Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Марқӯс* 15 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ПОНЗДАҲУМ Исо ба ҳузури Пилотус.

1 Бомдодон фавран саркоҳинон бо пирон ва китобдонон ва тамоми шӯрои пирон машварат карданд ва Исоро баста бурданду ба Пилотус таслим карданд.

2 Пилотус аз Ӯ пурсид: «Оё Ту Подшоҳи Яҳудиён ҳастӣ?» Ӯ ҷавоб дода гуфт: «Ту мегӯӣ».

3 Ва саркоҳинон Ӯро бисьёр айбдор мекарданд.

4 Пилотус боз аз Ӯ пурсид: «Ту ҳеҷ ҷавобе намедиҳӣ? Бингар, ки чӣ қадар Туро айбдор мекунанд».

5 Лекин Исо боз ҳеҷ ҷавоб надод, ба тавре ки Пилотус дар ҳайрат монд.


Исо не, балки Бараббос.

6 Дар ҳар ид вай як бандиро, ки мехостанд, барои онҳо озод мекард.

7 Бараббос ном касе бо шариконаш дар ҳабс буд, ки онҳо дар вақти исьён одам кушта буданд.

8 Ва мардум фарьёд зада, илтимос карданд, ки он чиро, ки ҳамеша барои онҳо мекард, ба ҷо оварад.

9 Вай ба ҷавоби онҳо гуфт: «Оё мехоҳед, Подшоҳи Яҳудиёнро барои шумо озод кунам?»

10 Зеро медонист, ки саркоҳинон Ӯро аз рӯи ҳасад таслим карда буданд.

11 Лекин саркоҳинон мардумро барангехта буданд, ки Бараббосро барои онҳо озод кунад, беҳтар аст.

12 Пилотус боз ба ҷавоби онҳо гуфт: «Пас чӣ мехоҳед бикунам бо он Касе ки Ӯро Подшоҳи Яҳудиён меномед?»

13 Онҳо боз фарьёд заданд: «Ӯро маслуб кун!»

14 Пилотус ба онҳо гуфт: «Ӯ чӣ бадӣ кардааст?» Лекин онҳо боз ҳам зиёдтар фарьёд заданд: «Ӯро маслуб кун!»

15 Пас Пилотус, мардумро хушнӯд карданӣ шуда, Бараббосро барои онҳо озод кард ва Исоро тозиёна зада, барои маслуб кардан таслим кард.


Тамасхур ва таҳқир кардани Исо.

16 Ва сарбозон Ӯро ба даруни ҳавлӣ, яъне ба сарбозхона бурданд ва тамоми фавҷро гирд оварданд;

17 Ва ҷомаи арғувон ба Ӯ пӯшонданд ва тоҷе аз хор бофта, бар сараш ниҳоданд;

18 Ва оғоз ба салом намуданд: «Салом, эй Подшоҳи Яҳудиён!»

19 Ва қамиш бар сараш заданд ва бар Ӯ туф карданд ва, зону зада, ба Ӯ таъзим карданд.

20 Пас аз он ки Ӯро басе истеҳзо карданд, ҷомаи арғувонро аз танаш кашида, либоси худашро пӯшонданд ва Ӯро берун бурданд, то маслубаш кунанд.

21 Ва роҳгузареро аз Қурин, ки Шимъӯн ном дошт ва падари Искандар ва Руфус буд ва аз саҳро меомад, маҷбур карданд, ки салиби Ӯро бардорад.

22 Ва Исоро ба ҷое бурданд, ки Ҷолҷолто, яъне «Ҷои косахонаи сар» ном дошт.

23 Ва шароби бо мур омехтаро барои нӯшиданаш доданд; лекин Ӯ нанӯшид.


Маслуб кардани Исо ва мамоти Ӯ.

24 Ононе ки Ӯро маслуб карданд, либоси Ӯро қуръа партофта тақсим карданд, то ҳар кас чизе бигирад.

25 Ва соати сеюм буд, ки Ӯро маслуб карданд.

26 Ва бар Ӯ чунин айбномае навишта шуда буд: «Подшоҳи Яҳудиён».

27 Бо Ӯ ду роҳзанро, яке аз дасти росташ ва дигаре аз дасти чапаш, маслуб карданд.

28 Пас ба амал омад он Навиштае ки мегӯяд: «Аз ҷинояткорон шумурда шуд».

29 Ва роҳгузарон Ӯро дашном дода ва сар чунбонда, мегуфтанд: «Эй! Ту ки маъбадро вайрон карда, дар се рӯз аз нав бино мекунӣ!

30 Худатро наҷот дода, аз салиб фурӯд ой».

31 Ҳамчунин саркоҳинон ва китобдонон Ӯро истеҳзо карда, ба якдигар мегуфтанд: «Дигаронро наҷот медод, лекин Худашро наҷот дода наметавонад!

32 Масеҳ, Подшоҳи Исроил, бигзор акнун аз салиб фурӯд ояд, то бубинем ва имон оварем». Ва онҳое ки бо Ӯ маслуб шуда буданд, Ӯро дашном медоданд.

33 Чун соати шашум расид, тамоми заминро то соати нӯҳум торикӣ фаро гирифт.

34 Ва дар соати нӯҳум Исо бо овози баланд фарьёд зада, гуфт: «Элӯҳӣ, Элӯҳӣ! Ламма сабақтанӣ?», яъне: «Худои Ман, Худои Ман! Чаро Маро тарк кардаӣ?»

35 Баъзе аз ҳозирон, чун шуниданд, гуфтанд: «Инак, Ильёсро меҳонад».

36 Пас шахсе шитоб карда, исфанҷеро аз сирко пур кард ва бар сари най ниҳода, ба Ӯ нӯшониданӣ шуд ва гуфт: «Биистед, бубинем, ки оё Ильёс меояд, то Ӯро фурӯд оварад?»

37 Лекин Исо садои баланде бароварда, ҷон дод.

38 Ва пардаи маъбад аз боло то поён дарида, ду пора шуд.

39 Мирисаде ки рӯ ба рӯи Ӯ меистод, чун дид, ки Ӯ бо чунин садо ҷон дод, гуфт: «Ба ростӣ ин Одам Писари Худо буд».

40 Якчанд зан низ буданд, ки аз дур нигоҳ мекарданд: аз он чумла Марьями Маҷдалия ва Марьяме ки модари Яъқуби кӯчак ва Йӯсе буд, ва Салӯмит,

41 Ки ҳангоми дар Ҷалил буданаш аз ақиби Ӯ мерафтанд ва ба Ӯ хизмат мекарданд, ва бисьёр занони дигар, ки ҳамроҳи Ӯ ба Ерусалим омада буданд.


Дафни Исо.

42 Ва чун шом шуд, зеро ки рӯзи ҷумъа, яъне бегоҳи шанбе буд,

43 Юсуф ном шахсе аз Ҳаромот, узви намоёни шӯро, ки худаш низ интизори Малакути Худо буд, омад ва ҷасорат карда назди Пилотус даромад ва Ҷасади Исоро талаб кард;

44 Пилотус дар ҳайрат афтод, ки Ӯ зуд фавтидааст; ва юзбоширо талабида, аз вай пурсид, ки оё фавтид?

45 Ва чун аз юзбошӣ фаҳмид, Ҷасадро ба Юсуф дод.

46 Вай катоне харида ва Ҷасадро аз салиб фуроварда, ба он катон печонд ва ба қабре ки дар дохили санг тарошида буд, ниҳод; ва сангеро бар дари қабр ғелонд.

47 Ва Марьями Маҷдалия ва Марьями модари Йӯсе диданд, ки куҷо гузошта шуд.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan