ омаданд, ба андозае ки назди дари хона низ дигар ҷой набуд; ва Ӯ ба онҳо сухан мегуфт.

3 Ва назди Ӯ бо мафлуҷе омаданд, ки вайро чор кас бардошта буданд;

4 Ва чун ба сабаби бисьёрии мардум ба Ӯ наздик омада натавонистанд, боми он ҷоеро, ки Ӯ буд, кушода шикоф карданд ва бистареро, ки мафлуҷ дар болояш хобида буд, поён фуроварданд.

5 Чун Исо имони онҳоро дид, ба мафлуҷ гуфт: «Эй фарзанд, гуноҳҳои ту омурзида шуд».

6 Баъзе китобдонон, ки дар он ҷо нишаста буданд, дар дили худ андеша доштанд,

7 Ки «чаро Ӯ ин тавр куфр мекунад? Ҷуз Худои ягона кист, ки гуноҳҳоро омурзида тавонад?»

8 Исо дарҳол бар тибқи рӯҳи Худ дарьёфт, ки онҳо чунин андеша доранд, ва ба онҳо гуфт: «Барои чӣ дар дили худ ин тавр андеша доред?

9 Кадомаш осонтар аст: ба мафлуҷ гуфтани он ки „гуноҳҳои ту омурзида шуд“, ё гуфтани он ки „бархез, бистари худро бардор ва равона шав“?

10 Лекин то бидонед, ки Писари Одам дар рӯи замин кудрати омурзидани гуноҳҳоро дорад», — ба мафлуҷ гуфт:

11 «Ба ту мегӯям: бархез, бистари худро бардор ва ба хонаи худ равона шав».

12 Вай дарҳол бархост ва бистари худро бардошта, дар пеши назари ҳама равона шуд, ба тавре ки ҳама ҳайрон шуданд ва Худоро сипоскунон гуфтанд: «Мисли инро ҳаргиз надидаем».


Даъват кардани Левӣ (Матто). Исо бо боҷгирон ва гуноҳкорон хӯрок мехӯрад.

13 Ва боз ба канори баҳр рафт; мардум ба назди Ӯ омаданд, ва Ӯ онҳоро таълим медод.

14 Ҳангоми рафтанаш Левӣ ибни Ҳалфойро дид, ки дар боҷгоҳ нишастааст, ва ба вай гуфт: «Аз паи Ман биё». Вай бархоста, аз паи Ӯ равона шуд.

15 Ва ҳангоме ки Ӯ дар хонаи вай нишаста буд, бисьёре аз боҷгирон ва гуноҳкорон низ бо Исо ва шогирдонаш менишастанд; зеро ки бисьёр буданд, ва Ӯро пайравӣ менамуданд.

16 Чун китобдонон ва фарисиён диданд, ки Ӯ бо боҷгирон ва гуноҳкорон хӯрок мехӯрад, ба шогирдонаш гуфтанд: «Чаро Ӯ бо боҷгирон ва гуноҳкорон мехӯраду менӯшад?»

17 Исо ин гапро шунида, ба онҳо гуфт: «На тандурустон, балки беморон ба табиб ҳоҷат доранд. Ман омадаам, ки на одилонро, балки гуноҳкоронро ба тавба даъват кунам».


Масъалаи рӯзадорӣ.

18 Шогирдони Яҳьё ва фарисиён рӯза медоштанд. Ва назди Ӯ омада гуфтанд: «Чаро шогирдони Яҳьё ва фарисиён рӯза медоранду шогирдони Ту рӯза намедоранд?»

19 Исо ба онҳо гуфт: «Оё аҳли кӯшки никоҳ, модоме ки домод бо онҳост, рӯза дошта метавонанд? То даме ки домод бо онҳост, наметавонанд рӯза доранд;

20 Лекин айёме хоҳад расид, ки домод аз онҳо гирифта шавад, ва дар он айём рӯза хоҳанд дошт.


Масалҳо дар бораи ҷома ва машк.

21 Ҳеҷ кас ба ҷомаи кӯҳна аз матои нав ямоқ намемонад: зеро ямоқи нав аз чизи кӯҳна ҷудо шуда, ҷои даридаи он боз ҳам бадтар мешавад.

22 Ва ҳеҷ кас шароби навро ба машки кӯҳна намеандозад: зеро шароби нав машкро медарад; шароб ҳам мерезад, машк ҳам талаф мешавад; балки шароби навро дар машки нав андохтан лозим аст».


Исо — Оғои рӯзи шанбе.

23 Ва чунин воқеъ шуд, ки Ӯ рӯзи шанбе аз киштзор мегузашт, ва шогирдонаш дар аснои роҳ ба хӯшачинӣ сар карданд.

24 Фарисиён ба Ӯ гуфтанд: «Бубин, онҳо дар рӯзи шанбе кореро чаро мекунанд, ки раво нест?»

25 Ӯ ба онҳо гуфт: «Магар ҳаргиз нахондаед, ки Довуд дар эҳтиёчмандӣ чӣ кард, ҳангоме ки вай ва ёронаш гурусна буданд?

26 Чӣ гуна вай дар айёми Абьётори саркоҳин ба хонаи Худо даромада, нони тақдимро хӯрд, ки хӯрдани он, ҷуз коҳинон, ба касе раво набуд, ва ба ёрони худ низ дод?»

27 Ба онҳо гуфт: «Шанбе барои инсон муқаррар шудааст, на инсон барои шанбе;

28 Бинобар ин Писари Одам оғои рӯзи шанбе низ мебошад».

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan