Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Марқӯс* 16 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ШОНЗДАҲУМ Эҳьёи Исо ва воқеаҳои ин рӯз.

1 Баъд аз гузаштани шанбе, Марьями Маҷдалия ва Марьяме ки модари Яъқуб буд, ва Салӯмит ҳанут хариданд, то рафта Ӯро тадҳин кунанд.

2 Ва саҳарии рӯзи якшанбе, чун офтоб тулӯъ кард, онҳо ба сари қабр омаданд,

3 Ва ба ҳамдигар мегуфтанд: «Сангро аз дари қабр барои мо кӣ меғелонад?»

4 Чун нигаристанд, диданд, ки санг ғелонда шудааст; ва ҳол он ки он бисьёр бузург буд.

5 Ва чун ба қабр даромаданд, ҷавонеро дар тарафи рост нишаста диданд, ки либоси сафед дар бар дошт; ва ҳайрон шуданд.

6 Вай ба онҳо гуфт: «Ҳайрон нашавед. Исои Носирии маслубро ҷустуҷӯ мекунед; Ӯ эҳьё шуд ва дар ин ҷо нест. Инак ҷое ки Ӯро ниҳода буданд.

7 Лекин рафта, ба шогирдони Ӯ ва ба Петрус гӯед, ки Ӯ пеш аз шумо ба Ҷалил меравад; Ӯро, чунон ки ба шумо гуфта буд, дар он ҷо ҳоҳед дид».

8 Ва зуд баромада, тозон аз пеши қабр рафтанд; онҳоро ларза ва даҳшат фаро гирифта буд, ва ба касе чизе нагуфтанд, зеро ки метарсиданд.


Фармоиш дар бораи вазифа.

9 Саҳарии рӯзи якшанбе эҳьё шуда, аввал ба Марьями Маҷдалия, ки аз вай ҳафт девро берун карда буд, зоҳир шуд.

10 Вай рафта, ба ҳамроҳони Ӯ, ки гирьёну нолон буданд, ҳабар дод;

11 Лекин онҳо, чун шуниданд, ки Ӯ зинда аст, ва Ӯро вай дидааст, — бовар накарданд.

12 Баъд аз он ба сурати дигар ба ду нафари онҳо, ки ба деҳа мерафтанд, дар роҳ зоҳир шуд.

13 Ва онҳо баргашта, ба дигарон ҳабар доданд; лекин ба онҳо низ бовар накарданд.

14 Ниҳоят ба он ёздаҳ, ки дар сари суфра нишаста буданд, зоҳир шуд ва онҳоро ба сабаби беимонӣ ва дилсахтиашон сарзаниш кард, зеро ба онҳое ки Ӯро эҳьёшуда дида буданд, бовар накардаанд.

15 Ва ба онҳо гуфт: «Ба тамоми олам биравед ва Инҷилро ба ҳамаи маҳлуқот мавъиза кунед.

16 Ҳар кӣ имон оварда, таъмид ёбад, наҷот ҳоҳад ёфт; лекин ҳар кӣ имон наоварад, маҳкум хоҳад шуд.

17 Ва ин аломот ҳамроҳи имондорон ҳоҳад буд: ба исми Ман девҳоро берун кунанд ва ба забонҳои нав сухан гӯянд;

18 Ва морҳоро гиранд; ва агар заҳри қотиле бихӯранд, ба онҳо осеб нарасонад; ва даст бар беморон ниҳанд, онҳо шифо ёбанд».


Сууди Исо.

19 Ва Худованд, пас аз он ки ба онҳо сухан гуфт, ба осмон сууд карда, ба ямини Худо нишаст.

20 Ва онҳо берун рафта, дар ҳар ҷо мавъиза мекарданд, ва Худованд ба онҳо мадад мерасонд ва бо аломоти баъдина каломро собит мегардонд.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan